МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ. ҲИФЗИ ИН ГАНҶИНА ҲИФЗИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ АСТ!
Халқе, ки худро шинохтааст, таърихи худро қадр мекунад ва гиромӣ медорад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҳар як миллат бо таърих ва фарҳанги худ ифтихор мекунад, зеро онҳо пояи асосии ҳувияти миллӣ ва нишонаи тамаддуни он мебошанд. Ҳар сол 18-уми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзро ЮНЕСКО бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба нигоҳдорӣ ва эҳёи мероси таърихӣ таъсис додааст.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО хеле бамаврид изҳор доштанд: “Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар ин зимн, мо аз амалӣ намудани лоиҳаҳое, ки дар рушди маорифу илм, ҳифзи мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии мамлакат барои наслҳои оянда саҳми назаррас доранд, ҳамаҷониба пуштибонӣ менамоем”.
Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ на танҳо боқимондаи давраҳои гузашта, балки шиносномаи миллат мебошанд. Онҳо шаҳодати равшани рушди маънавӣ, эҷодӣ ва илмии аҷдоди мо мебошанд. Ҳифзи ин мерос на танҳо вазифаи таърихшиносон ва бостоншиносон, балки масъулияти ҳар як фарди ҷомеа аст.
Дар Тоҷикистон, ки собиқаи таърихии чандҳазорсола дорад, садҳо ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла қалъаву маъбадҳо, шаҳрҳои қадима, масҷиду мадрасаҳо ва оромгоҳҳо мавҷуданд. Қалъаҳои Ҳулбуку Ҳисор, Саразми бостон, Панҷакенти қадим, Тахти Сангин ва оромгоҳи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷумлаи ёдгориҳое мебошанд, ки таърихи куҳани тоҷиконро бозгӯ мекунанд.
Мутаассифона, омилҳои гуногун ба хароб ё нобуд гардидани ёдгориҳои таърихӣ сабаб мешаванд. Аз ҷумла: тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ, фаъолияти инсон, ба мисли сохтмонҳои беназорат ва муносибати бепарвоёнаи ҷомеа ба ҳифзи онҳо.
Барои ҳифзи ин ёдгориҳо чораҳои қатъӣ андешида шуда истодаанд. Дар Тоҷикистон Вазорати фарҳанг, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Академияи миллии илмҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барои нигаҳдории мероси миллӣ пайваста мусоидат менамоянд. Дар робита ба ин, бояд таъкид сохт, ки ҳифзи ёдгориҳо танҳо вазифаи Ҳукумат нест, балки масъулияти ҳар фарди миллат аст. Аз ин рӯ, мо бояд ба ҷойҳои таърихӣ бо эҳтиром муносибат кунем, аз вайрон кардани онҳо худдорӣ намоем ва дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба таъриху фарҳанг саҳм гузорем.
Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ на танҳо нигоҳ доштани ёдгории ҷисмонӣ, балки ҳифзи хотираи миллат аст. Танҳо бо арҷгузорӣ ва ҳимояи мероси гузаштагон метавонем ояндаи фарҳангии худро устувор нигоҳ дорем. Маҳз ба ҳамин хотир, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон таъкид карданд: “Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо – ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад”. Пас, бигзор ёдгориҳои таърихии мо ҳамчун шоҳиди тамаддуни бузурги тоҷикон барои наслҳои оянда побарҷо бимонанд!
Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Санаи нашр: 23.04.2025 №: 79
