ХУРОФОТ. МАЗАММАТИ ИСРОФ ДАР ОСОРИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар адабиёти оламшумули тоҷик тули асрҳо вобаста ба паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ба тарзи панду насиҳат аз ҷониби адибон, шоирон ва нависандагони тоҷик асарҳои зиёде ба тарзи содаву оммафаҳм эҷод гардидаанд, ки бозомӯзии онҳо дар рушду нумӯи ҳар як оила аз манфиат холӣ набуда, барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мо саҳми назаррасеро доро мебошанд.
Дар ин миён хидматҳои сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айниро бавижа бояд қайд намуд.
Дар китоби “Таҳзиб-ус-сибён” устод Айнӣ мавзуи шукргузорӣ ва идораи нафсро дар байти зер ба тариқи шевою оммафаҳм баён намудааст:
Оқил он бошад, ки ӯ шокир бувад
В-он гаҳе бар нафси худ қоҳир бувад.
Ҳар кӣ хашми худ фурӯ хӯрд, эй ҷавон,
Бошад ӯ аз растагорони ҷаҳон.
Устод дар ин абёт таъкид мекунад, ки инсон бояд ҳамеша шукргузор бошад, зеро шукргузорӣ сабаби афзунии неъматҳо гардида, ношукрии неъматҳо сабаби ҳадар ёфтани он мешавад. Инчунин, дар абёти фавқуззикр баён гардидааст, ки шахси шукргузор бар нафси худ ғолиб омада, даст ба иҷрои амалҳои зараровар ва зиёндор намезанад, ки зиёдаравию исрофкориҳо низ аз зумраи амалҳои зараровар ба ҳисоб мераванд.
Дар мазаммати хоҳишоти нафс устод Айнӣ дар китоби “Таҳзиб-ус-сибён” чунин байтро меорад:
Он бувад аблаҳтарини мардумон,
К-аз пайи нафсу ҳаво бошад давон.
Дар ин байт нафаронеро, ки дар пайи ҳавову ҳавас ва нафс рафтаанд, мавриди накӯҳиш қарор дода, дурӣ аз онро сабаби комёбиву саодати рӯзгор медонад ва дар тақвияти ин маъно ҳикояи “Араббек ва бародаронаш” хеле ба маврид нақл гардидааст:
“Араббек ном тоҷирзодае буд. Падараш бойи калон ва ғании замон буд. Ғайр аз Араббек се-чаҳор писари дигар дошт. Падари Араббек писаронашро нохонда, ба савдогарӣ даровард.
Араббек азбаски ба хондан бисёр шавқ дошт, худаш саъй карда, ҳама вақт ба мактаб ва мадраса рафта мехонд. Баъд аз фавти падар писарони савдогарӣ мекардааш аз ҷиҳати беилмӣ ва нодонӣ ҳама давлаташонро бар бод доданд. Аз як тарф, аз ҷиҳати беилмӣ пулҳоро ба роҳҳои хилофи шаръ сарф карда, исроф намуданд. Аз тарафи дигар, аз ҷиҳати нодонӣ хариду фурӯхтро ба усули тиҷорат мувофиқ карда натавониста, ба ҳар савдо зарар диданд. То ду-се сол ҷамъи пулҳоро тамом нобуд карданд. Дар миёни мардум иззату эътиборашон намонд. Пулҳои Араббек ҳам дар дасти онҳо буд, ба зиён рафт. Лекин Араббек, ки олим шуда буд, мардум бисёр иззат мекарданд. Қашшоқиаш маълум намешуд”.
Яке аз сабабҳои асосии даст задан ба амалҳои исрофкорӣ, зиёдаравӣ, харҷи беҳуда, талафи мол ва анҷоми амалҳои хурофотӣ аз камсаводӣ, маълумоти кофӣ надоштан ва беилмии шахсон рух медиҳад, ки нақли болозикр ва садҳо мисоли дигар метавонанд далели ин гуфтаҳо бошанд.
Инчунин, мақсади ҳикояи фавқуззикр дар он инъикос меёбад, ки шахси олим ва донишманд ба амалҳои абас, бефоида, исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ намедиҳад, балки ҳамеша аз паси амалҳое мешавад, ки барои зиндагии ӯ пур аз нафъ аст. Ҳамзамон, дар китоби мазкур шеъреро вобаста ба исроф чунин меоварад:
Хоҳӣ, ки шавӣ азиз, эй ҷон,
Бахшою бидеҳ, магиру мастон.
Бахшой, набар тариқи исроф,
Мақсуду савоб дор, не лоф.
Вобаста ба ин ҳикояеро низ баён менамояд:
“Тоҷире пеши роҳи беҳуда сӯзондани як дона гӯгирдро монеъ шуд. Аммо дар вақти хайру саховат кардан даҳ ҳазор тангаи тилло пешниҳод намуд.
Аз ин амали ӯ атрофиён дар ҳайрат монда, аз ӯ пурсон шуданд:
“Чаро монеи сӯзондани як дона чӯби гӯгирд шудӣ, аммо дар вақти хайр кардан даҳ ҳазор тилло фавран пешниҳод намудӣ?”.
Тоҷир гуфт: “Агар ба як дона гӯгирд саҳл мегирифтам ва ба муфт сӯхтани он розӣ мешудам, дар ин маврид, аз куҷо пул ёфта, хайр мекардам?”.
Дар идомаи ҳикояти мазкур абёти зер оварда шудаанд, ки ба ҳикояи болозикр иртиботи зич дошта, амали тоҷири мазкурро ситоиш менамояд:
Ба ҷойи зарурат бидеҳ, то тавонӣ,
Ки дасти ту гирад гаҳи нотавонӣ.
Валекин ба ҷое, ки нафъаш набошад,
Хирадманд як дона арзан напошад.
Устод Айнӣ дар идомаи китоби “Таҳзиб-ус-сибён” чунин насиҳат мекунад: “Эй фарзандон, бидонед, ки ин ҳама неъмати алвонро Худои оламиён барои моён офаридааст. Ба неъматҳои илоҳӣ шукр кардан лозим аст”.
Шукр кардан танҳо дар ҳолати исроф накардан комилан дар амал ба вуқуъ мепайвандад. Бешак, мақсади устод Айнӣ аз ин сухан он аст, ки аз неъматҳои илоҳӣ истифода кунеду шукргузор бошед ва чӣ қадаре ки шукргузор бошед, неъматҳои илоҳӣ дар миёни шумо афзоиш меёбад.
Устод Айнӣ дар повести “Одина” низ ҳамаи он мушкилоти рӯзгори худро ба тариқи возеҳу равшан баён намуда, исрофкориҳову зиёдаравиҳо ва иҷрои амалҳои хурофотиву оқибатҳои ногувори онро дар ин асар ҷой додааст, ки мардуми он замона аз дасти чунин амалҳои хурофотиву худнамоишдиҳӣ ба чи рӯзҳои баде дучор мешуданд. Дарвоқеъ, ҳамаи он мусибатҳое, ки ба сари қаҳрамони ин китоб, яъне Одина омадаанд, аз анҷоми амалҳои хурофотиву беасос маншаъ гирифтааст.
Имрӯзҳо, хушбахтона, бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пеши роҳи амалҳои хурофотӣ ва беасос гирифта шуданд. Махсусан, маросими азодорӣ ба як низоми муайян дароварда шуда, ба ин васила, омолу орзуҳои устод Айнӣ, яъне решакан намудани хурофот, ки дар аксари асарҳояш баён гардидаанд, ҷомаи амал пӯшид.
Далер ҶАББОРОВ,
сардори раёсати танзими
ҷашну маросими Кумитаи дин,
танзими анъана ва ҷашну маросим
Санаи нашр: 28.04.2025 №: 83
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН