ЛУТФУЛЛО БУЗУРГЗОДА: “ТОҶИКИСТОНРО БОЗ ДИДАН МЕХОҲАМ!”
Мо ин бор зери рубрикаи “Ҳам ба азму ҳам ба разму ҳам ба назм” аз қаҳрамониҳои адибону олимоне қисса хоҳем кард, ки дар баробари қалам камон ҳам гирифтаанд ва барои озодии Меҳан аз чанголи фашизм муборизаҳои беамон бурдаанд. Аввалин касе, ки аз рӯзгору осори ибратбахши он сухан хоҳем гуфт, забоншиноси барҷастаи тоҷик Лутфулло Бузургзода аст.
ДОНИШҶӮЕ, КИ КИТОБИ ДАРСӢ НАВИШТ
Фарзанди сарсупурдаи миллати тоҷик Лутфулло Бузургзода, ки дар дифои Меҳан ҷонбозиҳо кардааст, на ҷангро, балки пирӯзии мардум ва шодмонии хонаводаашро ба ҷон мехост. Орзуи ягонааш бори дигар дидани Ватан ва пайвандонаш буд, аммо…
Соли 1932 Лутфулло Бузургзода бо ҳаммуаллифии Баҳром Ҳоҷизода ва Абдусалом Деҳотӣ китоби дарсии «Забони модарӣ»-ро навишт. Он замон ӯ дар академияи педагогии Самарқанд донишҷӯи курси 2 буд
Минбаъд ӯ то оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ сиву ҳашт асар доир ба шевашиносӣ, луғат, фолклор, забоншиносӣ, таърихи забону адабиёти классикӣ ва муосир таълиф кард. Аз ҷумла, соли 1940 китоби «Фонетикаи забони адабии тоҷик»-ро интишор дод, ки ба қавли Носирҷон Маъсумӣ: «Ин аввалин асари ҷамъбастии забоншиносии тоҷик буд».
Бузургзодаи 28-сола, аллакай, чун пажӯҳишгари пуркор ном бароварда буд. Шарқшиноси машҳури шуравӣ Бертелс ба раиси базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС бо нома муроҷиат карда навишта буд: «Хоҳиш мекардам, ки аз Тоҷикистон ҷавони дорои истеъдоди модарзод Лутфулло Бузургзода ба аспирантураи Институти забон ва тафаккури ба номи академик Марри (АФ ИҶШС) дохил шавад, зеро дар симои вай на танҳо як олими бузурги тоҷик, балки Иттиҳоди Шуравиро тасаввур мекунам».
Аз ҳамин эътирофи шарқшиноси бузурги рус маълум аст, ки нубуғи Лутфулло Бузургзода дар ҷавонӣ ҳувайдо гардида буд.
БО 63 ГӮЯНДА ДАР КӮЛОБ
Лутфулло Бузургзода, пеш аз ҳама, шевашиноси барҷаста буд. Ӯ шеваҳои гуногунро бо эҷодиёти шифоҳии мардум якҷо ҷамъ ва таҳқиқ мекард. Меҳру муҳаббат ва ишқу робитаи фаровони Бузургзода ба фарҳангу тамаддуни ин миллат сабаб шуд, то ба ҳама манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ сафар кунад ва аз забони халқ 6426 мисраъ шеър, 474 чистон, 956 зарбулмасалу мақол, 371 афсонаву қиссаҳои мардумиро навишта гирад. Танҳо дар деҳаи Зиракии шаҳри Кӯлоб бо 63 гӯянда суҳбат карда, намунаҳои адабиёти шифоҳиро ҷамъ овард ва ба хидмати илм гузошт. Китобҳои «Шеър ва достонҳои Бобоюнус» (1940), «Халқ месарояд», «Инъикоси шӯриши Восеъ дар фолклор» намунаи олии осори мардумиро фаро гирифтаанд.
«ДАР ҶАНГ ҲАМА НАМЕМИРАНД»
Олим бо ихтиёри худ ба ҷабҳа рафта, дуву ним сол дар шаҳрҳои Москва, Калининград, Волхов, Ленинград, Минск-Витебск бар зидди фашистони гитлерӣ қаҳрамонона ҷангид. Ӯ яке аз аввалинҳое буд, ки ба дифои Меҳан бархоста, хомаро ба тиру теғ иваз кард.
Барои дарки самимияти Лутфулло Бузургзода ба Меҳан ва хонаводааш чанд ҷумла аз номаҳояш кофист. Номаҳо бори дигар муҳри тасдиқ мезананд, ки ҷанг руҳу равони соҳибдилонро бештар мекоҳонад. Ба ҳамсараш 7-уми феврали соли 1943 навиштааст: «Агар душворӣ кашед, ҳар чизе, ки рост меояд, фурӯшед. Аз либосҳои ман ягонтоашро барои хотира нигоҳ доред, кифоя, дигарашро фурӯшед, бачаҳо гурусна намонанд».
Чанд рӯз пештар аз марг менависад: «Дар ҷанг ҳама намемиранд, мурдан намехоҳам!... Тоҷикистон ва шумоёнро боз дидан мехоҳам! Ба ин умеди калон дорам!». Вале, сад дареғ, ки сарнавишт ӯро ба ин орзу нарасонд ва 12-уми ноябри соли 1943 тири фашисти бетараҳҳум синаи ӯро шикофт.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 06.05.2025 №: 89
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
05 январ 2024, Ҷумъа
Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479