ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

02 май 2025, Ҷумъа
24
Қаллобӣ ё нафси бад милитсияро ба толори суд бурд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ваколатдори калони оперативии шуъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯии воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ У. Абдуллозода ва дигаронро, ки ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ айбдор мешаванд, ба суд фиристод.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ: «У. Абдуллозода дидаву дониста аз он ки шаҳрванд Ш.Ҳ. барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳабси маъмурӣ қарор дорад ва нисбаташ ягон гуна маводи санҷишӣ вобаста ба ҳолати даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷой надорад, бо як қатор кормандони ВКД сухан як намуда, бо роҳи фиреб ба боварии бародари шаҳрванд Ш.Ҳ. - Ш.Ш. даромада, аз номбурда бо баҳонаи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва аз ҳабси маъмурӣ озод намудани додараш ғайриқонунӣ 200 000 сомонӣ талаб карданд».
Шаҳрванд Ш.Ш. бошад, бехабар аз қасди ҷиноятии У. Абдуллозода ва шариконаш давоми моҳи январи соли 2025 дар чанд ҳолат тариқи миёнаравҳо ба корманди милитсия 190 000 сомонӣ додааст.
Ҳоло парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба У. Абдуллозода ва дигарон бо аломатҳои дар моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ пешбинишуда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар дасти суд қарор дорад.
Ҷавобгарии марде, ки ҳамсарашро шиканҷа кард
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кормандони милитсия марди 33-солаеро дастгир намуданд, ки ба таҳдиди куштан ё расондани зарари вазнин ба саломатӣ гумонбар мешавад.
Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора иттилоъ медиҳад, гумонбаршаванда 28-уми апрели соли 2025 дар манзили истиқоматиаш бар асари як муноқиша бо корд ба ҳамсараш зарари ҷисмонӣ расонда, ӯро лату кӯб ва таҳдид ба куштан кардааст.
Дар иртибот ба ин ҳодиса нисбат ба марди хушунатпеша бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятӣ (таҳдиди куштан ё расондани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду солро пешбинӣ менамояд.
Қонун ҷилави корчаллони фиребгарро гирифт
Мақомоти корҳои дохилӣ ба тафтиши аъмоли марде шуруъ кардааст, ки як бонуи тоҷик (зани 46-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ)-ро дар Федератсияи Русия мавриди истисмори меҳнатӣ қарор додааст.
Сомонаи ВКД хабар дод, ки ин мард, сокини 28-солаи ноҳияи Варзоб буда, бо «Раҷабалӣ» ном шахс дар шаҳри Богдановичи вилояти Свердлови Русия тахминан моҳи апрели соли 2024 бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт зани 46-соларо дар як фабрикаи пойафзолбарорӣ ба кор ҷалб намуда, ӯро мавриди истисмори меҳнатӣ қарор додаанд. Гузашта аз ин, ҷабрдидаро ба асорати қарзӣ гирифтор намуда, шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳояшро бо роҳи маҷбурӣ гирифтаанд.
Дар ин робита, нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 1301 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (харидуфурӯши одамон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.05.2025 №: 87