ЗАН ВА ҶАНГ. ҚИССАИ ҶАНГОВАРЗАНЕ, КИ МУҚИМИ ҲИСОР ШУД

05 май 2025, Душанбе
7
Қаҳрамонон намемиранд. Дарвоқеъ, ҳар нафаре, ки пайваста амали нек анҷом диҳад, хусусан баҳри ҳифзу ҳимояи хоки Ватан ҷони худро дареғ надошта, ҷонбозиҳо намояд, номи ӯ ҳеҷ гоҳ аз лавҳаи хотираҳо зудуда намешавад. Дар таърих номи чунин ашхос бо ҳарфҳои заррин навиштаву ҳамеша дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд. Хоҳарони ҷанговари диёрамон – танкист – алоқачӣ Робия Холматова ва пулемётчӣ Зайнаб Мухаммадшина, сокинони деҳаи Чанори деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор аз зумраи чунин нафаронеанд, ки дар ҳар маҳфилу чорабинӣ вақте сухан атрофи фаъолияти занҳои шуҷоъ меравад, ҳатман аз онҳо бо ифтихор ёдовар мешаванд.
Тибқи маълумотномаҳое, ки оид ба зиндагинома ва корномаҳои ин занони қавииродаву ҷасур ҳифз шудааст, маълум гашт, ки Холматова Робия (Мухаммадшина Рабиға Бориевна, 10-уми июни соли 1925 дар деҳаи Янғи Сола, ноҳияи Комн, Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тотористон таваллуд шуда, 14-уми марти соли 2017 дар шаҳри Ҳисор вафот кардааст) соли 1938 синфи 7-умро хатм карда, соли 1942 ба хизмати ҳарбӣ рафтааст.
Ӯ давоми 6 моҳи аввал дар курси фелдшерӣ таҳсил карда, сипас дар госпитали шаҳри Сталинград (Волгогради ҳозира) фаъолияташро давом медиҳад. Ҳангоми хона ба хона овардани ҷанговарони бемору маҷруҳ ду маротиба ба Тоҷикистон меояд ва маротибаи охирин бо муаллим Азиз Холматов тақдирашро мепайвандад.
Робия Холматова чанд сол қабл, зимни яке аз мусоҳибаҳояш бо рӯзноманигорони маҳаллӣ бисёр самимию заминӣ суҳбат ороста, доир ба набардҳояш бо душманони ғаддор, рӯзҳои сиёҳи ба сари мардуми бегуноҳ омада ва сабаби ба Тоҷикистон омадану сокини муқимии ин диёр шуданаш қисса кардааст. Чуноне ки рӯзноманигор зикр намудааст, аз қиссаҳои ин модари воқеан ҳам нотарсу тавоно, ғамхору меҳрубон ва шӯхтабиат гоҳ ба риққат омада, мехоҳӣ бигирйӣ ва гоҳе бихандӣ. Ӯ ҳини суҳбат аз саргузашти худ ёдовар шуда, баъзан ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад ва гоҳе механдид:
– Дар оғози ҷанг 16 сол доштам. Ҷавонписарон ба ҷанг мерафтанду бисёрашон ҷонро аз даст медоданд, аз ҷумла бародарони ман ҳам. Деҳаҳои бузург бе мард мемонданд, даҳшатнок буд он солҳо. Фашист ба дили мамлакатамон – шаҳри Москва наздик мешуд, Ватан ниёз ба аскар дошт. Чи кор мекунад духтар дар деҳаи бемард гуфта, мо ҳам моҳи апрели соли 1942 ба майдони ҷанг рафтем. Маро дар шаҳри Сталинград ба як полки танкӣ алоқачӣ таъин намуданд. Соли 1943 дар як садамаи нақлиётӣ маҷруҳ шуда, се моҳ дар госпитали ҳарбии шаҳри Саратов табобат гирифтам. Баъди шифо ёфтанам, боз ба фронт рафтам ва то охири ҷанг дар шаҳрҳои Киев, Житомир ва шимоли баҳри Сиёҳ хизмат кардам. Баҳори соли 1945 дар Маскав будам, ки муждаи ғалабаро шунидам. Ҷанг тамом шуд, мо шодӣ мекардему ашк мерехтем, тасаввурнопазир аст он лаҳза. Тӯпҳо гулдурос мезаданд, Маскав гӯё меларзид…
Соли 1946 маро ба хона ҷавоб доданд. Апаам Зайнаб дар ҷанг бо як тоҷикписар шинос шуда, ба Тоҷикистон меояду хонадор мешавад. Падару модарам соли 1946 маро барои хабаргирии апаам ба Тоҷикистон мефиристанд. Ман ба меҳмонӣ омадаму бо амри тақдир ин Ватан хонаи якумраам гардид. Дар ин ҷо бо маслиҳат ва хоҳиши апаам маро низ ба як нафар хеши шавҳари апаам хонадор карданд. Бо ҳамин роҳи зодгоҳ бароям баста шуд, – иброз доштааст ин модари қаҳрамон.
Шавҳари холаи Робия Азиз Холматов низ иштирокчии ҷанг буд ва дар деҳаи Қаряғочи он замон ноҳияи Шаҳринав омӯзгор шуда кор мекард. Соли 1958 бо сабаби нарасидани муаллим дар мактабҳои деҳот онҳо ба деҳаи Чанор мекӯчанд ва пешаи омӯзгориро дар ин деҳа давом медиҳад. Робия Холматова бошад, то охири умр касби духтуриашро идома додааст. Онҳо соҳиби 10 фарзанд – 5 писару 5 духтар ва зиёда аз 80 набераву абера мебошанд. Фарзандонашон яке муаллиму дигаре табиб ҳатто як духтари онҳо галабони хоҷагӣ шуда, кор мекунад.
Ёдрас бояд шуд, ки Робия Холматова барои хизматҳои арзандааш бо ордени Ситораи Сурх, медалҳои зиёд ва унвони Қаҳрамонмодар сарфароз гардонда шудааст. Доир ба зиндагинома ва корнамоиҳои ҷангию меҳнатии ин модари диловару ҷанговари шуҷоъ ҳар қадаре сухан гӯем, кам аст, зеро фаъолияти онҳо худ як мактаби ватандӯстиро мемонад. Аз ин рӯ, месазад, ки насли ҷавон бояд аз таърихи гузаштаи миллати худ ва заҳмати қаҳрамонони ҷонфидои он огоҳ бошанд. Ҳамзамон, ба қадри ҷонбозиҳои онҳову сулҳи пойдори имрӯзи Ватани биҳиштосоямон бирасанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 05.05.2025 №: 88