ХОРДАРА – ҚАДАМҶОИ ГЕНЕРАЛ
Ин шабу рӯз мардуми сулҳхоҳи сайёра дар арафаи таҷлили пуршукӯҳтарин ҷашн – 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пирӯзие, ки бар ивази ҷони бештар аз бисту ҳафт миллион нафар сокинони давлати абарқудрати Шуравӣ дар муҳорибаҳои мудҳиштарин ба даст омад, қарор дорад. Фиристодагони Тоҷикистон – ҷавонмардони бонангу ор, ғаюру далер ҳам қатори намояндагони дигар қавму миллатҳо дар набардҳои шадид шуҷоату мардонагӣ нишон дода, дар ҳимояи Ватан сина сипар намуда, мардонавор бо адуи хунхор дар набард шуданду бо ҷисми пурҷароҳат, иддае маъюби якумра, бархе бепою даст, вале бо рӯйи сурх ғолиб баргаштанд.
Аксари ин мардони бошараф, ватандӯсту ватанпарвар баъди бозгашт аз майдони корзор ҳам дар барқарорсозии иқтисодиёти баъдиҷангӣ ва рушду пешрафти кишварамон саҳми муносиби худро гузоштанду бо корномаҳои ҷангӣ номи неки хешро ҷовидонӣ гардонданд. Яке аз онҳо Шералӣ Имомов аст.
9-уми майи соли 1985. Деҳаи Хордараи Поёни шаҳри Ваҳдат. Овозаи ба русто омадани генерал аз Москва дар гирду атроф паҳн гашта буд. Аксарият хоҳиши аз наздик дидани ин шахси олирутбаро доштанд. Бисёриҳо суол мекарданд, ки магар ҳамин гап рост бошад? Аз субҳи барвақт хурду бузурги маҳал манзилгоҳи худро ба тартиб оварда, роҳи байни деҳаро об задаю рӯфта, ташрифи меҳмони олиқадрро интизорӣ мекашиданд. Ва он рӯзи фирӯз дар асл ҳам генерал ба деҳа омад.
Баъди анҷоми паради ҳарбӣ бахшида ба 40-солагии Ғалаба дар шаҳри Душанбе бештар аз 50 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҳамроҳии генерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммадов ва генерали маскавӣ Третяков ба хотири дидорбинию суҳбатороӣ бо ҳамяроқони собиқ ба хонаи мо ташриф оварданд. Баробари ба деҳа ворид гаштани корвони мошинҳо аҳли гузар бо гулу гулдастаҳо, бо чеҳраҳои шукуфон, табъи болидаю лабони пуртабассум таҳти суруди машҳури ҳарбии «Катюша», ки онро дастаи ҳаваскорони мактаби миёнаи № 35 (алҳол муассиса номи иштирокчии ҶБВ Шералӣ Имомовро дорад) тули зиёда аз як моҳ махсус барои ин вохӯрӣ омода намуда буданд, гарму самимӣ пешвоз гирифтанд. Ҳамин ки генерал аз мошин фаромад, нафарони зиёди пешвозгирандаро дида, дар тааҷҷуб афтод. Аз чунин меҳмоннавозию пазироии тоҷикона, ки мислашро шояд пеш аз ин надида буд, хушҳол гашта, беихтиёр зери навои мусиқии мутантан ба рақс даромад. Иддае аз ҳамяроқон ба ӯ ҳамроҳ шуданд. Тайи чанд лаҳза ин макон ба базмгоҳе бадал шуд. Садои суруду мусиқӣ сокинони маҳалҳои гирду атрофро, ки аз иттифоқ афтодани чунин як вохӯрӣ шояд огаҳӣ ҳам надоштанд, сарҷамъ овард. Ҳама хурсандӣ мекарданд. Агарчи аз рӯйдоди ин воқеа 40 сол сипарӣ гашта бошад ҳам, то кунун шоҳидон лаҳзаҳои фараҳовари ин вохӯрии нотакрорро ёдовар мешаванд.
Падарам Шералӣ Имомов ҳикоя мекарданд, ки ҳанӯз ба ҳаждаҳ нарасида, ӯро бо ҳамроҳии ду нафар ҳамдеҳаамон ба комиссариати ҳарбӣ даъват карданд. Акаашон Нуралӣ, аллакай, ба ҷанг рафта буд. Ҳарсеяшонро, ки ҷавонони қоматбаланди обутобёфта буданд, ба полки савора гирифтанд. Чанд муддат дар машқгоҳе, ки баъдтар ин мавзеъ бо номи автобазаи шонздаҳум маъруф гашт, таълим гирифта, нозукиҳои асптозию ҳарбро омӯхтанд. Ва онҳоро ҳамроҳи аспҳояшон бо вагон ба хатти пеши фронт гусел карданд. Дар наздикиҳои шаҳри Саратови Федератсияи Россия эшелонро тайёраҳои душман бомбаборон намуданд. Бар асари ин ҳуҷуми ногаҳонӣ чандин нафар ҳамроҳонашон ҷон бохтанд. Падарам ҳам сахт ярадор шуда, ба госпитал афтоданд ва бо ҳамин аз тақдири минбаъдаи дӯстони ҳамдеҳаашон бехабар монданд.
– Пас аз муолиҷа маро ба полки 16-уми савораи Фронти 1-уми Украина гузаронданд. Пайроҳаи ҷангиам аз ҳамин ҷо оғоз ёфт. Ҳайати полки мо дар рафти муҳорибаҳои шадиди ҷанги тулонӣ борҳо иваз шуд. Ба дивизияе, ки полки мо шомили он буд, генерал-лейтенант Третяков фармондеҳӣ мекард. Чун командири шуҷоъ эътироф гашта буд, дар тарҳрезӣ намудани бисёре аз амалиётҳои ҷангӣ иштироки фаъол дошт. Чунин шуд, ки ҳангоми озод кардани шаҳри Будапешт қисми мо ба муҳосира афтод. Аз рӯ ба рӯ душман торафт наздик меомад. Силоҳ хеле кам монда буд. Талафоти ҷонӣ лаҳза ба лаҳза меафзуд. Душман камии қувваи моро эҳсос карда, барқвор ба ҳуҷум гузашт. Миёни ҷанговарон бесарусомонӣ рух дод. Ҳар яке ҷони худро наҷот додан мехост. Дар чунин як ҳолати ногувор генерал ба баландие баромада, ҷанговаронро ба оромӣ ва сабру таҳаммулпазирӣ даъват намуд. Амр кард, ки касе мавқеи худро тарк накунад. Нақшаи аз муҳосира баромаданро оҷилан фикр карда баромад. Ба командирони зердаст супоришҳо дод. Илоҷи ягонаи халосӣ ба даст овардани пули тарафи чапи дарё буд. Мувофиқи нақша, чор нафар ҷанговари шуҷоъро шабонгоҳ барои беовоз нобуд сохтани посбонон фиристоданд. Дигарон ба пул наздик шуда, интизори ишора буданд. Ҳамин ки «сигнал»-и заруриро гирифтем, дар дили шаб бо садои ғулғуладори «ура» якбора ба ҳуҷум гузаштем. Бо ин амал душманро дар ғафлат гузоштем. Фашистон бо талафоти калон қафонишинӣ карданд. Ҳамин тавр, мо пулро соҳиб шуда, барои ҳаракати артиши шуравӣ роҳ кушодем. Ба мадад қувваҳои дигар расида омаданду мо аз муҳосираи чандрӯза озод гаштем.
Мо – ҷанговарони полк, генерал Третяковро наҷотбахши худ медонистему дӯсташ медоштем. Инсони хоксору самимӣ буд генерал. Вақте ӯро барои иштирок дар чорабиниҳои ҷашни 40-солагии Ғалаба ба Тоҷикистон даъват намудем, бе ҳеҷ дудилагӣ ба хоҳиши мо розӣ шуда, ба Душанбе омад. Насиб будааст, меҳмони бошарафи хонадонамон шуд, – ҳикоя мекарданд падарам.
Мулоқоти генерали рус бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании зодаи Тоҷикистон ҳамагӣ як маротиба иттифоқ афтоду дар ёдҳо барои садсолаҳо нақш баст.
Музаффари ИМОМ, рӯзноманигор
Санаи нашр: 07.05.2025 №: 90
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН