ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД. МАСИРИ ОБОДИВУ САОДАТ

24 апрел 2025, Панҷшанбе
38
Ҳар боре аз Хуҷанди бостонӣ ба Душанбеи азиз сафар мекунам, дар вуҷудам ҳисси ифтихору сарбаландӣ аз миллату давлати хеш, аз матонату иродати мардуми тоҷик меафзояд, зеро дар ин масир ободиву саодати кишвар рӯнамо мешавад. Сулҳу субот, ободиву озодӣ ва фазои саршори дӯстӣ ба кас болу пар мебахшад. Ба мо барин эҷодкорон илҳоми тоза ба тоза зам мешавад. Ин навбат низ сафар ба шаҳри Душанбеи нозанин бароям як олам шодиву хотироти рангин ҳадя намуд.
Он чизе ки бештар аз ҳама диққати маро ҷалб кард, ин роҳи обод ва замонавии Душанбе – Хуҷанд буд. Дар замони соҳибистиқлолӣ, дар масири пурпечутобу кӯҳӣ, роҳе сохта шудааст, ки мисли шарёни зиндагӣ дилу дидаҳои ду минтақаи муҳими кишварро ба ҳам мепайвандад. Ободии рӯзафзуни роҳ шаҳодат аз заҳмат ва меҳнати ҳалолест, ки садҳо роҳсоз бо дастони пурбаракаташон анҷом додаанд. Мутахассисони касбӣ, бо вуҷуди обу ҳавои номусоид, сардиҳои шадиди зимистон ва гармиҳои тоқатфарсои тобистон, бо иродаи қавӣ ва садоқат ба Ватан роҳи умеду саодатро обод нигаҳ медоранд.
Мафтуни тамошои манзараҳои дилфиреб, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи қадди шоҳроҳ саҳфаҳои хотиротамро варақгардон мекунам. Ҳамагӣ ду даҳсола пештар чи қадар мушкилот рӯ ба рӯи мусофирони ин роҳ мебаромад. Ағбаҳои хатарноку душворгузар ба домони ҷони мардум панҷа мекашид. Шукр мегӯям, ба ин саодати ободӣ. Албатта, бунёди чунин роҳҳои муҳим бе роҳнамоӣ ва пуштибонии доимии Сарвари давлат имконнопазир мебуд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарки амиқи нақши роҳҳо дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ҳамеша бунёди роҳҳои муосирро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор додаанд.
Нақби "Истиқлол", ки дар замони шуравӣ ҳамчун як орзу мемонд, имрӯз бо ибтикори Пешвои миллат ба воқеият табдил ёфтааст ва рамзи азму иродаи қавии миллати тоҷик шинохта шудааст.
Имрӯз, вақте мо бе мамониат тариқи ин шоҳроҳи зебо ва бехатар ҳаракат мекунем, фаромӯш набояд созем, ки дар паси ин ободиҳо заҳмати шабонарӯзии мардони заҳматкаш ва ҳидояти хирадмандонаи Роҳбари давлат меистад.
Роҳ на танҳо воситаи сафар, балки пайвандгари дилҳо, василаи тараққӣ ва асоси зиндагии осоишта аст. Ҳар роҳ, ки бо нияти нек бунёд ёбад, ҳатман моро ба фардои дурахшон мерасонад. Ҳангоми бозгашт бо оилае ҳамсафар шудам ва зимни ошноӣ бонуи хонадон бо завқ нақл мекард: “Худам аз Бохтар ҳастам, шавҳарам аз Конибодом, дар Бӯстон зиндагӣ мекунем, пайвандонамон дар Душанбе”. Ӯ бо ифтихор мегуфт, ки намоди ваҳдати минтақаҳои Тоҷикистони азиз дар хонадони мост!
Воқеан, дар ин сафар аз мушоҳидаҳову суҳбатҳо бо ҳамсафарон дарк кардам, ки шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд на танҳо як роҳи муосири нақлиётӣ аст, балки онро метавон рамзи пайванди дилҳо, ваҳдат ва пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон шинохт.
Ин роҳ, ки маркази кишварро бо шимоли он мепайвандад, барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар аҳамияти беназир дорад. Дар таъмини муомилоти озодонаи молу маҳсулот, рафтуомади осонтарини шаҳрвандон ва рушди тиҷорату сайёҳӣ нақши муассир мебозад. Бо вуҷуди шароити душвори релеф ва иқлими кӯҳӣ сифати баланди роҳ ва шароити хуби хизматрасонӣ эҳсос мешавад, ки далели равшани рушди инфрасохтори кишвар мебошад.
Дар замони муосир, ки ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳо талаботи нав ба бор меоранд, роҳу нақлиёти муназзам яке аз сутунҳои асосии иқтисоди муваффақ мебошад.
Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ҳамин гуна як сутуни боэътимодест, ки имкон медиҳад тамоми минтақаҳои кишвар дар як фазои ягонаи иқтисодӣ ва фарҳангӣ муттаҳид бошанд.
Ин шоҳроҳ масири ободӣ, рушд ва саодат барои имрӯз ва фардои дурахшони миллат аст.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.04.2025 №: 80-81