АЪҶУБАСОЗӢ ҲУНАР АСТ

23 апрел 2025, Чоршанбе
26
Истаравшани бостониро ҳанӯз аз давраҳои ташкилёбиаш аз асри V-IV пеш аз милод ҳамчун шаҳри ҳунармандон мешиносанд. Аз қадимулайём мардуми ин шаҳр меҳнатдӯст, заҳматкаш ва меҳмоннавозанд, зеро аксарияти мардум бо ҳунармандӣ машғул буда, аз пушти ҳунари худ нон мехӯранд.
Истаравшан аз давраҳои пешин ҳамчун маркази касбу ҳунар ва шаҳри ҳунармандон ба ҳисоб рафта, то ҳол мардуми ин диёр урфу одатҳои ниёгони худро нигоҳ дошта онро рушд медиҳанд. Имрӯз дар ин шаҳри бостонӣ намояндагони наздик 200 касбу ҳунари аҷдодӣ ва муосир ба ҳунармандӣ машғуланд.
Аксар ҳунарҳои қадима дар шаҳри Истаравшан аз қабили чархгарӣ, оҳангарӣ, сандуқсозӣ, кордсозӣ, шонатарошӣ, мисгарӣ, читгарӣ, кандакорӣ, заргарӣ, чармгарӣ, мӯзадӯзӣ, наққошӣ, собунпазӣ, кулолгарӣ ва ғайраҳо то ба имрӯз боқӣ мондаанд.
Дар ин росто, аъҷубасозӣ яке аз ҳунарҳои мардумӣ буда, имрӯзҳо барои сохтанаш аз гили бӯта ва чиниворӣ васеъ истифода мешавад. Дар Истаравшан аз давраҳои пеш аз гили бӯта ҳуштакҳоро ба шаклҳои булбул, мусича, барра ва ғайраҳо месохтанд. Аъҷубаҳо қолаби муайян надоранд ва дастӣ сохта мешуданд. Устоҳои аъҷубасоз шаклу намуди аъҷубаҳоро аз афсонаҳои халқӣ ва тахайюлоти хеш пайдо намуда, онро бо дастони худ аз гили махсуси бо лойи гили бӯта омода карда месозанд.
Дар шаҳри Истаравшан охири солҳои ҳафтодум Усто Ғафури аъҷубасоз («ҳуштаксоз») бо маҳсули меҳнати худ дар ҷаҳон машҳур гашта буд. Ҳатто нависандаи украинӣ Виталий Коротич бо унвонии «Чумчаи уфуқӣ» («Перпендикулярная лошка») китобе дар ин бора навишта буд.
Баъди вафоти усто писараш Гадойбой Ғафуров ин ҳунарро ба писараш Эргашбой ва наберагонаш Шералӣ, Шерзод ва Шероз омӯзондааст ва ин касбро бо шогирдонаш то имрӯз идома медиҳанд. Аъзои Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон усто Эргашбой на танҳо аъҷубасоз балки танӯрсоз, кулолгар, наққош, рассом низ мебошад. Беҳуда нагуфтаанд: “Ба як мард чил ҳунар кам аст!”.
Ҳунари аъҷубасозӣ, танӯрсозӣ ва кулолгарӣ барои усто Эргашбой Ғафуров меросӣ буда, онро аз бобояшон омӯхтааст.
Усто Эргашбой мегӯяд, ки ҳангоми хурдсолӣ дар назди бобояш менишасту бо шавқ корашонро тамошо мекард ва аз мушоҳидаҳо дар дилаш ишқи ин ҳунар ҷой гирифту ҳамроҳи ӯ аз гил ҳар гуна чизҳоро месохтагӣ шуд. Пеш аз сохтани аъҷуба, бо маслиҳати бобояш, онҳоро дар рӯи варақ тасвир мекарду ба бобояш нишон медод. Он кас хатоҳояшро ислоҳ карда, пасон барои сохтан ба ӯ иҷозат медоданд. Ҳамин тавр, ҳамроҳи бобояш аъҷубаҳо месохту баъди муддате мустақилона ин корро идома дод.
– Сохтани аъҷубаҳо, асосан, ба мардуми Истаравшан, Исфара ва Қаротоғ хос аст. Хоки гили бӯта бештар аз деҳаҳои дурдасти Истаравшан дастрас мешавад. Гили бӯтаро аввал дастӣ омехта карда, баъд бо пойҳои худ лойро ба дараҷаи даркорӣ омода месозанд. Пас аз он, ба рӯйи лой каме об пошида, болояшро бо латтаи тар мепӯшонанд, то ки тез хушк нашавад. Баъди 80-100-то офаридани аъҷубаҳои афсонавӣ онҳоро аввал каме ба офтобрӯя, пас аз он ба ҷойи шамолрави соярӯ гузошта хушк мекунанд. Баъди хушк шудани аъҷубаҳо ва ҳуштакҳо онҳоро ба шаклҳои паранда: гунҷишк, мусича, саъба, булбул, кабӯтар ва ғайраҳо медароранд. Пас, онҳоро ба хумдонҳои махсус бо тартиб чида, даҳонашонро бо хишту лой сахт карда, дар таги он ба муддати шаш-ҳафт соат оташ мегиронанд. Аз болои хумдон дудбаро ҳам месозанд, то ки дуд баромада раваду ранги аъҷубаро дигар накунад. Пас аз як шабонарӯз аъҷубаҳоро аз хумдон гирифта, барои рангубор омода месозанд, – илова намуд, зимни суҳбат устои аъҷубасоз Эргашбой Ғафуров.
Эргашбой миннатдории хешро ба Сарвари муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, иброз дошт, ки маҳз дастгириҳои Роҳбари давлат буд, ки бо додани имтиёзҳои андозӣ ҳунармандон имкон пайдо намуданд, то беҳтарин намунаҳои эҷодашонро ба бозорҳо бароранд.
Бояд зикр намуд, ки бо аъҷубаҳои сохтаи худ усто Эргашбой Ғафуров диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намуда, борҳо дар фестивал-озмунҳо, намоишҳои эҷодии ҳунармандон, фестивал-намоишҳои байналмилалии ҳунармандон дар ҷумҳуриву хориҷи кишвар, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Ҳиндустон иштирок ва маҳсули эҷодашро ба ҷаҳониён пешкаш намуда, соҳиби диплому ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ гардидааст.
Саъдулло МАХКАМОВ,
рӯзноманигор
Санаи нашр: 23.04.2025 №: 79