ГАРМИИ ОТИФӢ ДАР ФАЗОИ ТЕАТРӢ

Шаҳри Душанбе рӯзҳои 14-21-уми апрел мизбони чорабинии муҳими маърифатӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ – Фестивал-озмуни театрҳои касбӣ “Парасту-2025” буд. Тайи як ҳафта ҳаводорони ҳунари театрӣ, ки, мутаассифона, дар ин шабу рӯз ангуштшуморанд, дар театрҳои пойтахт намоишҳои озмуниро тамошо карда, ғизои маънавӣ бардошта, сатҳи завқи бадеӣ-эстетикии худро то ҷое боло бурданд.
Ростӣ, тайи як ҳафтаи баргузории Фестивал-озмун аз ҳузури фаъоли ҷавонон ва ҳаводорони санъати театрӣ хеле хушнуд шудем ва аз баҳсу мунозираҳои сарироҳие, ки бо чанд тан аз фарҳангиёну бинандагон доштем, ба ояндаи неки ин ҳунари, ба истилоҳ, аз қатора дурмондаи миллию ҷаҳонӣ, итминон ҳосил кардем. Дар ҳоле ки таваҷҷуҳи ҷомеа ба театр ва намоишҳои театрӣ камранг шудааст, дидану мушоҳидаи ҷалби ихтиёрии сокинони пойтахт ва меҳмонони шаҳр ба тамошои намоишҳо як навъ хушбинии муваққатиро бароямон эҳдо намуд. Дар 7-8 намоише, ки ҳузур доштем, пур шудани толорҳои театрро дида, хушҳолию хушнудиамон меафзуд. Мутаассифона, пас аз анҷоми Фестивал-озмун боз сукуту оромиши ҳамешагӣ фаро мерасад ва маъракаи театрравию тамошои намоишҳои театрӣ мутаваққиф мешавад. Ин аст, ки дар фикри ҷалби ҷомеа, махсусан ҷомеаи пойтахт, ба театр ва намоишҳои театрӣ бояд шуд ва холигаҳи маънавиро аз тариқи сафарбарии табақаҳои гуногуни иҷтимоию мадании шаҳрию музофотӣ ба театр комил бояд сохт. Дар акси ҳол, ба ҷойи маърифати театрӣ, ки инсонро ба сӯйи озодию истиқлоли фикрию ҳувиятӣ раҳнамун месозад, хушкандешӣ дар ҷомеа таҳкиму тасаллут ёфта, ҳамчун саратон баданаи иҷтимоиро аз дарун хурдаву аз кор мононда, ба ҳалокати тадриҷӣ мерасонад. Аз ҳама муҳим, фориғболию бепарвоию бетарафию саҳлангорию хунукназариҳои мо боиси пойин рафтани сатҳи завқи ҷомеа гардида, шӯри безавқию кӯрзавқӣ дар фазои ватанӣ ҳангомапароканӣ мекунад. Аз сӯйи дигар, камтаъсирӣ, номуассирӣ ва билохира нокоромадии барномарезиҳои алтернативӣ-гузинавии адабӣ, бадеӣ, маърифатӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва маданӣ боиси бетавҷаҷҷуҳӣ ба фарҳанги миллӣ ва аз ҷумла санъати театрӣ гардида, роҳро барои фарогир шудани буҳронҳои фикрию ҳувиятию иҷтимоию ақидатию маърифатӣ ҳамвор сохтааст. Аз ин ҷост, ки хушкандешии динию дунявӣ аз як тараф ва таассубу хурофотзадагӣ аз тарафи дигар, масунияти ҷомеаро сусту заиф намуда, насли наврасу ҷавонро осебпазир сохтааст.
Мо ҳам мисли соири муштариёну ҳаводорони санъати театрӣ аз ин маъракаи дархури маърифатӣ-фарҳангӣ бебаҳра намондем ва чанд намоишномаи озмуниро бозавқ тамошо кардем.
Дар маҷмуъ, намоишҳо хуб буданд ва аз ҷониби ҳунармандон дар сатҳи зарурӣ пешниҳод гардиданд. Албатта, дар ҳар намоиш ва умуман, ҳар кору умуре, ғалату иштибоҳот роҳ меёбанд. Баъзан, уфту иштибоҳоти соҳавию ихтисосӣ ва ба истилоҳ, нопайвандию ноҳамгуниҳои мундариҷавию мантиқӣ дар намоишномаҳои озмунӣ ба назар расиданд, ки арзиши асари саҳнавиро пойин бурданд, вале камбуду навоқиси саҳнавӣ-ихтисосӣ, аз ҷумла маҳорати коргардонӣ, интихоби мавзуъ, ҳирфавияти ҳунармандон, танқисии молиявӣ, камомади ҳунармандони ҳирфавӣ, муҳтавои миллӣ, заъфи лаҳнӣ-овозӣ, норасоии анҷому асбоби саҳнавӣ ва амсоли инҳо дар ҳама театрҳои ватанӣ ба назар мерасанд. Бовар дорем, ки бо даст додани имконот камбуду навоқиси ҷойдошта, тадриҷан, рафъ мегарданд ва театри ватанӣ мақому ҷойгоҳи аслии худро дармеёбад. Аз ҳама муҳим, ғалату иштибоҳот ҷиддӣ набошанд ва бинандаро ба роҳи ғалат набаранд ва аз масири дурусти ҳаракат мунҳариф насозанд. Дар робита ба мазмуну муҳтавои намоишҳое, ки шахсан тамошо кардем, чанд нуктаро манзур месозем.
Якум. Намоиши “Ривояти суғдӣ” аз лиҳози мазмуну муҳтаво, мавқеъгирии миллӣ ва самти мафкуравӣ ба дарди миллату давлат мехӯрад. Дар намоиш, ҳарчанд аз лиҳози техникаи бозигарӣ, амалиёти саҳнавӣ, интихоби ҳунармандон, таъсиррасонии бадеӣ-эстетикӣ суст буд, мавзуи меҳварӣ ва ғояи асосӣ – муқовимат ва муборизаи беамон алайҳи душмани ғаддор дар сатҳи зарурӣ бозтоб дода шуд. Маҳз бозтоби дурусти ғояи марказӣ, ки дар қолиби мафкураи миллӣ-давлатӣ зуҳур кард, сатҳи намоишномаро боло бурда, кулли камбуду навоқиси намоишномаро фурӯгузор намуд. Албатта, мудирони Театри Данғара сари камбуду навоқиси техникӣ-фаннӣ ва ихтисосӣ-ҳунарии намоиш фикр карда, чораву тадобири зарурӣ хоҳанд андешид. Вале дуруст расондани ғояи асосӣ намоишро ҳадафрас кард ва бинандаро мутақоид сохта тавонист.
Дуюм. Намоишномаи “Парный танец в одиночку” низ ҷолиб буд. Як ҳунарманд дар симои Раъно Раҳматуллоева ба забони ноби русӣ ҳамзамон чанд образ (зани бехона, хидматгор, савдогар, малика, шаман ва зан-бону)-ро ончунон зебо ва касбӣ офарид, ки бинандагон дар тааҷҷуб монданд. Ҳунарманд аз тариқи васила-приёми эҷодӣ – ҳаракату амалиёт, имову ишора, такаллуму сухангӯӣ ва соири техникаи ҳунарӣ дар як они воҳид аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузашта, симои хешро дигаргун сохта, ҳиссиёту ҳаяҷони инфиродии қаҳрамононашро дуруст ифода намуда, ҳадафро ба бинанда расонда тавонист. Мутаассифона, намоишномаи “Ахтаре дар Хатлонзамин” аз лиҳози мавзуӣ, фарогирии маводи маърифатӣ, сатҳи иҷро ва техникаи ҳунарӣ суст буд.
Сеюм. Намоишномаи “Зангирӣ ё дамгирӣ” дар сатҳи баланди касбӣ намоиш дода шуд. Махсусан, иҷрои зинда ва бидуни фонограммаи суруду мусиқиҳо аз ҷониби ҳунармандони театр сатҳи мусиқию эҷодии намоишро боло бурд. Тими навозандагию ромишгарӣ лаҳзаву пораҳои мусиқавии намоишро дилкашу гуворо иҷро карданд. Ҳамзамон, овозхонии қаҳрамонони актҳои саҳнавӣ бахши овозӣ-рақсӣ ва эҷодии намоишро муассир ҷилва дод. Бовар кунед, намоишҳои ҳаҷвии бисёре аз гурӯҳҳои ҳунарии ватаниро бо шумули “Лаҳзаҳои гуворо”, “Ғарибшо-компания”, “Арабшо”, “Хандинкамон” ва амсоли инҳоро тамошо кардаем, вале дар бисёр маврид ба сатҳи пешниҳоди маводу матолиби хандадори ин гурӯҳҳо шармам меояд ва аз пойин будани завқи бадеӣ-эстетикии ин гуна ҳаҷвнигорон нигаронӣ ҳам менамоем. Аммо дар намоиши “Зангирӣ ё дамгирӣ”-и Театри мусиқӣ-мазҳакаи ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба ин далел лаззату кайфияти хосса бардоштам, ки тими ҳунарии Театр ҳаҷву ҳазли баҷои миллӣ-маҳаллиро дар сатҳи ҳирфавӣ ба намоиш гузошта, дили бинандагонро ба даст овард. Ин ҷо ҳазлу ҳаҷви сатҳию кӯчагӣ набуд, ҳар ҳаракату амали қаҳрамонону персонажҳо дар доираи мавзуъ ва муҳтавои асар чарх мезад ва камтарин ҳаракати ноҷое, ки фазои умумии намоишномаро халалдор месозад, ба назар нарасид. Албатта, лаҳзаҳое буданд, ки метавон онҳоро ба сифати камбуду нуқси эҷодию ҳунарӣ вонамуд, аммо ғояи намоишнома ва ҳадафи асосии тими ҳунарӣ ончунон равшану возеҳ ифода ёфт, ки бинандаро, дар маҷмуъ, қонеъ сохт. Ин буд, ки дар ҷараёни тамошо тими ҳунариро тамоми толор бо кафкӯбиҳои бардавом истиқболу пазироӣ кард.
Чорум. Намоиши “Бозгашт” ҳангомаи дигари “Парасту-2025” буд. Толори Театри давлатии ҷавонон пурбинанда буд. Бисёриҳо, бар асари набуди ҷойи нишаст, намоишро тамошо карда натавонистанд. Коргардони ҷавон Фарҳод Ғаффорпур аз тариқи намоиши “Бозгашт” таърих ва сарнавишти пурмоҷарои Театри шаҳри Конибодомро ба таври солномавӣ-хронологӣ аз ибтидо (соли 1922) то имрӯз (соли 2025) ба намоиш гузошта тавонист. Намоиши “Бозгашт” таърихи зиндаи на танҳо Театри шаҳри Конибодом, балки сарнавишту қисмати соири театрҳои касбию халқию мардумию маҳаллию музофотии кишварамон низ мебошад. Элитаи тими ҳунарӣ, қатъи назар аз солмандӣ аз як тараф ва ҳунармандони ҷавон аз тарафи дигар, намоишномаи “Бозгашт”-ро муассиру ҳадафнок ба ҷилва дароварданд. Иҷрои зиндаи навозишу сурудҳо сатҳи касбият ва тақвияти бахши мусиқавии намоишро таъмин намуд. Муҳимтар аз ҳама, хатти ҳаракати намоишномаи “Бозгашт” ва ҳадафгирии калидии он – шикастани урфу одати нодаркору зарарноки маҳаллию мардумӣ, мубориза алайҳи хурофоту таассуби мазҳабӣ, расидан ба сатҳи озодию истиқлоли миллию мардумӣ дар қолиби муборизаву муқовимати саросарӣ буд, ки тими ҳунарӣ ва персонали иҷро дуруст ба намоиш гузошт. Дар намоиши “Бозгашт” кирдори разилонаи қишри босмачигарӣ ва неруҳои зиддимиллие дар симои фурсатталабону муллоёни мутаассибу ҷоҳили маҳаллӣ бо диду мавқеъгирии миллӣ фош карда шуд. Воқеан, ин навъ иқдоми миллӣ, ки, мутаассифона, тарафдорону ҷонибдорони кам дорад, сазовори таҳсину офарин аст. Дар зимн, дар доираи намоиши “Бозгашт” метавон камбуду мушкилоти ҷиддии театрӣ, аз ҷумла бар асари камбуди молиявию хонаводагӣ аз кори театрӣ дур шудани мутахассисони ҷавон, сатҳи нокифоя ва ноқиси тарбияи кадрҳои соҳаи театрӣ, тасаллути яъсу ноумедӣ дар фазои театрӣ, корсоз набудани барномарезиҳои алтернативӣ, аз байн рафтани дилгармӣ дар миёни персонали ҳунарӣ, бетаваҷҷуҳии дастандаркорони соҳавӣ дар қиболи дастгирию ҳавасмандсозии ҳунармандони ҳирфавӣ, заъфи тими бозигарӣ, мудирияти нодурусти самти ҳунарӣ, ҳамчун ниҳоди мафкурасозӣ пойин рафтани эътибору нуфузи театри касбӣ, корсозу муассир набудани дастгоҳи театрӣ ва амсоли инҳоро мушоҳида кард. Ба ин маъно, намоиши мазкур хеле ҷолиб ва дар айни замон саривақтию зарурӣ ва имрӯзӣ мебошад. Онро зиёд бояд тамошо ва сари мушкилоти ҷойдошта тамаркуз кард.
Панҷум. Дар ду рӯзи ахир (20-21-уми апрел) намоишномаи “Достони Сиёвуш” ва намоиши ғайриозмунии донишҷӯёни ДДФСТ ба номи М. Турсунзода таҳти унвони “Заҳҳок”-ро тамошо кардем. Ҳар ду намоиша бар мабнои достонҳои безаволи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ таҳия гардида, аз зовияи манофеи миллӣ ва мафкурасозии давлатӣ саривақтӣ, ҷолиб ва дархуранд. Коргардон-таҳиягари ҷавон Баҳром Қурбонзода дар намоишномаи “Достони Сиёвуш” (аз рӯйи достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ) ва ҳам дар намоишномаи ғайриозмунии донишҷӯён “Заҳҳок” (аз рӯйи достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ) батамом ҳадафи миллиро аз оғоз то ба охир дунбол кард, ки дар шароити феълии бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ кори бузург аст.
Шашум. Дар ниҳоят, ба кулли дастандаркорон, ҳунармандон ва ҳайати театрӣ, ки ҷиҳати ба намоиш гузоштани асарҳои хуби саҳнавӣ (бо риояи меъёрҳои мафкуравӣ ва авлавиятбахшии манофеи миллӣ) талош меварзанд, ташаккур мегӯем ва чанд нуктаро ба унвони авомили заъфи ҳунарӣ ва мушкилоти соҳавӣ ироа медорем:
а) иллату сабаби нарафтани ҷомеа ба театр;
б) бетарафию саҳлангории раҳбарияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба театр;
в) бетаваҷҷуҳӣ ба мазмуну муҳтавои намоишҳои озмунӣ;
г) рақобатнопазирии ҳунари театрӣ дар баробари намудҳои дигари ҳунарӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ;
ғ) набуди нақди қавии театрӣ;
д) камбуди драматургияи миллӣ;
е) фароравӣ аз колбадшикофиҳои фикрӣ, канор задани мушкилоти асосӣ ва дар ин замина таҳияи намоишномаҳои рӯякӣ;
ё) тарки мавқеи ҳангомасози “ҳунар барои ҳунар, санъат барои хосон”, дур шудан, пайгирӣ намудан ва роҳандозӣ кардани барнома-идеяи “ҳунар барои омма ва иҷтимоъ”;
ж) ба сифати лоиҳа ва сангар-фронти асосии миллӣ-мафкуравӣ-идеологӣ шинохтану арҷ гузоштани театрҳои касбӣ;
з) тақвияти руҳияи миллӣ дар намоишномаҳои озмунӣ;
и) дар меҳвари таваҷҷуҳи ихтисосӣ қарор додани мушкилоту муаммоҳои ҳувиятӣ ва низоми давлатдории дунявӣ ва дар ин замина офаридани намоишномаҳои сирф миллӣ ҳамоно ногуфта ва дар зеҳнҳо монд. Ҳатто масъулони лоиҳа ва як идда аз ҳозирон, ки то охири ҷаласа миқдоран хеле кам монда буданд, ҳавсалаи шунидани суханони якдигарро надоштанд. Бо ин гуна шитобкорӣ, ки ба амали рӯзмарра дар чорабиниҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ табдил ёфтааст, ба ҳадаф дар сад соли дигар намерасем.
Ҳафтум. Тарбияи миллии кадрҳои соҳаи театрӣ ба мушкили рақами яки соҳавӣ ва дар маҷмуъ, давлатӣ табдил ёфтааст. Бо дарназардошти он ки ҳунари театрӣ ба унвони ҳастаи сиёсӣ-идеологӣ шинохта мешавад, таҳкиму тақвияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании он ҳамчун дастгоҳи муқтадири мафкурасозии миллӣ амр ва талаботи замон аст. Ин дастгоҳи пурқудрати мафкурасозии миллӣ, ки онро ба унвони “машинаи сиёсӣ-идеологӣ” таъриф кардаанд, дар роҳи бозшиносии мушкилоти ҳувиятӣ, ташхиси уқдаҳои равонию иҷтимоӣ ва билохира муаррифии миллату давлат хидмати бузурге анҷом дода метавонад. Пас, аз ин машинаи мафкуравӣ васеъ истифода бояд бурд ва нагузошт, ки ҳар кӣ бо таваҷҷуҳ ба завқу дидгоҳи ҳошиявии худ аз он истифода карда, миллатро ба бунбасти ҳувиятию фикрию маданӣ бирасонад.
Нозим НУРЗОДА,
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Санаи нашр: 05.05.2025 №: 88
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
05 январ 2024, Ҷумъа
Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ