НАВРӮЗ. ПАЙДОИШ ВА ТАҲАВВУЛИ МУҲИМТАРИН ҶАШНИ ТАЪРИХӢ
Маълум аст, ки санадҳои таърихи бостон дар мавриди ҷашну маросими қавму миллатҳои гуногун баҳсбарангезанд, зеро далелҳо мухталифанд ва гоҳо бо воқеиятҳои таърихӣ мутобиқат намекунанд. Лекин суннати меросӣ далелу шоҳиди қатъитар барои исботи вуҷуди ҷашну маросими муайян ва таҷлили онҳо дар асрҳои пеш аз милод аст. Яке аз ҷашнвораи таърихии муҳим барои миллати тоҷик Наврӯз аст, ки бо кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ гирифтааст. Пас, ҳар тоҷику тоҷикистониро мебояд аз таърихи пайдоиш, ташаккул, таҳаввул ва таҷлили Иди Наврӯз маълумоти кофӣ дошта бошад.
Муҳаққиқони тоҷику форс, муаррихони ҳавзаи интишори Наврӯз ва пажӯҳишгарони қавму миллат ва динҳои гуногуни Шарқу Ғарб бар он назаранд, ки Наврӯз қабл аз даврони таърихи навиштаи башар ҷашн гирифта мешуд. Ҳавзаи паҳншавии он, аввалан дар фарҳанги мардумоне дида мешавад, ки зери таъсир ё ҳудуди шоҳаншоҳӣ ва ё фарҳанги ориёӣ қарор доштанд. Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҷашни Наврӯз ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода шуда, рӯзи “Ҳурмуз”-и моҳи фарвардин ҷашн мешуд. Дар сарчашмаҳои порсӣ Наврӯз асри II милодӣ ёд мешавад, вале таҷлили он аз сулолаи Ҳахоманишиён (тақрибан солҳои 648-330 пеш аз милод) шуруъ шудааст. Дар ин рӯз амирони сарзамини ориёӣ ба шоҳаншоҳ туҳфаҳо меоварданд.
Баъзе муҳаққиқон тахмин мезананд, ки Куруши Кабир соли 538 (пеш аз милод, ҳангоми ҳуҷум ба Бобул) Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Дар даврони Ашкониён ва Сосониён Наврӯз ду тақсим мешуд: Наврӯзи омма ва Наврӯзи хоса. Наврӯзи омма 5 рӯз: аз 1-ум то 5-уми фарвардин давом дошт. Наврӯзи хоса рӯзи 6-уми фарвардин (Хурдодрӯз) буда, дар 5 рӯз табақаҳои гуногуни ҷомеа (деҳқонон, руҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф) ба дидори шоҳ омада, арзу дод ва инъом мегирифтанд. Рӯзи 6-ум танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури ӯ меомаданд. Далелҳое мавҷуданд, ки даврони Сосонӣ солҳои кабиса риоят нагашта, дар ҳар чор сол Иди Наврӯз як рӯз аз мавқеи доимияш (оғози бурҷи Ҳамал) дертар қайд мешуд. Барои ҳамин дар ин даврон рӯзи Наврӯз собит набуд ва дар фаслҳои гуногуни сол меомад. Ардашери Бобакон, бунёдгузори силсилаи Сосониён, соли 230 милодӣ, аз давлати Рум хост то Наврӯзро ба расмият бишносад ва чунин ҳам шуд.
Дар Авасто оварда шудааст, ки рӯзи Наврӯз Сиёвуш аз ҷониби Афросиёб кушта шудааст. Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ рӯзи дафни Сиёвушро Наврӯз номиданд ва он ҳар сол ҳамчун ид қайд мешуд. Маълум аст, ки ин ид ҷанбаи анимистӣ низ касб карда буд. Дар рӯзи Наврӯз ҳиндуориёҳо руҳҳои гузаштагони хеш (фравашҳо)-ро ёд мекарданд. Дертар ин оин ба зардуштия интиқол ёфт, ки дини расмии Эрон гашт. Мувофиқи он, 10 рӯз пеш аз фарвардин арвоҳи гузаштагон ба замин фуруд омада, ба хонаи наздикони худ мераванд. Аз ин рӯ, хонабарориву пӯшидани либоси тоза, шамъгирониву хушбӯнамоии гирду атроф оғоз мешуд. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳои таърихӣ, аз ҳафт иде, ки зардуштиён ҷашн мегирифтанд, якеаш ба охири зимистон ва аввали баҳор рост меомад, ки бо номи иди “ёдоварии арвоҳи гузаштагон” машҳур аст. Ва ин ид дар шаби пеш аз баробарии шабу рӯз ҷашн гирифта мешуд. Яке аз хусусиятҳои он афрӯхтани оташ ва гусел кардани арвоҳ буд. Шаби пеш аз Наврӯз, дар дамодами субҳ, одамон бо афрӯхтани оташ дар қуллаи талу теппа ва бомҳои хонаҳо “фраваҳар”-ҳоро гусел карда, барои оромии онҳо дуову дуруд мефиристоданд ва хоҳиш мекарданд, то соли оянда биёянд.
Дар даврони Ҳахоманишиён (асри VI-IV пеш аз милод) ва Сосониҳо (асрҳои III-VII милодӣ) ҳар сол дар маъбадҳо бузургдошти оташ мегузашт ва дар хонаҳо шамъ афрӯхта мешуд.
Дар масири таърихи таҳаввули инсоният Наврӯз бо чанд дину мазҳабҳои гуногун рӯ ба рӯ гардид. Муҳаққиқон муътақиданд, ки пас аз ҷорӣ шудани дини ислом дар қаламрави Эрон бисёре аз ҷашнҳои порсҳо аз байн рафт, бар ҷуз аз Наврӯз ва Меҳргон. Барои баргузории ин ду ид ба дӯши ориёиҳо андозҳо таҳмил шуда буданд. Халифаҳои уммавӣ ва аббосӣ ин андозгузориро идома доданд, ҳарчанд ки худашон, баъзан, дар ин ҷашн иштирок мекарданд ва онро гиромӣ медоштанд. Дар “Таърихи Табарӣ” омадааст, ки халифа Муътазид мардуми Бағдодро аз оташафрӯзӣ ва обпошӣ барҳазар дошт, вале аз бими шӯриш фармонашро пас гирифт. Халифаҳои фотимӣ низ чандин бор оташафрӯзӣ ва обпоширо мамнуъ эълон карда буданд. Вале аз асри IV ҳиҷрӣ ба баъд дар Бағдод мардум дар овони Наврӯз либосҳои нав пӯшида, ба ҳамдигар ҳадияҳои гуногун мефиристоданд. Халифаҳои аббосӣ ҳадияҳои наврӯзиро машруъ дониста, аз он истиқбол мекарданд.
Ҷашни Наврӯз дар замони Сомониён мавқеи хоса пайдо намуд ва онро бо тамоми ҷузъиёташ дар ин даврон таҷлил менамуданд. Дар эҷодиёти шоирони он давра низ васфи баҳору Наврӯз хеле бонафосату рангин тасвир меёфт. Баъд аз асрҳои XII-XIII якбора бо иллати вусъат ёфтани идеологияи хурофотии руҳониёни мутаассиб ва ҳимояти онҳо аз ҷониби амирони қабоили турк, илму фарҳанг, тадриҷан, рӯ ба завол меовард. Ҳатто, барои таҷлили ҷашни Наврӯз ҳам бисёр монеаҳо эҷод мегардад, вале мардуми таҳҷоӣ – тоҷикон, нагузоштанд, ки ин падидаи фарҳанги миллиашон нобуд шавад ва аз саҳифаи таърих нопадид гардад. Дар даврони Салҷуқиён бо дастури Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ теъдоде аз ситорашиносон, аз ҷумла Умари Хайём, Наврӯзро дар аввали баҳор (вуруди Офтоб ба бурҷи Ҳамал) қарор доданд ва ҷойгоҳи онро собит намуданд. Бар асоси ин гоҳшуморӣ, ки ба “тақвими ҳилолӣ” маъруф шуд, барои собит мондани Наврӯз дар оғози баҳор, муқаррар шуд, ки ҳар чор сол (гоҳе ҳар панҷ сол) як бор адади рӯзҳои сол на 365, балки 366 рӯз дар назар гирифта шавад. Ин як навъ эҳёи Наврӯз буд.
Эҳёи дигари Наврӯз, хушбахтона, дар даврони истиқлоли давлатӣ сурат гирифт ва ин ҷашни миллии мо 30-юми сентябри соли 2009 аз ҷониби ЮНЕСКО, дар баробари 76 унсури маънавии аз тамоми ҷаҳон пешниҳодгашта, ба Феҳристи мероси маънавии башарият дохил шуд.
Бояд зикр дошт, ки ҳар як ҷашни аҷдодиамон як унсурро, ки таркиби чор унсурро ташкил медиҳанд, ба сифати унсури зиндагиофар ва ҷомеасоз эътироф кардаанд. Аз ҷумла, дар Ҷашни Наврӯз унсури асосӣ хок (замин) пиндошта мешавад, ки покиза нигоҳ доштан ва коркарди дурусти он маншаи фаровонии ҳосил мегардад. Дар Ҷашни Сада унсури меҳварӣ оташ, Ҷашни Тиргон об, Ҷашни Меҳргон бошад, ҳаво эътироф шудааст.
Дар маҷмуъ, дар таърихи фарҳанги тоҷикон ҳеҷ падидаи фарҳангие ба мисли Ҷашни Наврӯз дорои шумори рамзҳо ва суннатҳои ба ин андоза ғанӣ нест. Наврӯз падидаи комилан мифологӣ ва мазҳабӣ нест, балки як фарҳангест муназзаму том ва, пеш аз ҳама, падидаи табиии кайҳонӣ, рамзи бозгашт ба фасли нави зиндагӣ, оғози киштукори баҳорӣ. Барои он ҳамчун ҷашни тақвимӣ, парастиши замин, экологияи он ва умуман экологияи табиат муҳим аст. Аз ин рӯ, фалсафаи Наврӯз - фарҳанги ҳувиятсоз буда, фазои олами моддӣ ва маънавии мардумро муайян менамояд, ба он руҳияи хушбинӣ эҳдо менамояд. Зеро инсон бо тамоми арзишҳои созандаву гуманистиаш дар фикри ривоҷ додани арзишҳои Замин мебошад.
Наврӯз нишоне аз ғолибияти нур бар зулмат, рамзи офариниши дубораи табиат, эҳёи баҳор, муждаи шукуфа ва бориши борон, ҷашни киштукор, паёмовари ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ, нишонаи ҳувияти фарҳангӣ ва миллӣ мебошад. Наврӯз давоми муборизаи умумимиллӣ барои мондагорӣ ва рушди фарҳанги миллист, он пайвандгари гузашта, имрӯза ва ояндаи мардумони ҳалқаи Наврӯз буда, умед дорем, ки ҷовидона ҳамчун асоси ташаккули фарҳанги миллати мо ва ҷавҳари ҳифзу нигаҳдошти он хизмат хоҳад кард.
МАҲМАДИЗОДА Н. Д.,
директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Санаи нашр: 21.04.2025 №: 77
