ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
Марди қаблан судшуда боз даст ба ҷиноят зад
Кормандони мақомоти милитсия як сокини шаҳри Панҷакентро, ки аз ӯ марди 28-сола ном бурда мешавад, бо гумони суиқасд ба одамкушӣ дастгир карданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард қасд ба ҷони ҳамсари собиқаш (зани 38-сола) намуда, 25-уми апрели соли равон дар ошхонаи “Фарғона”, воқеъ дар маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Фирдавсӣ, аз рӯи рашк ва хусумати пешина бо корди хоҷагӣ ба ӯ зарба задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардид.
Гумонбаршаванда дар ҳоле даст ба чунин кирдор зад, ки қаблан бо моддаҳои 141 ва 376 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст.
Ҷавобгарии ронандаи фирорие, ки сабаби ҳалокати инсон шуд
Як сокини ноҳияи Деваштич (марди 48-сола) 24-уми апрели соли 2025 ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳоти Яхтон дучархарон Исматулло Ибрагимови 65-соларо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, вале аз ҷониби кормандони милитсия ба зудӣ муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса дучархарон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гашт ва як рӯз пас ба ҳалокат расид.
Тавре маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, айни ҳол нисбат ба гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 127 (дар хатар монондан...) ва қисми 2 моддаи 212 (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ҷавони ғоратгар ба дасти милитсия афтод
Мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе амали ҷавони 23-солаеро мавриди таҳқиқ қарор дод, ки дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ гумонбар мешавад.
Шахси гумонбар сокини пойтахт буда, 23-юми апрел дар кӯчаи Зарафшони ноҳияи Сино аз дасти ноболиғи 11-сола телефони тамғаи “Редми-9”-ро ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Бино ба иттилои сомонаи ВКД, зарари расондашуда аз ин ҳисоб 1 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.04.2025 №: 84-85
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН