ҲАМ БО СИЛОҲУ ҲАМ БО СУХАН

29 апрел 2025, Сешанбе
7
Баробари оғози Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 зиёда аз 300 ҳазор тоҷикистонӣ ба дифои Ватан фиристода шуд, ки дар байни онҳо шоиру нависандагон ва олимони ҷавон низ буданд, аз ҷумла Сотим Улуғзода, Ҳаким Карим, Фотеҳ Ниёзӣ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Лутфулло Бузургзода, Муҳаммад Осимӣ, Воҳид Асрорӣ ва дигарон. Ҳабиб Юсуфӣ, ки яке аз шоирони ҷавони соҳибистеъдод буд, қаламро бо камон иваз намуда, ба дифои Меҳан бархост, зеро ӯ ватанпарвари самимӣ буд, аз ҳар мисраи шеъраш накҳати Ватан меояду меҳри Ватан барояш аз ҳама чиз болотар ва муқаддастар аст. Аз ҷумла, гуфтааст: “Ватан ҷони ман, ҳам ҷаҳони ман аст, Ватан боғ ҳам бӯстони ман аст”.
Аз маълумотномаҳои зиёде, ки дар бораи ҳаёт ва осори назмию насрии ӯ мураттаб гаштаанд, маълум аст, ки шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ соли 1916 дар оилаи мударрис дар гузари Боғимайдони шаҳри Самарқанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби ҳафтсолаю Омӯзишгоҳи педагогии мардонаи тоҷикии шаҳри Самарқанд, дар мактабҳои миёна аз забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфт. Соли 1936 ба факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон дохил шуда, пас аз хатми он дар соли 1940 ба Душанбе омада, дар Институти забон, адабиёт ва таърихи филиали Тоҷикистонии Академияи фанҳои Иттиҳоди Шуравӣ ҳамчун ходими илмӣ ба кор пардохт.
Вақте ки ба СССР душмани манфур ҳамла овард, ӯ дигар оромӣ надошт, бо қалам меҷангид бар зидди аду, яъне шеърҳои ватандӯстона менавишт ва ҷавононро тарғиб менамуд, ки дар дифои Меҳан сина сипар созанд. Оташи ҷанг аланга мезад, дигар ӯ наметавонист танҳо бо сухан мубориза барад, дилаш мегуфт: “Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем, Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем”. Бо ҳамин суханони оташин моҳи марти соли 1942 ба сафи Армияи Сурхи коргару деҳқон пайваст. Нахуст дар Омӯзишгоҳи ҳарбии миномётии шаҳри Пенза илми ҳарб омӯхту бо рутбаи лейтенанти хурд ба ҳимояи Ленинград фиристода шуд.
Ҳабиб Юсуфӣ, ки бисёр шеърҳои шоирони шаҳири рус Пушкину Лермонтов ва дигаронро ба тоҷикӣ баргардонда буд, ба шаҳри Ленинград меҳри хосса дошт. Аз ин рӯ, дар мактубҳояш ба азизонаш менавишт, ки душмани хунхору ғаддорро ба наздикӣ аз шаҳри Ленинград дур меафкананд ва “девор”-и муҳосираро барҳам мезананд.
Вақте ки соли 1944 фармони аз фронт ҷавоб додани аҳли адабу фарҳанг содир мешавад, бисёр шоиру нависандагон ба диёри худ бармегарданд, вале Ҳабиб Юсуфӣ бо ихтиёри хеш дар ҷабҳа мемонад ва муборизаро бар зидди фашистон идома медиҳад ва дар як номааш зикр месозад: «Саломатӣ бошад, роҳи мо ба Самарқанд ва Сталинобод ба воситаи Берлин аст…». Аммо...
Зимистони соли 1944 Артиши Сурх ба сарҳади Полша қадам мегузорад. Якуми август шӯриши сокинони Варшава бар зидди фашистони яғмогар сар мешавад ва он тамоми шаҳрро фаро мегирад. Ҳафтаи аввал 40 ҳазор нафар ба майдон мебарояд ва истилогаронро дар чанд маҳалла мағлуб месозанд, вале, аз сабаби нарасидани лавозимоти ҷангӣ ҳоли шӯришгарон ба танг меояд ва ба шикаст мувоҷеҳ мегарданд. Роҳбарони шӯриш ба воситаи Сарвазири Англия У.Черчилл аз Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР И.В. Сталин хоҳиш менамоянд, ки аскарони шуравӣ зуд ба имдодашон расанд. Ҷанговарони фронтҳои 1-уми Украина ва Белоруссия дар 40 шабонарӯз 700 километр масофаро тай намуда, ба Варшава расиданд, аммо то ин вақт, аллакай, шӯриш бераҳмона пахш шуда буд. Фашистон зиёда аз 200 ҳазор сокини шаҳрро қатл карданд. Варшава низ ба хок яксон шуд. Амалиёти Варшава-Познанск 14-уми январи соли 1945 оғоз ёфт ва дар рӯзи 4-уми муҳориба сарбозони армияҳои 47 ва 61-ум, армияи танкии 2-юми гвардия гурӯҳи варшавии душманонро шикаставу пора-пора намуда, Варшаваро озод карданд.
Олими адабиётшинос Ҳамроқул Шодиқулов, ки тартибдиҳанда ва муаллифи сарсухану тавзеҳоти китоби Ҳабиб Юсуфӣ “Роҳи нотамом” мебошад, чунин зикр намудааст: “Вай бо қаҳрамонӣ ва фидокориҳо то остонаи Варшава расида, дар яке аз муҳорибаҳо бо сарбаландӣ ва ифтихор ҷону тан дар роҳи Ватан додааст”. Мураттиби китоб мактуби комиссариати ҳарбиро, ки ба аҳли оилаи шоири ватандӯст расида буду аз бойгонии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дастрас намудааст, меорад: “Лейтенант Юсуфов Ҳабибулло дар фронт сахт ярадор шуда, 4-уми феврали соли 1945 дар Полша вафот кард ва дар қабри 9-уми қабристони ҳарбиёни рус, дар мавзеъчаи Вешнуи губернияи Варшава дафн шудааст”. Ҳабиб Юсуфӣ барои корнамоиҳои ҷангиаш бо медали Барои мудофиаи Ленинград (1943) ва ордени Ситораи сурх (1944) сарфароз гардидааст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.04.2025 №: 84-85