ОБ. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ НИЗОМИ ХОҶАГӢ
Об ва захираҳои обӣ, бахусус дар шароити кӯҳсор, табиатан тоза ва софу зулоланд. Танҳо аз фаъолияти мо – инсонҳо, таъсири гармшавии глобалии иқлим ва сар задани офатҳои табиӣ сифати захираҳои об назаррас тағйир меёбад, ки ин васила ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт, саноат, кишоварзӣ ва сатҳи некуаҳволии мардум таъсири манфӣ мерасонад.
РАВАНДИ ТОЗАКУНИИ ОБ
Ба манбаъҳои об, хусусан дарёҳо, партовҳои саноатию маишӣ таъсир мерасонанд. Пеш аз истифодаи оби дарёҳо ҳамчун оби нӯшокӣ он дар иншооти махсуси тозакунии об коркард шуда, дар ин раванд, моддаҳои органикӣ, бактерияҳо ва моддаҳои кимиёвии зараррасон тоза карда мешаванд. Бо ин мақсад, дар ҳудуди ҷумҳурӣ, хусусан дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Норак, Бохтар, Ҳисор, Турсунзода ва чанд ноҳияҳои дигар пойгоҳҳои бузурги обтозакунӣ фаъолият менамоянд.
Саидмурод Қаландаров, сармуҳандиси шабакаи обу корези пойтахт иброз дошт, ки дар Душанбе пойгоҳҳои азими обтаъминкунии рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ мунтазам ба аҳолӣ хидмат мерасонанд. Мо оби зеризаминиро аз чуқурии бештар аз 80 метр гирифта, ба аҳолӣ дастрас менамоем. Аз ин рӯ, таркиби бактериологии чунин обҳо тағйир наёфтааст. Вале обҳои рӯйизаминӣ, ки аз дарёи Варзоб сарчашма мегиранд, вобаста ба фаслҳои сол мушкилӣ эҷод менамоянд. Агар бо солҳои пеш муқоиса намоем, сифати оби дарёи Варзоб тағйир ёфтааст. Солҳои пеш фаъолияти инсон ба табиат, аз ҷумла ба дарёҳо, камтар буд, ҳоло одамон ба манбаъҳои об ҳам аз ҷиҳати бактериологӣ, ҳам физикӣ зиёд таъсир мерасонанд. Махсусан, фаъолияти одамон дар наздикии соҳили дарёҳо афзудааст.
РАФЪИ ОБҲОИ ПАРТОВ АЗ МУШКИЛОТИ АСОСИСТ
Ҳамарӯза обҳои партов, ки аз хонаҳои мо ва корхонаҳо ба берун мерезанд, танҳо пас аз тозакунӣ дар иншооти таснифоти корезӣ ба манбаъҳои об, аз ҷумла ба дарёҳо, ворид мешаванд. Ин раванд дар зоҳир одӣ намояд ҳам, вале дар асл кори басо мушкил ва заҳматталаб аст, ки боз ҳам бар дӯши пойгоҳҳои обтозакунист.
Масъулони соҳа мегӯянд, ки яке аз мушкилоти ҷиддии шабакаҳои обу корез ин ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ набудани системаи рафъи обҳои партов (канализатсия) мебошад. Мутахассисон барои доимо фаъол будани системаи рафъи обҳои партов пайваста чора меандешанд: партовҳои обиро тоза мекунанд, лӯлаҳои обгузарро аз таъмир мебароранд.
Бо вуҷуди ин, дар баъзе минтақаҳо шабакаҳои обу корез ҳанӯз мавҷуд набуда, партовҳо аз манзилҳои зисти аҳолӣ ва баъзе мавзеъҳои истироҳатӣ ба дарёҳо мераванд, ки ин ба муҳити зист ва саломатии шаҳрвандон таъсири манфӣ дорад. Ҳатто, пас аз тозакунӣ обҳои партов метавонанд ба экосистемаи обӣ ва гуногунии биологӣ осеб расонанд.
ТАҲЛИЛИ ТАҲНИШИНҲОИ ҚАРЪӢ МУҲИМАНД
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ҷумҳурӣ низоми ягонаи давлатии мониторинги экологӣ мавҷуд буда, барои мониторинг ва арзёбии сифати обҳои табиӣ низоми ҳадди ҷоизи ғилзат (ҲҶҒ) ва ҳисоб намудани индекси ифлосшавии об истифода карда мешавад. Маълумоти зимни мониторинги объектҳои об бадастовардашуда барои таҳия ва татбиқи нақшаи маҷмуии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об мусоидат намуда, онҳоро аз ифлосшавӣ ва коҳишёбӣ нигоҳ медорад. Сарфи назар аз ин, маълумоти бадастовардашудаи мониторинги объектҳои об барои арзёбии пурра ва воқеъбинонаи захираҳои об, ҳолати системаи экологии об, коркарди низоми самараноки чорабиниҳои ҳифз ва нигоҳдории сифати захираҳои об ба таври зарурӣ имкон намедиҳад. Дар робита ба ин, Ориф Амирзода, олими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ чунин изҳор дошт:
– Ба таркиби объектҳои об якчанд компонентҳо дохил мешаванд, аз ҷумла массаи обӣ, таҳнишинҳои қаръӣ, ҳолати мавзеъҳои наздисоҳилӣ, маҷмуи намудҳои рустаниҳо ва организмҳои зинда. Ҳамаи компонентҳои мазкур ба якдигар алоқамандӣ дошта, ба ҳолати объектҳои об таъсир мерасонанд, аз ҳамин сабаб ба барномаи мониторинги объектҳои об зарур шумурда мешавад, ки гирифтани намунаи об ва таҳлили ҳамаи компонентҳои системаи экологии об ворид карда шуда, зимни арзёбии ҳолати объектҳои об қонуниятҳои физикию химиявӣ ва гидробиологии ташаккулёбии сифати об ба инобат гирифта шавад. Ин бисёр муҳим аст, зеро ба таҳнишинҳои қаръӣ қисми зиёди пайвастагиҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ ҷамъ шуда, сабаби ифлосшавии дуюмбораи массаи обӣ мегардад. Яке аз сабабҳои нагузарондани мониторинги таҳнишинҳои қаръӣ дар объектҳои обӣ ин набудани меъёри ҳадди ҷоизи ғилзат ба моддаҳои зараровар дар таркиби таҳнишинҳои қаръӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, таҳлили таҳнишинҳои қаръӣ барои ворид намудан ба барномаи мониторинги объектҳои об зарур арзёбӣ мегардад.
ХУЛОСА
Раванди тоза кардани обҳои партов аз масъалаи муҳими экологӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, монеаҳои зиёд ва мушкилӣ эҷод мекунад. Пеш аз ҳама, шабакаҳои обу корез ба навсозӣ, инфрасохтори муосир ва мутахассисони баландихтисос ниёз доранд. Махсусан, дар шабакаҳои обу корез бунёди корхонаҳои бузурги тозакунии партовоб хеле муҳим ва заруранд. Аз ҷониби дигар, маърифати экологии аҳолӣ аз ҷанбаҳои муҳими риояи тавозуни экологӣ ва роҳҳои кам кардани партовҳои обӣ ба муҳити зист мебошад. Вобаста ба ин, масъулон таъкид менамоянд, ки шаҳрвандон дар хонаҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои тиббӣ аз истифодаи сачоқчаҳои тари яккарата худдорӣ намоянд, зеро маҳз ин намуди сачоқчаҳо дар об ҳал нашуда, дар партовоб мемонанд. Ҳамчунин, шаҳрвандон дар пардохти ҳаққи хизматрасонии истифодаи об масъулияти бештар эҳсос намоянд, зеро фаъолияти шабакаҳо ба тариқи худмаблағгузорӣ буда, пешрафти онҳо аз пардохти ҳаққи хизматрасониҳо вобаста мебошад. Кумитаи навтаъсиси хоҷагии манзилию коммуналиро зарур аст, ки дар навбати худ, барои ҳарчи беҳтар кардани инфрасохтори коммуналӣ дар самти рафъи обҳои партов тадбирҳои зарурӣ андешад. Дар маҷмуъ, ҳалли мушкилоти вобаста ба партовҳои обӣ кори дастаҷамъии ҳамаи мақомоти дахлдор аст, ки барои ҳифзу нигоҳдории захираҳои обии кишвар мусоидат менамояд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.05.2025 №: 89
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН