ПАРЛУМОН. СОЗИШНОМАЕ, КИ БА АЗНАВСОЗИИ 49 КИЛОМЕТР РОҲ АСОС МЕГУЗОРАД
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба “Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Данғара – Гулистон” баррасӣ гардид.
Сарвар Қурбониён, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии Созишномаи мазкур иброз дошт, ки ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳа сохтмон ва азнавсозии 49 километр роҳи автомобилгарди Данғара - Гулистон ва васеънамоии он ба 4 хат бо дарбаргирии элементи роҳи сабз, инчунин, сохтмони 48,8 километр роҳи дучархаронӣ ва сохтмони ду нуқтаи барқдиҳии автомобилҳои электронӣ мебошад.
Зикр шуд, ки Созишномаи мавриди назар 11-уми марти соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 38 миллион евро ба имзо расид. Барои амалӣ гардондани лоиҳаи номбурда аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ёрии техникӣ дар ҳаҷми 1,4 миллион евро пешниҳод гардидааст.
- Татбиқи лоиҳа соли 2025 оғоз гардида, анҷоми он дар соли 2030 ба нақша гирифта шудааст, - гуфт Сиёвуш Наботзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.05.2025 №: 88
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ