ВАҲДАТИ МИЛЛӢ КАФИЛИ СУБОТУ ПЕШРАФТИ ВАТАН АСТ

22 апрел 2025, Сешанбе
12
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз файзи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз буҳронҳои ҷаҳонӣ ва вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодӣ дар олам, ҳамасола ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад ва заминаҳои зиндагии осудаву арзанда ва сулҳу суботро таҳким мебахшад. Зеро Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва рушди озодона ба ҳар як инсонро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати дохилии худ эълон кардааст.
Имрӯз назар ба сӣ соли қабл сатҳи зиндагӣ ва шароити иҷтимоии мардуми мо ба таври қиёснашаванда боло рафтааст. Бо итминон метавон гуфт, ки дигар ягон хонаводаи тоҷик мушкили нарасидани нон надорад. Имрӯз қариб ҳар хонавода соҳиби манзили ободу хони пур аз неъмат ва мошини шахсист. Ҳамчунин, дар ҳама шаҳру деҳоти Тоҷикистон, ҳатто рустоҳои дурдаст, мактабҳои барҳавову муосир, беморхона ё бунгоҳҳои тиббӣ, толорҳои варзишии ҷавобгӯ ба талабот ва кӯдакистонҳо бунёд гашта, шароити иҷтимоии мардум бамаротиб беҳтар гаштааст.
Вале ҳанӯз ҳам татбиқи ҳадафҳои олӣ дар пешанд. Барои расидан ба чунин ҳадафҳо ва тараққиёти минбаъда татбиқи стратегияву барномаҳои рушди миллӣ мо, қабл аз ҳама, ба ҳамдиливу иттиҳод, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ниёзд дорем. Ваҳдати миллии мо бояд чунон қавиву устувор бошад, ки дигар дар ҷомеа барои камтарин ихтилоф ва норизоӣ ҷой намонад, зеро ҳамдиливу суботи комил омили аслӣ ва заминаи бунёдии пешрафти ҳар миллату давлат аст. Дар таърих борҳо исбот гаштааст, ки миллатҳо бо муттаҳидӣ ва ваҳдатмадорӣ ба бунёди ҷомеаҳои мутамаддин муваффақ шудаанд, аммо бар хилофи ин, низоъ ва парокандагӣ сабаби аз байн рафтани ҳатто қудратмандтарин империяҳо гаштааст.
Ҳамон тавре таърих шаҳодат медиҳад, сабаби аслии пош хӯрдани империяи бузурги Рим ва кишварҳои зиёди дигар, маҳз парокандагӣ ва ихтилофи дохилӣ будааст. Коршиносон иттиҳоди миллиро яке аз муҳимтарин омилҳои таъсиргузор дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакатҳои Ҷопону Олмон медонанд, зеро ин кишварҳо баъд аз раҳоӣ аз гирдоби ҷангҳои вайронгар аз миёнаҳои қарни гузашта маҳз бо ҳамбастагӣ, баҳамоӣ ва ваҳдати миллӣ тавонистанд давлати худро дубора барқарор кунанд. Имрӯз ҳамин баҳамоии миллӣ Ҷопону Олмонро ба кишварҳои пешрафтаи саноативу технологӣ табдил додааст.
Маълум аст, ки ҳама дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба туфайли амнияти комил ва ваҳдати сартосарӣ ба даст омадаанд. Аз ин рӯ, ба қадри оромию офият расидан камоли хирадмандӣ мебошад ва мояи асосии ҳама гуна рушду пешрафт.
Имрӯз дар ҷаҳони пуртазод ва таҳаввулоти босуръат зарурати ҳифзи иттиҳоду ваҳдати миллӣ беш аз пеш эҳсос мешавад. Яке аз муассиртарин роҳҳои таҳкими истиқлол ва ваҳдати миллӣ он аст, ки ҳар шаҳрванд худро ба сифати як ҷузъи кишвараш амиқан дарк намуда, манфиатҳои олии давлатӣ ва миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузорад, таъмини ягонагии миллиро вазифаи ҷонии худ ва тамоми ҷомеа дониста, дар роҳи ҳимояи манофеи умумимиллӣ саъю кӯшиши пайваста нишон диҳад.
Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи мо, қатъи назар аз он ки андешаҳои носолими чунин шахсонро ҷомеа қабул надорад, баъзе дасисакороне ҳастанд, ки бо суиистифода аз фазои озоди демократии мамлакат ба коштани тухми нифоқу адоват даст мезананд. Миёни ҷомеаи мо андешаҳои ифротӣ, фундаментализми динӣ, ҷудоандозиву ҷудоиталабӣ ва ҳамдигарбадбиниро паҳн кардан мехоҳанд. Онҳо худро ҳомии дину адолат нишон доданӣ мешаванд, аммо ҳадафи аслияшон дубора ба ҷангу хунрезӣ кашидани Тоҷикистони азизи мост, зеро ин тоифа ба як пули пучак Ватану модару оилаи худро мефурӯшанду мижаашон хам намехӯрад.
Бояд ҳифзи сулҳу субот, на танҳо вазифаи Ҳукумат, ниҳодҳои қудративу интизомӣ, балки масъулияти ҷонии ҳар шаҳрванд, аз деҳқони хокпош то тоҷири сарватманд шинохта шавад, зеро маҳз сулҳу субот дар кишвар аст, ки тиҷорати як соҳибкор равнақ меёбад ва маҳз сулҳ ҳаст, ки деҳқон ҳосили киштаашро бе талаф ба даст меоварад. Агар сулҳу субот аз байн равад, сарвати тоҷир дар як шаб тороҷ ва ҳосили заҳмати деҳқон дар як рӯз поймол мешавад.
Паҳлуи дигари масъала ин аст, ки агар шаҳрвандон маърифати баланди сиёсӣ надошта бошанд, дар байни онҳо ваҳдату якдилии устувор ба вуҷуд намеояд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ҳамарӯза барои баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа ва тақвияти ваҳдату якдилии халқи сарзамини хеш тамоми нерую имкониятҳои хешро истифода барем.
Муллоалӣ АЛИЕВ, коршинос
Санаи нашр: 22.04.2025 №: 78