ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. АЗ ИСТЕҲКОМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТО ПАЁМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ

02 май 2025, Ҷумъа
8
Аслан, дар фазои тантанавӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ фурсати муносибест, ки мо бори дигар ба гузашта рӯ оварем, аз хисороти сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва худсӯзиҳои оғози истиқлоли давлатӣ сабақ омӯзем. Расидан ба ваҳдати миллӣ, ки ба корномаҳои сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад, кишвари соҳибистиқлоли моро аз як давраи торики таърихӣ ба самти рӯшаниву саодати миллӣ ҳидоят кард.
Ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намекунем, ки дар оғози истиқлоли давлатӣ бо дасисаи душманони дохилу хориҷ ва гурӯҳҳои манфиатдор мардуми тоҷик чи ранҷҳоеро аз сар гузаронд. Ҳарчанд ба ёд овардани он рӯзҳои даҳшатбор осон нест, вале саҳнаҳои торики ҷангу хунрезӣ, муҳоҷирати иҷборӣ ба кишварҳои ҳамсоя, ки ҳама аз бими ҷон буд, чун бахше аз оғози давлатдории навини мо дар таърих сабт гардидаанд.
Агар дар он замон номи кишвари мо ба далели ноамниҳо дар ҳошия кашида мешуд ва мардуми олам, бахусус, ҷаҳонгардони хориҷӣ аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ мекарданд, ҳоло баръакси ин ҳолатро мебинем. Феълан сайёҳон бо майлу рағбати зиёд ба марзи Тоҷикистони амну бехтар по мегузоранд ва бо таассуроти нек ба ватанашон бармегарданд. Ин ҳама аз талошҳои давомдори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, ки бо сиёсати санҷидаю оқилонаи худ на фақат сулҳу ризояти миллиро истеҳком бахшиданд, балки мамлакати моро дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббукору собитқадам дар ҳали масоили глобалӣ муаррифӣ карданд.
Ҳоло паёми сулҳи тоҷикон дар шахси Пешвои муаззами миллат ва сиёсатмадори башардӯсти олам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марзҳоро убур карда, аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад. Далели равшан ин аст, ки дар баробари панҷ ташаббуси қаблӣ оид ба обу иқлим, соли гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии СММ пешниҳод карданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул шавад. Дарвоқеъ, ин паёми ҷаҳонсозе буд, ки ба тақдири имрӯзу ояндаи мардуми ақсои олам гиреҳ мехӯрад ва дар сурати муносибати ҷиддӣ ба ин пешниҳод кафолати ҳамзистии осоишта таъмин хоҳад шуд.
Аминем, ки дар сатҳи байналмилалӣ ба ташаббуси навбатии кишвари мо бархӯрди оқилона сурат мегирад, зеро таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон кайҳо боз дар ҷаҳони имрӯз эътироф ва мавриди омӯзиш қарор гирифтаву ба шахси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва ташаббускори ҳалли масоили байналмилалӣ эҳтиром гузошта мешавад.
Дар иртибот ба чунин ҷойгоҳи шоистаи кишвару Сарвари маҳбуби хеш мо – ҷавононро зарур аст, ки қабл аз ҳама, дар ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ устувор бошем, ҳамзамон, бо гиромидошти неъматҳои истиқлолу озодӣ, дар оянда обрӯ ва нуфузи афзояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳифз намоем.
Файёз ФИРӮЗ, донишҷӯи соли дуюми факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Санаи нашр: 02.05.2025 №: 87