ТОҶӢ УСМОН ВА “ТОҶИКИСТОНИ СУРХ”
Тоҷӣ Усмон аз ҷумлаи адибону публитсистонест, ки солҳои сиюми асри гузашта ба матбуот ва адабиёт ворид гардида, бо ҳамроҳии Ҳаким Карим, Муҳиддин Аминзода, Алӣ Хуш, Ҳоҷӣ Содиқ, Раҳим Ҷалил фаъолият намудааст. Ӯ солҳои сиюм баъди хатми Донишгоҳи Осиёимиёнагии Ҳизби Коммунист роҳбарии рӯзномаи «Бо роҳи Ленин»-и собиқ вилояти Ленинободро ба уҳда дошт ва баъдтар солҳои дароз дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ҳоло «Ҷумҳурият», маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» кор кардааст. Сипас, Тоҷӣ Усмонро ба корҳои давлатию ҳизбӣ даъват намудаанд. Ӯ солҳои 1937-1939 котиби кумитаи ҳизбии шаҳри Ленинобод интихоб шудааст.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ чун афсар ,капитани артиш ба фронт рафта, дар муҳорибаҳои хунин иштирок намудааст. Соли 1943 дар Сафоратхонаи Иттиҳоди Шуравӣ дар Эрон кор карда, дар гуфтушуниди сегонаи миёни Сталин, Черчил ва Рузвелт саҳм гузоштааст. Баъди ҷанг дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва баъдан, мудири шуъбаи Шурои вазирони Тоҷикистон фаъолият намудааст. Сипас, соли 1946 ӯ боз ба кори матбуот баргашта, дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» аввал мудири шуъба, сипас ба ҳайси муовини сармуҳаррир фаъолият мекунад.
Устод Фазлиддин Муҳаммадиев дар қиссаи мустанадаш "Писари газета" рӯзҳои нахустини фаъолияти рӯзноманигориашро дар идораи рӯзномаи "Тоҷикистони сурх” ба хотир оварда, бо некӣ аз Тоҷӣ Усмон ёдоварӣ менамояд.
"Чашми корректорӣ" сабаб шуда буд, ки маро моҳе панҷ-шаш маротиба саҳифахон таъин мекарданд. Ҷонишини муҳаррир Тоҷӣ Усмон аз котибот талаб мекард, ки ҳар дафъае, ки вай муҳаррири шабона шавад, маро низ навбатдор гузоранд. Назар ба дигарон се баробар бештар бехобӣ кашидан чандон нафорад ҳам, аз супориши иловагӣ гардан наметофтам, чунки қаробат доштан бо журналисти таҷрибанок ба касбомӯзиам ёрӣ мерасонид. Тоҷӣ Усмон мақолаҳоямро бо диққат хонда таҳрир менамуд, оид ба мавқеи сухан бо ғамхорӣ суҳбат мекард."
Тоҷӣ Усмон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва, аллакай, марди солдида буд ва Фазлиддини ҷавонро дӯст медошт, истеъдоди ӯро қадр мекард. Ҳамеша маслиҳатгару пуштибони вай буд. Он рӯзҳоро ба хотир оварда Фазлиддин Муҳаммадиев чунин менависад: "Аз хотир намеравад, ки доир ба маъно ва мавриди истеъмоли калимаи "собитқадам" бо мисолҳои гуногун қариб ним соат нақл карда буд.
Дар материалҳои шуъбаатон ибораҳои хунук вомехӯранд. Масалан, менависед, ки "каландкунии дувум гузаронда шуд"... Як диққат кунед: Каландкунӣ гузаронида шуд... Чӣ қадар ноҳинҷор аст ин ибора, - мегуфт ӯ ва бо оҳанги нарм илова мекард:
– Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад. Инро шоир гуфтааст...
Фазлиддин Муҳаммадиев дар қиссаи "Писари газета" аз Тоҷӣ Усмон чун инсони одиву хоксор ёдоварӣ карда, таъкид месозад, ки дар он солҳо ҳар як очерку лавҳаи худро аз назари ӯ мегузаронд.
Воқеан, аз мутолааи хотираҳои Тоҷӣ Усмон «Як моҳ бо Айнӣ» («Шарқи сурх», соли 1962, №8) бармеояд, ки Қаҳрамони Тоҷикистон устод Айнӣ низ ба эҷодиёти Тоҷӣ Усмон таваҷҷуҳи хосса доштааст. Айнӣ боре мақолаи барои бачаҳо навиштаашонро ба Тоҷӣ Усмон фиристода, дар мактуб аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки онро дуруст карда, барои чоп ба газетаи бачаҳо супорад.
Тоҷӣ Усмон аз рӯзҳои аввали ба арсаи эҷод қадам гузоштанаш дилбохтаи адабиёти ниёгон буд ва пайваста ашъори адибони тоҷикро ҷустуҷӯ мекард. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳангоми дар Эрон фаъолият доштанаш ашъори парокандаю осори гуногуни адибони тоҷикро ҷамъоварӣ намуда, соли 1957 аз рӯзгори онҳо китоберо бо номи «Бисту се адиба» аз чоп баровард. Баъдтар Тоҷӣ Усмон таҳқиқи ин мавзуъро идома дода, силсилаи китобҳои «Ганҷинаи шеъри тоҷикӣ» (1960), «Шоираҳои боистеъдод» (1962), «Шоира Маҳастӣ» (1963), «Духтари ниқобдор» (1965)-ро аз нашр баровардааст.
Устоди сухан Сотим Улуғзода низ бо адиб дӯстӣ дошт. Бо тавсия ва муҳарририи ӯ соли 1958 китоби ҳикояҳо ва очеркҳои Тоҷӣ Усмон бо номи «Кашфи асрор» нашр мегардад. Адиби зиндаёд ва публитсисти номдор Тоҷӣ Усмон барҳақ фидоии фарҳангу адабиёти тоҷик буд ва ба ёд овардани зиндагиномаю эҷоди вай дар замони истиқлолият амалест хайру савоб, зеро ӯ барои эҳёи адабиёту гиромидошти хотираи халқ асарҳои ҷолибе ба ёдгор мондааст, ки барои насли имрӯза заруранд.
Ҳамин тавр, рӯзгор ва фаъолияти серҷабҳаи адибу рӯзноманигори зиндаёд Тоҷӣ Усмон хеле ибратомӯз буда, меарзад ки дар 100-солагии “Ҷумҳурият” аз ӯ ёд кунем.
Маҷид САЛИМ, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ
Санаи нашр: 23.04.2025 №: 79
