ҶОВИДОН БОД “ИДИ ТОҶИК”!

07 май 2025, Чоршанбе
6
Магар ин ришханди таърихи каҷрафтор аламовар набуд? Миллате, ки асрҳо бо шаҳру пойтахт, мадрасаву аҳли фазл, шоҳкорҳои офаридаи фарзандони нобиғааш дар илму адабиёт маҳбубу ибратомӯзи оламиён ҳисоб меёфт, дар оғози пурҳодисаи асри бист рӯзнома ё нашрияе ба забони худ надошт.
Аммо дар ин айём овозаву таърифи нашри нав ба нави маҷалла ва рӯзномаҳои ақвоми дигар, ки аз китобу мактабу савод то ҷое дур ҳам буданд, дар шаҳру марказҳои фарҳангии дуру наздик паҳн мешуд. Нишони бедории фикриву талошҳои зиёиёнашон ва ба воситаи нашри ҷаридаҳо ба мутолиаву андешаи бедорӣ, худшиносӣ ҷалб кардани мардумонашон. Ин падидаи ҳам фарҳангиву ҳам сиёсӣ дар Аморати Бухоро дар дили аҳли андеша ва сухану зиёиёни пешсафи тоҷик, ки дар шаҳрҳои бузург мезистанд, ангезае ба вуҷуд овард ва бо ҷалби сармоягузорон ба таъсису нашри рӯзномаҳое, ки армонҳои мардумро тарғиб бикунанду боиси бедориву фазои озоди ифодаи афкор шаванд, камар бастанд. Ва амсоли рӯзномаҳои “Шуълаи инқилоб”, “Бухорои шариф”, “Овози тоҷик”... ба нашр расиданд. Вале фаъолияти ин ҷаридаҳо бо иғвою фишори бадхоҳон ё баҳонаҳои дигар равнақ наёфт. Лекин заминаи таҷрибаи таъсису нашри рӯзномаҳои тоҷикӣ бо талоши фарзандони бедордилу дурандеши миллат ҳосил шуд. Ин ҳам комёбӣ буд.
Дар ҳар сурат нашри ҳар ҷаридаи тоҷикӣ барои бедордилону ҳақталошон, онҳое, ки хоҳиши доштани матбуот ба забони хеш доштанд, хосса аҳли қалам, олам-олам умеду нишот мебахшид, ки майдони мутолиа, воқиф шудани пиру барно аз рӯйдодҳои дунё муҳайё хоҳад шуд. Садриддин Айнӣ, ки аз ҳаводорони ҷазмманди таъсису нашри рӯзномаҳо ба забони тоҷикӣ буд, таъкид кард: “Рӯзномаи ҳар миллат забони он миллат аст”. Ва боз ҳушдор дод: “Қавми берӯзнома мисли халқи безабон аст”.
Ва чи хуш, ки понздаҳуми марти соли 1925 рӯзномаи акнун расмӣ ва давлатии тоҷикӣ бо номи “Иди тоҷик” нашру паҳн шуд ва ба таърихи навини матбуоти ҷумҳурии он вақт автономии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшид. Оре, ин сана ва ин рӯзнома иди фаромӯшношавандаи рӯзноманигорону хонандагон шуд. Ин рӯзнома акнун майдони қонунии ибрози ҷасуронаи андеша, ақида, муборизаи оштинопазир дар арсаи ҳақталошӣ, ҳифзи ном ва расму суннат, арзишҳои таърихиву фарҳангиямон шуд. Ва беҳтарин суханварони забардасту фидоиёни миллати тоҷик Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Мунзим, Абулқосим Лоҳутӣ, хабарнигорони ҳушёру хушқалам аз шаҳру мавзеъҳои гуногун гирд омада, мартаба ва эътибори рӯзномаро бо навиштаҳои нав ба нав баланд бардоштанд. Зимнан, нахустин ҳарфу дастгоҳҳои ҳуруфчиниро устод Лоҳутӣ аз Когон бо шутуру аспу ароба оварда, дар Душанбе чопхона бунёд кард.
Рӯзноманигорӣ он айём вобаста ба ҳолатҳои авзои пуршиддати даврон, дасисаҳои таърихӣ бозӣ ва хатари ҷон ҳам дошт. Бисёриҳо дар ин роҳ шаҳиди фитнаву иғво низ шуданд. Чи чора, ки ба қавли Унсурулмаолии Кайковус “Сухани ҳақ ба гӯши ҷоҳил чун тири сӯзон мерасад”.
Бо вуҷуди ин, ҳарчанд номи “Иди тоҷик” дар марҳалаҳои гуногун борҳо иваз шуд, аммо килки сабзи ҳақиқатнигори кормандон дар шебу фарози рӯйдодҳои мудҳиш ҳамеша чун муҳофизи шаъну шарафи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон пойдор монд.
Банда соли 1975, ки ҷашни нимасраи рӯзномаи муътабарамон “Тоҷикистони советӣ” (“Ҷумҳурият”) таҷлил ёфт, ходими адабии шуъбаи мактубҳои он будам. Солҳои авҷи карахтӣ, аз паси панҷа нигаристан ба хизмати матбуоту заҳмати сангини шабонарӯзии рӯзноманигорон, ки дар байнашон инсонҳои бузургсол ва сарбозони ҷанги зидди Олмони фашистӣ ҳам буданд. Ана ҳамон сол собиқ мухбири махсуси рӯзномаи овозадори “Правда” дар Тоҷикистон Ғоиб Қаландаровро сармуҳаррири “Тоҷикистони советӣ” таъин карданд. Вай, ки узви Кумитаи Марказӣ, соҳибэҳтиром буд, барои баланд бардоштани мартабаи матбуот ва ба нишон расидани таҳқиқу андешаҳои танқидии рӯзноманигорон ҷиддӣ камар баст. Ҷашни нимасраи рӯзномаи расмии ҷумҳурӣ омили хуби ин ҳадаф интихоб шуд. Шуъбаҳо супориш гирифтанд, ки барои хотира таърихномаи нимасраи рӯзномаро омода бикунанд ва зикри ному хизмати ҳалоли рӯзноманигорони собиқи фидоиро аз ёд набароранд. Ҳамчунин, муҳаррир ваъда дод, ки ба муносибати ҷашн ба нашри китоби беҳтарин мақолаҳои кормандони рӯзнома мусоидат мекунад. “Шумо китобро аз мақолаҳои арзишманд беғалат омода бикунед, бас”. Маҷмуаи мақолаи мухбирону кормандон, ки роҳи панҷоҳсолаи рӯзномаро андак-андак фаро мегирифт, бо номи “Умре дар роҳ” бо пешгуфтори сармуҳаррир чоп шуд. Ва боз Қаландаров мужда расонд, ки заводи арзизи ноҳияи Регар (ҳоло шаҳри Турсунзода) табақу коса ва чойнику пиёлаҳоро бо тамғаи “50-солагии “Тоҷикистони советӣ” чун армуғон барои кормандону меҳмонон мебарорад. Нишони ҷашн. Бешак, ин тадбирҳо ба ҳайати кормандон, махсусан рӯзноманигорони солманд, руҳу сарфарозӣ бахшид. Боз сармуҳаррир огоҳонд, ки ба шарафи ҷашн меҳмонони яккачин, шахсиятҳои гули сари сабади илму адаб, роҳбарон, аҳли заҳмат ба зиёфат даъват карда мешаванд. Ин ҳам таърих аст. Бояд меҳмононро бо маданияти баланд пазироӣ бикунем.
Сармуҳаррир ҳамаи ваъдаҳояшро иҷро кард. Таърихнома, китоби “Умре дар роҳ”, шумораи вижаи “Тоҷикистони советӣ” бо аксҳо нашр шуданд. Як мошин бастаи табақу коса, чойнику пиёлаҳои тахтагулдор бо тамғаи “50-солагии “Тоҷикистони советӣ” ба идораи редаксия расид. Эҳа, ана ин ид буд, иди рӯзноманигорон! Онҳо ба хонаҳояшон дастовези таърихии идона мебаранд. Дастовезҳо асосан омода, ҳама меандешидем, ки акнун зиёфати ҷашнӣ дар куҷо чӣ хел мегузашта бошад? Ин асроре буд, ки онро сармуҳаррир медонисту шахсони масъул.
Ниҳоят рӯз ва макони пазироии меҳмонон низ маълум шуд: тарабхонаи наву овозадори “Насими кӯҳсор” дар болои рӯди Қаратоғ. Ин ҳам аҷоибу ғайриқолабӣ буд. Шахсиятҳои номвар, меҳмонони олиқадр Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ, Боқӣ Раҳимзода, роҳбарони воломақому номвари хоҷагиҳо, ҳунармандони беҳтарин ташриф оварданд. Нишонаи эҳтиром.
Ҳамоиш басо хотирмон гузашт. Хизмати бунёдгузорони рӯзномаҳои тоҷикӣ дар марҳалаҳои гуногунҳассоси таърихӣ, талоши оштинопазири рӯзноманигорони хушқалам барои фош ва ниқоб аз рӯйи душманони миллату давлат бардоштан, гирд омаданду дар ободии Тоҷикистон зина ба зина баланд бардоштани мактабу маориф, илму адабиёти навин ба воситаи ин рӯзнома зикр ёфтанд ва меҳмонони арҷманд боз таъкид мекарданд: “Бароямон ифтихор аст, ки дар ҷанши нимасраи рӯзномае, ки барои миллати мо мактаби зиракиву ҳушёрӣ, бедориву худшиносӣ шуд ва дар ин роҳ сеҳри қалами ҳадафраси рӯзноманигорон шоистаи таҳсин аст, ширкат дорем. Мо ҳам шогирду корманди ин рӯзномаи муътабар будем. Сипос, мо ифтихор дорем, ки нахустин навиштаҳои мо ва бисёр адибону олимонро ин рӯзнома нашр карду андеша ва хоҳишамонро ба мардум расонд, моро чун фарзанд шиносонд. Ин бахти баланд буд. Шумо - рӯзноманигорон чун фидоии давлату миллат дар замони нав ҳамеша чун чашму дили бедор бо тарғиби дастовардҳои беҳтарини меҳнатии коргарону деҳқонон, сифатҳои инсонии роҳбарони дурандеш, фош кардани каҷравиву кирдорҳои бад ба мардум руҳу тавон мебахшед. Ҳатто ҳамаро бовар мекунонед, ки “Тоҷикистон машъали Шарқ” аст. Офарин! Акнун мо ба рақсу тарона шуморо, кулли рӯзноманигоронро ба ҷашн шодбош мегӯем”.
Мусиқии руҳнавози “Танавор” садо доду ба рақси гулдухтарон устод Турсунзодаи хушҳол шарик шуд. Сипас, бо ҳамовозӣ бо ҳофизони мумтоз бо суруди “Аз дараи Камаров анора овардане”, “Омад-омадат гардам” устод Боқӣ ба рақсҳои хоси худ ба базм ҷону руҳи тоза бахшид...
Вале дар замони соҳибистиқлол шудани давлату миллати тоҷик рӯзномаи азизи “Ҷумҳурият” низ ба ҳолати сахти гирудор, муборизаҳои сахти ақидаҳои сиёсӣ, манфиатҷӯӣ, гурӯҳу маҳалбозиҳо рӯ ба рӯ омад. Як тараф шодии дастоварди бузурги давлативу миллӣ, аз сӯйи дигар ташвиш, калавиш, дасиса, ғалатандешӣ, ба осиёби мухолифону бегонагон кӯшиши об рехтан. Танҳо иродаи маҳкаму ҷасорат, ҳисси баланди ватанпарастӣ, миллатдӯстӣ, дурандешӣ ба дурнамои давлату миллат, зиёда аз ин, ҳиссае гузоштан аз раҳондани раҳгумиву парешонҳолӣ, фош кардани дасисаангезону ҷудоиандозони моҷароангезу харобкор дар ин айёми сарнавиштсоз ба дӯши аҳли қаламу рӯзнома афтод. Бори вазнин, имтиҳони дилгазони сангин. Хушбахтона, рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо ҳайати кормандонаш дар ин марҳала, ба гумони банда аз роҳи азалӣ, ҳимояи манфиатҳои давлати миллӣ берун нарафта, барои барқарор шудани сулҳу ваҳдат аз як гиребон сар баровардани мардуму дар партави даъвати Сарвари давлат, Президенти муҳтарам камар бастан ба дубора ободу зебо кардани сартосари Меҳан, созандагиву бунёдкорӣ, эҳёи расму оинҳои бостонӣ, зина ба зина барқарор ва боло бурдани обрӯву шуҳрати пешинаи миллати соҳибшуҳрату тамаддунсозамон чун ҷигарбанди вафодор аз дилу ҷон қалам фарсуданд. Дар солҳои охири асри бист, дақиқтараш солҳои 2016-2025 рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо ташаббусҳои нав ба нави тарғибу ошноии хонанда ба дастовардҳои миллии сиёсати созанда, сулҳу ваҳдат, илму адаби фарҳангпарварона, худшиносиву огоҳӣ аз таърихи бостон ва шахсиятҳои бузург, бемуҳобот фаъолияту корҳои камназири арзишманди аз чорчӯбаҳо берунро ба сомон расонд. Банда дар назар дорам эъломи озмунҳоро барои шинохти амиқу кору пайкори абармардони арсаи сиёсату илм, адабиёт, бузургдошти забони давлатӣ, С. Айнӣ, Н. Махсум, Ш. Шоҳтемур, Б. Ғафуров, М. Турсунзода, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нашри як силсила китобҳои мақолоти судманду пурарзишро пас аз ҷамъбасти ин озмунҳо. Вижагӣ ва хотирмонии озмунҳо боз дар он буд, ки ҳамоиши ҷамъбасташон дар маркази ноҳияҳои водӣ, вилояту шаҳрҳои сармоягузор бо ширкати васеи довталабон ҳатто аз мамлакатҳои ҳамсоя, ходимони фаъоли рӯзномаи “Ҷумҳурият”, собиқадорони матбуот, шахсиятҳои номвари мамлакат, хонандагони гуногунсол, албатта, бо талошу кӯшишҳои зиёди сармуҳаррири боғайрату заҳматписандаш Қурбоналӣ Раҳмонзода басо зебову муҳташаму ҳадафманд чун иди матбуот дар сатҳи олӣ ибратомӯз гузаштанд. Ин меваи замони истиқлоли давлативу миллӣ, сиёсати озодии сухану андеша аз ҷониби Президент буду як саҳифаи тозаи таърихи матбуотамон. Росташ, ки дар аксари ин ҳамоишҳо ман ҳам ширкат варзида, аз низоми хубу фарҳанги волои баргузорияшон дар сафи дигарон мафтун шуда будам. Ва боз меандешидам, ки ин ҳайати якдилу яктани “Ҷумҳурият” бо роҳбарии сармуҳаррири ташаббускори мумтоз боз чӣ “муъҷиза”-е ба мову хонандагон ҳадия мекунанд.
Чанде пеш бо ҷамъбасти озмуни “Дуои модар” бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дидани ин нишасти афсонавӣ дар толори меҳмонсарои “Ҳаёт” насибамон гашт. Модарону бонувони номвар аз сартосари Тоҷикистон меҳмони ифтихории ин ҳамоиш буданд. Онҳо бо камоли ифтихор ба ғолибони озмун ҷоизаҳо супурданд. Лаҳзаҳои хушу дилангез дар остонаи ҷашни садсолагии “Ҷумҳурият”-и гиромӣ.
Дар ин рӯзи мубораки таърихӣ ҷашни нозанини садсолагии рӯзномаи расмии давлатиамон “Ҷумҳурият” бо камоли сарфарозӣ, бо камоли сипос ба Офаридгор, ки мани солмандро ба ин рӯз расонд, ҳайати кормандон ва хонандагони бешумори азизро табрику шодбош мегӯям. Ҷовидону поянда бод “Ҷумҳурият” ва Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Санаи нашр: 07.05.2025 №: 90