ДАР РӮЗИ ЯКУМИ ҶАНГ

23 апрел 2025, Чоршанбе
10
Субҳи 22-юми июни соли 1941 Германияи фашистӣ, ки аз соли 1939 то ин муддат 12 давлати Аврупоро ғасб карда буд, аҳдшиканона ба ИҶШС (СССР) ҳуҷум кард. Аз сабаби он ки директиваи Комиссариати мудофиа барои омодабош ба қисмҳои ҳарбӣ дар соати 00.30 дақиқаи 22-юми июн фиристода шуд, дер расид ва бисёр қисмҳои ҳарбии сарҳадӣ ва наздисарҳадӣ директиваро нагирифтанд. Ҷосусони фашистӣ воситаҳои алоқаро хароб карда буданд. Марзбонон дар сарҳади тулонӣ аз шимол то ҷануби СССР ба шиддати ҳуҷуми қисмҳои танкӣ, ҳавоию баҳрии душман муқовимати сахт нишон медоданд, вале ҳуҷуми ногаҳонӣ бо 190 дивизия боис гашт, ки Армияи сурх ақибнишинӣ намояд ва дар рӯзи нахустин садҳо деҳаву шаҳракҳоро ба душман таслим кунад.
Ба ғайр аз қисме аз ҳарбиён ва сарварони СССР дар ин мамлакати ҳудудаш шашяки кураи Замин, касе ба гӯшаи хотир ҳам намеовард, ки дар сарҳад ҷанг меравад. Рӯзи якшанбе, ҳама дар истироҳат ва ё машғули корҳои деҳқонӣ буданд. Дар соати 12-и вақти Москва аз карнайҳои радиоҳои майдонҳои ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Иттиҳоди Шуравӣ овози шиноси Левитан: "Диққат! Диққат! Диққат! Ин ҷо Москва! Сухан ба Вячеслав Михайлович Молотов, муовини раиси Шурои комиссарони халқ, вазири корҳои хориҷӣ", ба гӯшҳо расид, ки изтиробангез буд.
– Бо супориши Ҳукумати СССР ва Бюрои сиёсии ҳизб ба шумо, мардуми Иттиҳоди Шуравӣ, мерасонам, ки субҳи имрӯз урдуи Германияи фашистӣ аҳдшиканона ба хоки муқаддаси Ватани азизи мо зада даромад. Дар қисмҳои сарҳадӣ, деҳаву шаҳрҳои наздисарҳадӣ ҷангҳои шадид идома доранд, – гуфт Молотов. Изҳороти ӯ бисёр масъалаҳоро дар бар мегирифт, вале дар шуури халқ чизи асосӣ мустаҳкам ҷой гирифт: ҷанг оғоз ёфт, акнун тарзи зист дигар мешавад, дар пеш моро чӣ интизор аст? Дар сари ҳар нафар ин савол чарх мезад. Аз хонаи одамоне, ки фарзандонашон дар қисмҳои ҳарбӣ хизмат мекарданд ва ё писарони болиғ доштанд, аллакай, садои гиряву фиғони модарон мебаромад, – ёд аз оғози рӯзи ҷанг карда буд, омӯзгори фанни математикаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-юми ноҳияи Вахш Ғафуров, дар соли 1968. – Дар оғози ҷанг ман дар Ӯротеппа (Истаравшан) мезистам. Мо, ҷавонон, рӯзи дигар ба комиссариати ҳарбии ноҳия омада, хоҳиши ба ҷабҳа рафтан кардем. Сафамон соат ба соат меафзуд. Роҳбарон мегуфтанд, ки ҳамаи омӯзгорон ба фронт раванд, дар мактабҳо кӣ фарзандони халқро тарбия мекунад ва саводу дониш медиҳад.
Устод Ғафуров, муаллими фанни кимиё Илёсов, соли дуюми ҷанг дар муҳорибаҳои шадид ширкат дошта, борҳо захмӣ шуданд ва баъди сиҳатёбӣ боз ба ҷабҳа бармегаштанд. Дар арафаи Рӯзи Ғалаба дар як амалиёт омӯзгор Ғафуров аз ҳар ду по ҷароҳати вазнин бардошт ва ба монанди Алексей Мересеви қаҳрамони романи «Достони марди ҳақиқӣ»-и Борис Полевой бе ду пой, аммо ба сари баланду сари синаи пур аз ордену медал ба диёр баргашт.
Соли 1967 муаллими фанни забон ва адабиёт Тоҷибой Баротов, писари собиқадори ҶБВ Ином-полвон, ки баъди хатми донишгоҳ ба мактаби мо омада буд, ба ман коғазе доду гуфт, ки бо ин ҳуҷҷат дар почта ба ту бандероле медиҳанд. Онро ба хонаи муаллим Ғафуров бар. Устод дар як хоначаи пастаке, ки барои муаллимон сохта будаанд ва ё ба иҷора додаанд, ҳамроҳи оилааш мезист. Ман борхалтаро гирифта, аз рӯи кунҷкобӣ онро даст-даст кардам. Аз халта бӯи чарми тоза меомад. Оҳан барин сахт ҳам буд. Вақте ки ба назди устод ҳозир шудам, ӯ аз дасти ман борхалтаро гирифта, кушод. Ду пои оҳанин. Ҳайрон мондам, баъд сабаби бо асо гаштану ба ду тараф хирс барин пой монданаш, ба ман равшан гашт.
Аз муаллим Илёсов борҳо шунида будем, ки фашистон ба ягон нафари мардуми шуравӣ раҳм намекарданд, хусусан, яҳудиҳоро чашми дидан надошта, ҷо ба ҷо мепарронданд. «Мо низ гитлерчиёни ғосибу таҷовузкор, истисморгарро қир мекардем, то ки рӯи замин аз чунин разилон тоза шавад», – мегуфт устод ва суханашро идома медод, ки аз деҳаи Янгитурмуши ноҳияи Вахш (ҳоло деҳаи Зарнисори ноҳияи Кӯшониён), 75 нафар ба ҷанг рафта, танҳо Мамадалӣ Имомалиев, Муаззамхон Эшонов, Маҳмад Латифов, Меҳтоҷ Ҷаваков, Исмон Ашурматов, Усмонҷон Ҷаҳонов, амаки Абдусаид ва Суннатулло Нуриддинов бо ордену медалҳо ва бо Ғалаба баргаштанд. Ҳамаи онҳо бо медали Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки 9-уми майи соли 1945 таъсис ёфт, қадр гашта буданд. Амаки Абдусаид ва Суннатулло Нуриддинов аз Берлин ба Шарқи Дур рафта, дар шикаст додани қӯшунҳои Японияи милитаристӣ ҷонбозиҳо карда, 30-юми сентябри соли 1945 бо медали Барои ғалаба бар Япония сарфароз шуданд. Ҳазорҳо нафар деҳқонони пахтакор, боғдорон, чорводорони ватандӯсти синни аз 18 то 45-солаи водии Вахш ба фронт даъват шуданд. Аз се як ҳиссаи онҳо дар озод кардани маконҳои аҳолинишини Аврупо аз фашистони немису ҳаммаслакони онҳо ҷон бохтанд, аз ҷумла Амон-полвон ва Қурбоналӣ Имомалиев аз Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён. Онҳо дар гандумзори Украина ба хоби абад рафтаанд. Баъди Ғалаба онҳое, ки саломат монда буданд, ба кишвари худ баргашта, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба заҳмати бунёдкорона пайвастанд. Корномаи онҳо фаромӯшнопазир аст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 23.04.2025 №: 79