МАНУ “ҶУМҲУРИЯТ” ВА “ҶУМҲУРИЯТ”-У МАН
«Ҷумҳурият» дар саҳнаи муборизаҳои ғоявӣ ҷойгоҳи сара дорад. Аз он овон дилбастагиам ба матбуот бармало шуд, ки бо таъкиди бунёдгузори ҷараёни худшиносӣ, устод Садриддин Айнӣ: «Миллати бедорро рӯзнома ва халқи худшиносро хондани он мебояд», дар солҳои 70-уми асри пешин ошно гардидам. Ҳар субҳам аз марказҳои «Союзпечат» оғоз мешуд. Хабару маводу матлабҳо бароям ҷолиб буданд.
Пасон боз ҳам наздиктар шудам. Намедонам, соли 1978 буд ё барвақттар, бо пешниҳоде ба редаксияи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) сар задам. Он вақт бинои рӯзнома дар кӯчаи Орҷоникидзе воқеъ буд. Дар як ҳуҷра се тан: Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Абдулҳамид Самад ва Раҷаб Мардон (баъд онҳоро хуб шинохтам) ба суҳбат андармон буданд. Ҳар се бо суоли “чӣ мехоҳам?” ба тарафам нигаристанд. Гуфтам, ки пешниҳод дорам, барои осори қадима дар рӯзнома як гӯшае ҷудо кунанд. Устод Абдулҳамид дид, ки худамро гум кардааму саросема ва шояд нофаҳмою норӯшан гап мезанам, маслиҳат доданд, ки саросема нашавам. Ба ҷойи идомаи сухан, навиштаамро дар варақҳои дафтар дар бораи дуку чахдегу урчуқ пешашон гузоштам. Марди сарсафед, ки сигор дар даст дошт, ба варақҳо зеҳн монду дар лабонаш табассум ҳувайдо гардид. Дар ҳоле, ки дудро ба ҳаво сар медод, варақҳои дафтарро пеши ҷавони паҳлавонҷусса гузошт. Гумонам, онҳо дар дил ба ҷуръат ва содагии мани навраси дунёбехабар механдиданд. Ҳамин лаҳза, ки сарсафед бароҳат механдид, ҳеҷ аз ёдам намеравад. Он гӯё маро шердил кард: “Нағз! Нағз!” ва пурсид, ки дар куҷо мехонам? Гуфтам, ки донишҷӯи факултети таърихам. Суханашро бо лаҳни насиҳатомез идома дод: “О, мо барои Шумо мақсад дорем, ки коммунизм бисозем. Ин мақсади мо бо асбобу ускунаи қадим чӣ мешавад?”. Ман аз омаданам комилан пушаймон шуда, варақҳоямро гирифта, нияти рафтан кардам, ки сарсафед ба тасаллоям пардохт, ки зиқ нашавам. Пас аз чанд сол худат ба омӯзиш машғул шуда, онҳоро ҳамчун осори замони пеш дар китобат ҷой медиҳӣ..., – гӯё пешгӯӣ мекард.
Пас аз гузашти солҳо бо ҳамин фарзанди содиқу беҳтарин инсон Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ҳамкорӣ кардаму ҳамнишаст будам ва солҳои аввали истиқлол масъулияти “Ҷумҳурият”-ро бар дӯш доштанд. Ҳамчуноне бо журналисти беҳтарин Раҷаб Мардон. Бо устод Абдулҳамид Самад то кунун дар робита ҳастам ва аз осорашу суҳбатҳояш бештар баҳравар мегардам.
Имрӯз ҳам дар ҳар навиштаи «Ҷумҳурият» бевосита ё бавосита сухан аз меҳанпарастӣ ва ободии Тоҷикистони азизи мост. Дар навиштаҳо хеле боназокат ва бо аснод аз гирдоби фарогири раванди ҷаҳонишавӣ, ки “мадду ҷазраш” аз ҷисми ҳар шаҳрванд ва пайкари кишварамон мегузарад ва муқовимати сахту шадиди моддиву руҳонии кишварҳои бузург, ки буҳрони ҷаҳониро амиқтар мекунад, коршиносона сухан меравад.
Ҷангу носозӣ, алангаи оташи ҷаҳолату хурофот – роҳ ба боварҳои асримиёнагӣ, поймол гардидани шарофати инсонӣ ва коҳиши адлу дод дар сиёсати замони муосир дар саҳифаҳои рӯзнома ҳушёрдеҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бувад, ки бештар аз пештар бо огоҳии комил дар ваҳдату якдилӣ саъю талош варзанд ва бо сиёсати Ҳукумати кишвар ҳамтан бошанд. Метавон бо муаллифон комилан дар як саф буд, ки дар ин раванд сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ва созандаю бунёдкорона дар дохили мамлакат кишварамонро аз хатарҳо эмин нигоҳ медорад. Шукрона мекунем, ки аз баду офатҳои замони муосир дар амонем.
Мазмуни матлабҳои чанд соли охирро метавон ба тариқи зайл мухтасар кард: зарурати таърихӣ дар марҳалаҳои тақдирсоз фарҳехтагонеро ба арсаи сиёсат меорад, ки бо хиради модарзодӣ, ақлу заковат, адлу поктинатӣ ва гуманизми бемисл дар наҷоти тоифаҳо, халқ, миллат ва бунёди давлатдорӣ рисолати бузургеро бар дӯш мегиранд. Онҳо хосаанд ва тағйирдиҳандаи сарнавишти инсонҳо ва иҷтимоъ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи чунин шахсиятҳоанд. Зиндагиномаи чунин фарзандони тавонманд сазовори омӯзиш ва намунаи барҷастаи арҷгузорист. Ӯ буд, ки халқеро аз парешонӣ ва давлатеро аз вартаи нобудӣ наҷот дод ва миллатеро аз минбари баланди башар муаррифӣ намуд. Ӯ дар ҷаҳони сиёсат тимсоли тоҷик ва ба сурати фарзанде, ки беҳтарин нишонаву хислатҳои миллат: чеҳра, хиради сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ, андешаи нек, пешаи наку, лаҳни гувороро дорост ва донишҳову анъанаи ниёгонашро аз бар ва амалҳои ростинро маншури худ сохта буд, арҷманд шуд ва эҳтирому эътибор пайдо кард. Ин ҳама эътибору эҳтироми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд. Минбаъд дар арсаи сиёсату фарҳанги ҷаҳонӣ миллати тоҷик ва Эмомалӣ Раҳмон – шахсияти барҷастаи сатҳи олӣ, тавъам дониста мешаванд, ки боиси ифтихор аст. Дар саҳифаҳо мунтазам аз ташаббусҳои созанда ва талошҳои Сарвари давлат дар эҳёи анъанаҳои миллӣ мавод нашр мешавад, ки барои тарбияи худшиносӣ ва ватанпарастии мардум муҳиманд.
Дар қатори зиёиёни бедор, ман низ чанд соли охир бо рӯзнома ҳамкории қавӣ дорам. Дар вохӯрию маҳфилҳо ва суҳбатҳои хосса бароям рӯшан мешавад, ки сармуҳаррир Қурбоналӣ Раҳмонзода ҷавони пурғайрат ва пухтаест, ки як зумра журналистони огоҳ, некдилу донишмандро гирд овардааст. Мешавад аз суҳбати шоирони нозукхаёл Абдулқодири Раҳим, Бузургмеҳри Баҳодур ва донишманди соҳаи санъат Маҳмадулло Табарӣ иттилооти сареҳ бигирӣ ва ҳам рамузи одамият биомӯзӣ. Мутоиба ва ҳазли дӯстонаашон як ҷаҳони дигар аст. Рӯзе бохабар шудам, ки шоир Абдулқодири забардаст сазовори ҷоизаи шоири тармарги рус С. Есенин гардид. Ба василаи телефон таҳнияташ гуфтам ва афзудам: – Шайх (ишора ба таваҷҷуҳашон ба ашъори Мавлоно ва Бедил), маросими “шустан” чӣ хел мешавад?
Гуфт: – Нафаҳмидам!?
Бо ханда тавзеҳ додам: – Фаҳмиданаш он қадар мушкил нест. Ман мехоҳам бидонам, ки маросим бо урфу одати авлоди Есенин мегузарад ё хайр?
Бо ханда посух дод: – Ба маблағаш вобаста. Нағз бошад, ҳам шарқию ҳам ғарбӣ.
Дар парвариши ғояҳои инсонгароӣ, худшиносӣ ва садоқат ба озодии миллат озмунҳои “Ҷумҳурият” нақши муҳим ва арзанда гузоштанд. Нахуст тавонист шахсиятҳои огоҳу донишмандро ҷалб кунад, ки сухан ва андешаи тоза доранд. Ҳамзамон, ба ҳарфҳои боварибахши ишон хонанда мутаваҷҷеҳ мешавад. Барои вохӯрӣ ва дидорбинии ишон авзои мусоид ба вуҷуд овард. Сафарҳо бо гурӯҳи эҷодии рӯзнома ба шаҳристонҳои куҳан: Панҷакент, Хуҷанд, Истаравшан, Самарқанду Бухоро ва вилоятҳои Хатлону Бадахшон мардумро ба рӯзнома боз ҳам наздик кард. Озмунҳо чеҳраҳои тозаро ошкор намуд ва шумораи ширкатдорон чанд маротиб афзуд.
Фосилаи тулонӣ нагузашта, ки дар натиҷагирӣ аз озмун устодон Убайдулло Раҷаб, Зафар Мирзоён (руҳашон шод бод!), Абдулҳамид Самад, Кароматулло Олимов, Низом Қосим, Камол Насрулло, донишмандону адибон Шаҳрия, Шоҳона Сулаймон, Субҳони Аъзамзод аз суҳбати ҳамдигар баҳра мебардоштанд. Ҳаҷву мутоибаҳои шакаррези Убайдулло Раҷаб таҳрикдиҳандаи маҳфилҳо буд. Дақиқ ёд надорам дар Шаҳринав буд, Ҳисор ё шаҳри Турсунзода қисса карданд, ки дар вохӯрӣ бо мардум ба Убайдулло Раҷаб касе суол медиҳад, ки оё Шумо бо шоир Убайд Раҷаб хешутаборӣ доред? Устод пас аз андаке таҳаммул посух медиҳад:
– Бале, он кас бародари калонам мешаванд. Мо дар замоне таваллуд шудем, ки ном қаҳт буд. Барои ҳамин, ҳар дуямонро як ном гузоштанд. Барои фарқ кардан, бародарамро Убайд ва маро Убайдулло хонданд.
Ҳар гоҳ ки талоши сармуҳаррир Қурбоналӣ Раҳмонзода ва ҳайати эҷодиро мушоҳида мекунам, панди Киаксар ба Куруши Бузург: “Барои онҳое, ки ҳунари аспсаворӣ надоранд аз худоён дар ҷанги саворагони мумтоз пирӯзӣ, ҳамин тавр, барои онҳое, ки ҳунари тирзаниро аз камон намедонанд, бар шевотарин зафар тақозо кардан ва ба барзгаре, ки ба кишташ аҳамият намедиҳад, дуои ҳосили фаровон хостан, камоли ақл набувад” ба хотирам меояд.
Гурӯҳи эҷодӣ хуб дарк намудаанд, ки дар саҳнаи муқовимати эҷодӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебояд дар ҷойи аввал буд. Ҳаводиси табиӣ ва падидаҳои тезтаки иҷтимоӣ вазифаҳои муҳимро бар дӯшашон мениҳад, ки амали саҳлу сода нест.
Ҷонибеки АСРОРИЁН,
мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ
Санаи нашр: 28.04.2025 №: 83
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН