АЗ САҲНАИ ТЕАТР БА САҲНАИ АДАБИЁТ
Ҳунарманди маҳбуби тоҷик Ҳошим Гадо мегӯяд: "Муаллими бузурги ман Офтоб аст, ки ҳар рӯз ба Замину одамон хидмат мекунад, худ сӯхтаву ҳаёт мебахшад. Ман бачаи ӯ, офтобам, офтоби хурдакакам, ки худ сӯхтаву дигаронро равшанӣ мебахшам, зеро ҳунармандам ва рисолатам ҳамин аст: сӯхтан ва ба дигарон равшанӣ бахшидан".
Ман пеш аз китобҳои ӯро варақгардон намудан, нахуст, роҳи тайкардаи ин марди наҷибро мебинам ва ба тааҷҷуб меоям.
Ҳошим Гадо баъди хатми Донишгоҳи давлатии санъати театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Москва (ГИТИС) фаъолияти кориашро аз Театри ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст. Офаридани нақши мураккаби Хлестаков дар намоиши «Муфаттиш»-и Гогол, нақшҳои асосӣ дар «Ҳамлет»-и Шекспир, «Эдип»-и Софокл, нақши Сино дар «Ҷавонии Сино», Фердинанд дар «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер, Наср дар «Рӯдакӣ»-и Сотим Улуғзода, Афросиёб дар «Бежан ва Манижа»-и Фирдавсӣ, Иброҳимбек дар асари «Тӯфон»-и Ғанӣ Абдулло, Шоҳзода Мирзо Абдулатиф дар «Ситораи Улуғбек» ва дигар нақшҳо номи Ҳошим Гадоро ба ҷаҳониён ошно намудаанд.
Ҳошим Гадо вақте ҳамчун таҳиягар намоишномаи «Эдип»-и Софоклро рӯйи саҳнаи тоҷик овард ва худ дар он нақши асосиро бозид, он инқилобе дар дунёи фарҳангӣ гардид. Нахустнамоиши спектакли «Эдип» дар театри навтаъсиси «Дӯстии халқҳо»–шаҳри Москва ӯро шуҳрати беандоза дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бахшид. Мунаққиди рус Александр Маркин пас аз тамошои ин спектакл чунин гуфтааст: «На дар Россия, на дар Аврупо нақши Эдипро, тавре ки Ҳошим Гадоев бозид, касе набозидааст. Дар офаридани нақшҳои классикӣ дар дунё танҳо англисҳо метавонанд ба Ҳ. Гадоев ҳампоя бошанд». Мунаққид А. Фелдман бошад, дар бораи Ҳошим Гадо чунин мегӯяд: «Агар устоди мо Олга Ивановна Пижова зинда мебуд, ифтихор мекард бо шогирди муваффақаш Ҳошим Гадо, Ҳошиме, ки доим китоби «Ҳамлет» дар бағал дар долонҳои Донишгоҳ гашта, дар рушди театри шуравӣ чи саҳме гузоштааст». Соро Эшонтӯраева, Ҳунарпешаи халқии СССР дар бораи «Эдип» мегӯяд : «Ман дар бисёр театрҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар МХАТ Михаил Чеховро, дар Театри хурди Москва Остужевро, ҳамчунин, дар Англия актёрони машҳурро бо шавқ тамошо кардаам. Вале ҳеҷ гоҳ чун имрӯза, ки аз тамошои «Эдип» ба ваҷд омадам, мутаассир нагашта будам. Ман чун санъаткор дар назди маҳорати Ҳошим Гадоев сар фуруд меорам».
Дар ҳақиқат, устод Ҳошим Гадо ҳунарманди нотакрор ва инсони асилу пурасрор аст. Беш аз 40 сол аст, ки мардум ба маҳорату санъати вай аҳсану офарин мехонанд. Нақши Суҳроб аз филми «Рустам ва Суҳроб» бозгӯи офарини зебову нотакрор ва қуллаи эҷодии устод Ҳошим Гадо мебошад. Ҳошим Гадо бо киностудияҳои хориҷӣ низ ҳамкории фаъол дошт. Аз ҷумла, «Мосфилм», «Беларусфилм», «Озарбойҷонфилм», студияи синамои Марокаш ӯро барои нақшофарӣ дар филмҳояшон даъват кардаанд. Мегӯянд, ки пас аз ҳунарнамоии воло дар филми озарии «Шуълаи хомӯшшудаи гулханҳо» дар қарибии шаҳри Боку ба чашмае номи Ҳошим Гадоро мондаанд .
Адиби маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода дар ёддоштҳояш навиштааст: «Ҳангоми тамошои спектакли «Ҷавонии Сино» бори аввал фаромӯш кардаам, ки он асари ман аст ва дар саҳна Ҳошим Гадо нақши Синоро мебозад». Соли 1999 ба ифтихори 1100-солагии Давлати Сомониён, дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ дар ҳузури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва садҳо тамошобинон Ҳошим Гадо нақши шоҳ Исмоили Сомониро бозид ва соли 2008 ба шарафи 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ спектакли Сотим Улуғзода «Рӯдакӣ»-ро ба саҳна гузоштааст. Чаро солҳои охир ин ҳунарманди мумтоз ба иншои китоб рӯй овардааст? Шояд, таҷрибаи андӯхтаашро гуфтан мехоҳад ё театру кино барои ибрози андешааш тангӣ мекунанд ё дар хона бекор истода наметавонад ва ҷавобашро худаш гуфтааст: «Боре дар Марокаш, ки он ҷо барои бозидани нақше дар як филм рафта будам, хабарнигоре аз ман пурсид: «Агар ҳунарпеша намешудед, кӣ мешудед?». Гуфтам: «Деҳқон». Ва ман деҳқонам, ки бояд кишт кунам. Корҳои хайр бояд бикорам, ҳоло ки зиндаам, бикорам. Аз ин сабаб, ман китоб менависам… Муҳим имрӯз бо худ ва дунё зистан аст, – мегӯяд Ҳошим Гадо...
Устод Ҳошим Гадо, устоди саҳна, сухан, фалсафа, адабиёт ва фарҳанги ҷаҳонӣ ҳастанд. Тайи солҳои охир бештар ба адабиёт рӯй овардаанд. Адабиёт аз назари устод ифшогари розу ниёзҳои инсон мебошад ва устод пайваста менависад. Нигоштаҳои устод Ҳошим Гадо мисли образҳои офаридааш дар синамо ва театр абадӣ мебошанд. Ӯ бисёр нозукона, мӯшикофона ва ҷиддӣ иншо мекунад. Асарҳои устод маъвои писандидаи дӯстдорони ҳақиқии адабиёт гаштаанд. Мо бо дӯстон тез-тез бо устод дидорбинӣ мекунему устод дар бораи навиштаҳояш ҳарф мезанад бо ҳарорат ва тамоми ҳастӣ, чи хеле, ки ба синамо содиқ мондааст ба адабиёт ҳам самимона муносибат дорад. Дар бораи асарҳои устод ва нақши вай дар театру синамо бузургтарин мунаққидону пажӯҳишгарон мақолаҳо навиштаанд ва китобҳо ба нашр расидаанд.
Ин ҷо мехоҳам дар бораи охирин асари устод Ҳошим Гадо бо номи "Собрание животных" "Нишаст ё ҷамъомади ҳайвонот" ё "Олами ваҳшу тайр" нависам. То ин дам устод дар бораи носозгориҳо, талошу нокомиҳо ва разолату қабоҳати инсонҳои дунё менавишт. Андешаҳои худро бисёр оқилона пешниҳод сохтааст. Дар ҳикояҳои ба ҷонварон бахшидаи муаллиф қариб ҳамаи парандаю чаранда гап мезанад, андеша мекунад. Суханҳои духӯра ва маъниҳои пурбори фалсафӣ, истифодаи зарбулмасал, мақолу афоризм, ҳикмати рӯзгор ба ҳикояҳои устод Ҳошим Гадо ҳусни дигаре зам намудаанд. Дар ҳикоёти тамсилӣ-фалсафии устод ҷонварон беақлу сода ва беғайрат нестанд. Балки муҳокимаи онҳо чунон дилчаспу воқеӣ ба амал меояд, ки дар худ як ҷаҳон маънӣ доранд. Муносибату шеваи гуфтору муомила бо ҳайвонот ҳикмат дорад. Ва садои ҳайвоноти Ҳошим Гадо моро огоҳ месозад, ки нисбат ба оянда ва қисмати хеш бетараф набошем. Акнун ҳикояҳои нави тамсилии устод Ҳошим Гадо ба дилҳо роҳ меёбанд...
Маҷид САЛИМ,
барандаи Ҷоизаи адабии
ба номи Садриддин Айнӣ
Санаи нашр: 07.05.2025 №: 90
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН