БАРОИ ВАТАН, ҒАЛАБА ВА СУЛҲ
Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки дар таърихи башар ҳамчун набарди озодихоҳии мардуми сулҳпарвари дунё, махсусан Иттиҳоди Шуравӣ бар зидди фашизми ҳитлерӣ сабт гаштааст, як ҳиссаи бузурги Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1939-1945 ба ҳисоб меравад. Мақсади Ҳитлер барҳам задан ва аз байн бурдану ба мустамликаи худ табдил додани нахустин давлати коргарону деҳқонон – Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ буд, ки 15 ҷумҳурии бародарӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Молдова, Беларус, Россия, Украина, Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Латвия, Литва ва Эстонияро ба ҳам муттаҳид мекард. Аз рӯи маълумоти Энсиклопедияи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки зери таҳрири генерали артиш, профессори илми таърих М.Козлов соли 1985 дар Москва ба нашр расидааст, бармеояд, ки барои иҷрои нақшаи разилонааш Ҳитлер бо ҳаммаслаконаш дар сарҳади ИҶШС (СССР) 190 дивизияи дорои 4300 танк, 47,2 ҳазор тӯпу миномёт, 4980 ҳавопаймоҳои қиркунандаву бомбаандоз, 190 киштии ҷангӣ ва 5,5 миллион ҷангҷӯ ҷамъ овард ва субҳи якшанбе, 22-юми июни соли 1941 аҳдшиканона ба хоки Иттиҳоди Шуравӣ ҳамла кард. Чаро фашистҳои Олмонро аҳдшикан меноманд? Барои он ки Созишномаи ба ҳам ҳуҷум накарданро, ки байни Ҳукумати шуравӣ ва Олмон дар соли 1939 баста шуда буд, шикастанд.
Дар давраи якуми ҷанг, ки аз 22-юми июни соли 1941 то 18-уми ноябри соли 1942-ро дар бар мегирад, урдуи истилогарони немисҳои фашист аз 300 то 450 километр ба умқи ҳудуди шуравӣ даромада, то ба остонаи шаҳри Москва расид ва ҷумҳуриҳои назди баҳри Балтик, Беларус, Молдова, як қисми Украина, Қрим, Қафқозро забт кард. Ленинград (Санкт-Петербург) пурра дар муҳосира монд.
Дар чунин вазъияти басо муташанниҷ халқи ҷумҳуриҳои бародарӣ ба мудофиаи Ватани ягона бархост. Мардуми меҳанпарасти Тоҷикистон низ бетараф намонд. Дар рӯзи нахустини ҷанг ҳазорҳо нафар ҷавонон ба дари комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо омада, хоҳиши ба ҷабҳа рафтан мекарданд. Дар соли 1941 дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) зиёда аз 85 ҳазор аҳолӣ мезист ва аз се нафар яке ба даст яроқ гирифт. Дигарон дар зиёда аз 20 корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулот машғул шуданд. Дар солҳои минбаъдаи ҷанг бештари коргарони коргоҳҳои саноатӣ пирон, писарону духтарон ва бонувон буданд. Корхонаҳои саноатии зиёд аз Харков, Одесса, Ленинград, Днепропетровск ва ғайра ба Душанбе кӯчонда шуданд ва нисфи коргарони онҳоро душанбегиҳо ташкил медоданд. Дар пойтахти тоҷикон бист госпитал бо 3,5 ҳазор ҷой дар хизмати маҷруҳон қарор дошт. Умуман, аз Тоҷикистон, ки мутобиқи маълумоти барӯйхатгирии соли 1939-ум 1 миллиону 485 ҳазор аҳолӣ дошт, зиёда аз 300 ҳазор нафар бо амри дилу виҷдон ба дифои Ватан бархост. Онҳое, ки дар ақибгоҳ буданд, ба фронт маводи кишоварзию чорво, ғалладона, меваи хушк мефиристонданд. Тамоми корхонаҳои саноатӣ барои фронт маҳсулот, аз қабили сарулибос, лавозимоти ҷангӣ, абрешим, консентратҳо истеҳсол мекарданд. Аз соли 1941 то январи соли 1946 дар Тоҷикистон зиёда аз 20 заводу фабрика маҳсулоти ҳарбӣ мебаровард, ки 70 дарсади коргаронаш занону духтарон буданд. Масоҳати замини кишт дар давраи ҷанг 16, 4 ҳазор гектар афзуд ва истеҳсоли пахта аз 500 ҳазор тонна гузашт.
Моҳи октябри соли 1941 аз Тоҷикистон ба ҷабҳа дивизияи 20-уми кӯҳгарди савораи дорои ордени Ленин, ки дар барқарорсозии ҳукумати коргару деҳқон шуҳрат ёфта буд, барои мудофиаи шаҳри Москва сафарбар гардид. Ин дивизияи шуҳратманд, ки қисми зиёди аскарону афсаронаш тоҷикон ва дастпарварони Тоҷикистон буданд, фашистонро аз остонаи пойтахти мамлакати шуравӣ ронда, то ба Берлин расида, парчами Ғалабаро дар Рейхстаг устувор намуд. Дар муҳорибаи Сталинград сарбозони дивизияи савораи 61-ум, ки дар Тоҷикистон ташкил гардид, диловарона ҷангида, аз худ қаҳрамониҳо нишон доданд, -- омадааст дар Энсиклопедияи болозикр. Иштирокдори муҳорибаи Сталинград Ҳалим Раҳимов, аз Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Вахш (ҳоло ин Ҷамоат дар ҳудуди Кӯшониён аст), ки солҳои зиёд директори яке аз корхонаҳои саноати сабуки шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) буд, дар вохӯриҳо бо ҷавонон мегуфт, ки мо зери шиори «Сталинобод -- Сталинград – Берлин» бо фашистон меҷангидем. Устод Фотеҳ Ниёзӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон, як боби романи «Вафо»-ро ба муҳорибаи Сталинград бахшида, диловарии размандагони тоҷикро воқеъбинона тасвир кардааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки ба ғайр аз Фотеҳ Ниёзӣ дар ҷабҳа адибону олимони зиёд, аз ҷумла устод Сотим Улуғзода, Муҳаммад Осимӣ, Воҳид Асрорӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Аширмат Назаров, Ҳаким Карим, Ҳоҷӣ Содиқ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Лутфулло Бузургзода ва дигарон корномаҳо нишон додаанд. Онҳое, ки аз ҶБВ сарбаланд баргаштанд, дар пешрафти илму адабиёт ва санъат саҳми шоиста гузоштанд. «Танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба майдони муҳориба даъват ва сафарбар карда шуд», – зикр намуданд дар паёми шодбошӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 9-уми майи соли 2024. Беш аз 100 ҳазор ҷанговари тоҷикистонӣ баҳри зиндагии шоистаи имрӯзи мо ҷон фидо намуд. Зиёда аз 45 ҳазор нафар мардони тоҷик дар корхонаҳои саноатии Россия дар сафи баталиони коргарӣ заҳмат кашид. Дар бораи шароити кори онҳо дар хунукиҳои Сибир романи устод Фотеҳ Ниёзӣ «Сарбозони бесилоҳ» маълумоти фаровоне дорад. Аз ин ҷанги шадидтарин, ки то ин вақт таърихи инсоният надида буд, 54 тоҷикистонӣ бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 15 сарбозу афсар бо ордени Шараф дараҷаҳои 1, 2 ва 3 ва 56 ҳазор иштирокдори муҳорибаҳои хунин аз аскари қаторӣ то генерал бо ордену медалҳо ба Тоҷикистони биҳиштосо бо сари баланд баргаштанд ва минбаъд дар шукуфоии Меҳани азиз бо заҳмати бесобиқа аз худ ёдгориҳо гузоштанд.
Имрӯз собиқадорони ҶБВ дар Тоҷикистон чанд нафаре дар ҳаётанд. Онҳое, ки ба дунёи боқӣ пайвастаанд, ҳамеша дар ёди мо ва ояндагон мемонанд. «Муҷассамаи Ғалаба», ки пардабардориаш баъди навсозӣ 8-уми майи соли 2024 дар боғи «Ғалаба»-и пойтахт бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор шуду ҳоло зиёратгоҳи ҳазорҳо нафар ҷавонони саодатманди кишвар гардидааст ва ёдгориҳое, ки дар марказҳои ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бунёд гаштаанд ва шуълаи оташи ҷовид хотири сарбозони роҳи адолату сулҳу салоҳро поянда нигоҳ медоранд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 22.04.2025 №: 78
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН