САИДИ ЁР. САҲИФАИ НАВ ДАР КОРНОМАҲОИ ҶАНГИИ ТОҶИКПИСАРОН
Достони ин мард хеле аҷиб аст ва месазад, ки аз корнамоиҳову қаҳрамониҳояш қисса кунему сабақ гирем. Ӯ дар қатори 300 ҳазор ҷавонмарди тоҷик, ки солҳои 1941-1945 ҷони худро дареғ надошта, ба ҳимояи Ватан бархостанд, роҳии майдони набард шуд ва тани танҳо корҳоеро анҷом дод, ки аслан вазифаи як баталион ва ё полк буд.
Агарчи дар шиноснома ном ва насабаш Яров Саид аст, вале ҳамдеҳаву наздиконаш ӯро Саиди Ёр ном мебурданд. Қисмат хатти зиндагии Саиди Ёр-ҷавони ҳанӯз ба синни 20 қадам наниҳодаро, ба ҳарбу зарб пайваст.
Тавре фарзандаш Бобомурод Яров дар суҳбат бо мо гуфт, ӯ соли 1939 ба хизмати ҳарбӣ меравад. Муддате нагузашта 1-уми сентябри ҳамон сол Ҷанги дуюми ҷаҳон сар мешавад, ки дар набардҳои хунини он қатори дигар фарзандони миллати тоҷик далерона меҷангад.
Қаҳрамони мо-Саиди Ёр зери ливои Ватан, бахусус, дар озод намудани Украинаи Ғарбӣ, аз ҷумлаи касоне буд, ки фидокорона меҷангид.
Пас аз комёбиву музаффариятҳо дар озод намудани Украинаи Ғарбӣ, дере нагузашта, Олмони фашистӣ ба хоки Иттиҳоди Шуравӣ ҳамлаи ногаҳонӣ анҷом медиҳад ва Саиди Ёр дарҳол ба сафи муборизони Ватан мепайвандад ва боз ҳам синаи хешро барои ҳимояи Меҳан сипар мекунад...
ЛАҲЗАЕ АЗ ОН АЙЁМ
Ҳанӯз нурҳои хираи Офтоб шишаҳои тирезаи ҳуҷраҳои хобро рахна карда, ба рӯйи рангпарида ва ҳаросони мардум рӯшанӣ ва гармӣ медод, ки оромии кайҳо боз ҳукмфармои деҳаи Мясокомбинати ноҳияи Краснооктябрскийи шаҳри Сталинградро ҳуҷуми ғайричашмдошти аскарони фашистӣ на танҳо халалдор намуд, балки тарсу ваҳмро низ ба болои аҳолӣ овард. Садои тӯпу танкҳои фашистӣ якбора пайдо гаштаву ба сақфи осмони деҳ мепечид ва мардумро бештар ваҳшатзада мекард. Он вақт аҳолии деҳа дар чеҳраи якдигар танҳо маргро медиданд... Магар оҳу нолаи мазлумони бечора ба осмонҳо рафта, ба гӯши Каҳкашон расид, ки ба бахти онҳо командири отрияд-сержант Яров Саид ба ҳифзи ҷонашон бархост. Саиди Ёр, ки роҳбарии як гурӯҳи зудамали дар чандин набарду муҳорибаҳо дастболоро бар уҳда дошт, дар наздикии деҳаи мазкур дар камин буд. Ҳамин ки хабари ҳуҷуми бисёрнафараи фашистони истилогар ба ӯ расид, ҷон дар кафи даст муқобили душман бархост. Чунон зарбае ба он полку баталионҳои душман зад, ки пеш аз ин надида буданд. Душман аз шуҷоату бузургии ӯ ангушти ҳайрат мегазид. Ҳеҷ бовар надоштанд, ки як командир ҳамроҳи гурӯҳе, ки мешавад онҳоро ба ангушт шумурд, бар як полки муҷаҳҳаз бо танку тӯп ғолиб ояд. Ҳайбати Саиди Ёр дар аввалин вохӯрии ҷангҷӯён, аллакай руҳияи душманро шикаста буд. Онҳо дигар фақат худро ҳимоя мекарданду ақибнишинӣ мекарданд. Аз шаҳди пирӯзӣ ашки шодӣ дар чашмони сокинони деҳаи Мясокомбинати ноҳияи Краснооктябрский ҳалқа мезад. Намедонистанд ба Саиди Ёр чигуна минатдорӣ баён намоянд. Охир ӯ барои ҳифзи ҷони онҳо, аз ҷони худ гузашта буд. Деҳаи Мясокомбинати ноҳияи Краснооктябрскийи шаҳри Сталинград танҳо як деҳаи муқаррарӣ набуд, балки аз лиҳози стратегӣ мавқеи намоён дошт. Дар он корхонаву заводу фабрикаҳо низ фаъол буданд. Ҳамин мавқеяш буд, ки интихоби душман бар сари он қарор гирифт. Ба фазилату ҷоннисории Саиди Ёр, хушбахтона, аду ба ҳадафи нопокаш нарасид, шикаст хӯрд.
Ӯро барои он ҳама ҷонбозиҳояш бо ордени Ситораи сурх қадр карданду номашро гиромӣ доштанд.
Саиди Ёр аз он рӯзҳо танҳо захми тире чун хотира дар тан дошт. Ҳар вақт ба он менигарист, ёди рӯзҳои гузашта навори хотироташро гардон мекард. Он ҷароҳате буд, ки барои озодии гӯшае аз диёраш дар ҷисмаш боқӣ монд.
Ин достони кӯтоҳ қатрае аз баҳри корнамоиҳои Саиди Ёр аст, ки то имрӯз дар хотираҳои наздикон ва асноди ҷангӣ сабт гаштааст. Магар мешавад, чунин фидоиро фаромӯш кард, ки дар замони ҷанг се маротиба захмӣ мешавад, аммо аз ҳимояи Ватан даст барнамедорад, зеро ҳимояи Ватан барояш арзиши баланд дошт...
Пас аз анҷоми ҷанг Саиди Ёр ба пешаи аввалини худ-омӯзгорӣ бармегардад ва то дами марг пойбанди таълиму тадрис мешавад.
Ҷустуҷӯҳои мо дар бораи зиндагии Саиди Ёр ошкор намуд, ки ӯ барои ободии диёру сарзамини хеш ҳам корҳои хубе анҷом додааст. Бузургон ва калонсолоне, ки ӯро дар ёд доранд мегӯянд, ки Саиди Ёр аз деҳаи Ҷиргинак истода ба Маскав паёмҳои хос медод ва, ҳатто, ба суханаш гӯш медоданд, хостаҳояшро иҷро менамуданд. Сохтмону бунёди роҳе, ки дараи Алмосиро тариқи мавзеи Лучоб ба Душанбе мепайвандад, аз ҷумлаи ибтикороту ободкориҳои Саиди Ёр мебошад.
Қаҳрамони мо ғайр аз ордени Ситораи сурх боз ду маротиба соҳиби медали барои ҷасорат ва се маротиба соҳиби медалҳои ҷашнӣ гаштааст. Ӯ соли 1971 дар деҳаи Ҷиргинаки шаҳри Ҳисор аз дунё чашм пӯшид.
PS: Идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” ин матлабро бо мусоидати набераи Саиди Ёр- Хуршед Очилдиев дар асоси маълумоти бойгонии шаҳри Маскав таҳия намуд, зеро то кунун дар бораи корномаҳои ҷангии Саиди Ёр ҷое матлаб нашр нашудааст. Пайвандони Саиди Ёр танҳо ҳаминро дар хотир доранд, ки боре адиб ва ҷангноманависи номошнои тоҷик Раҳмон Сафар ба хонаашон омадаву баъзе маводи заруриро аз онҳо гирифтааст. Вале дере нагузашта, хабари марги Раҳмон Сафар ба гӯши онҳо мерасаду дигар касе паси он матлаб намеравад.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.05.2025 №: 89
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН