РАМЗГУЗОРИИ ЭЛЕКТРОНӢ. УСУЛИ НАВИ ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲОИ БОЗОРӢ
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз зимни баррасии мавзуъ иброз дошт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар доираи талаботи моддаи 45 Кодекси андоз ва бо мақсади иҷрои банди 15 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгиркунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо» таҳия шудааст.
Зикр шуд, ки рамзгузории электронии мол, раванди нави рақамикунонии назорати молҳои истеҳсолшаванда ва фурӯхташаванда буда, шаффоф гардондани муносибатҳои бозориро тавассути пайгирии раванди ҳаракати молҳо таъмин менамояд. Рамзгузории электронӣ як намуди шиносномаи рақамие мебошад, ки тамоми маълумоти асосиро дар бораи мол дар бар гирифта, пайгирии ҳаракати молро аз истеҳсол то ба фурӯш таъмин менамояд.
– Дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои маъмурӣ барои риоя нагардидани тартиби рамзгузории электронии молҳо пешбинӣ нагардидааст. Бинобар ин, тибқи лоиҳаи Қонун ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ моддаи алоҳида (моддаи 6061) илова карда шуда, барои риоя накардани тартиби рамзгузории электронии молҳо аз ҷониби иштирокдорони муомилоти молҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо” ҷазои маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст, – гуфт Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.04.2025 №: 84-85
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ