РОДМАРДЕ АЗ КӮҲИСТОН

06 май 2025, Сешанбе
7
Дар арафаи ҳар Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 саҳифаҳои хотиротамро варақгардон намуда, пеши назар варақи рах-рахи фарсудаю зардшударо меорам. Матни мактуб бо забони русӣ буд. Онро падарам ва бародаронаш хонда, андуҳгин мешуданд, ҳиссиёти нафрату ғазабашонро ба истилогарони фашист баён менамуданд. Ин порахат хабари ғамангез, яъне “хатти сиёҳ” буд, ки аз марги амакам дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Усмон Зокиров хабар медод.
Дар “хатти сиёҳ” чунин навишта шуда буд: “Ба маълумоти шумо расонда мешавад, ки Усмон Зокиров, соли таваллудаш 1920, зодаи деҳаи Рувоски ноҳияи Мастчоҳи вилояти Ленинободи ҶШС Тоҷикистон, дар вақти озод кардани мавзеи шимолу шарқии шаҳри Воронеж, моҳи январи соли 1943 захм бардошта, пас аз як ҳафтаи бистарӣ шудан дар госпитали ҳарбии шаҳр, аз дунё чашм пӯшид”.
Мӯйсафедони Кӯҳистони Мастчоҳ дар маъракаву ҷамъомад ва тӯю сурҳо аз он рӯзҳои пурдаҳшат, вақти гусели онҳо мудом ёдоварӣ мекарданд. Аз нақли онҳо чеҳраи родмардоне, ки он замон ба ҷанг мерафтанд, аз ҷумла симои Усмон Зокиров, дар чашм намудор мегашт ва наврасону ҷавонон ононро қавиҳайкал, таҳамтан, чусту чолок, нотарсу ғаюр тасаввур менамуданд. Нақли қиссаҳо дар дили шунавандагон ҳисси нафратро ба душманони Ватан бедор мекард. Аз ҷумла, мегуфтанд, ки Усмон Зокирови 18-сола, қомати болову кифту бозуи паҳлавонона дошт. Дар вазъияти пурташвишу ваҳмангез, бо ҷасорат ва бо дили пурғурур бо ҳамдеҳаҳо хайрбод намуда, 10-уми майи соли 1942 аз кӯҳистон ба Комиссариати ҳарбии вилояти Ленинобод ва баъд ба фронт рафт. Ӯро ҷавонмардони деҳаҳои Ғаз, Пит ва Рувоск Ниёзхоҷа Ҳотамов, Раҳмонқул Каримов ва дигарон ҳамроҳӣ кардаанд. Онҳо низ бо некӣ ёд мешаванд. Ба гуфтаи пирони деҳа, аз симои ин ҷавонмардон танҳо ғазабу нафрат нисбат ба ғосибони фашист хонда мешуд. Далерон тарсу ваҳшатро аз дили мардум дур андохта, умедашонро ба ғалаба меафзуданд, ба деҳаи худ, ноҳияи худ, ба хонадони худ, ба зодмандони худ номи нек ва ифтихор гузоштанд. Ҳар яке ба забон меовард: “Ман ҳастам ва метавонам бар зидди душман мубориза барам, Ватанро ҳимоя кунам”.
Усмон Зокиров дар ҳудуди шаҳри Воронеж ҷангидааст. Шаҳр дар соҳили дарёи Воронеж, дар масофаи 520-километрии шаҳри Маскав ҷойгир шудааст. Баҳори соли 1942 ҳитлерчиёни ғосиб фронти Брянскро рахна намуда, бо танку тӯпи зиёд вориди он гашта, аз тарафи дарёи Дон қисми рости шаҳрро ишғол намуданд. Аз бомбаборон 18 ҳазор бино хароб гардид, сокинони зиёд, аз ҷумла занону кӯдакон ба қатл расиданд. Барои нигоҳ доштани фашистон фронти Воронеж ташкил ёфт, ки дар ҳайати он Усмон Зокиров низ буд.
25-уми январи соли 1943 Воронеж озод шуд, аммо шаҳди ғалабаро Усмон Зокиров начашид, ҷанговари захмин ба по нахест. Душман ҳам натавонист ба Маскав зарба занад.
Дар арафаи таҷлили 50-солагии Ғалаба хабарнигори рӯзномаи “Красная звезда” Олга Игнатова аз қабрҳои бародарии шаҳидони ҷанг дар Воронеж дидан карда, аз сабти исми Усмон Зокиров дар порасанги мармарӣ хабар додааст.
Аҳрор ЗОКИРОВ
Санаи нашр: 06.05.2025 №: 89