САДОИ ЛЕВИТАН САДОИ ЗАФАР БУД

07 май 2025, Чоршанбе
7
«Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, - омадааст дар Энсиклопедияи «Великая отечественная война, 1941-1945», маълумоти Бюрои иттилоотии шуравӣ, фармонҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар хабарҳои муҳим аҳамияти бағоят бузурги тарғиботию ташвиқотӣ доштанд. Аз тарафи Левитан хондани онҳо ба мардуми Иттиҳоди Шуравӣ ва кишварҳои зиддифашистӣ таъсири амиқи эҳсосотӣ мерасонд».
Оре, садои Юрий Борисович Левитан (1914-1983), наттоқи Радиои Иттиҳоди Шуравӣ аз соли 1931, Артисти халқии СССР, садои зафар буду ба сарбозони артиши сурх, партизанҳову пинҳонкорон, ки дар минтақаҳои зери юғи фашистон монда, бар зидди аду муборизаи шадид мебурданд, неру, тавонмандӣ, руҳбаландӣ, боварӣ ва умед ба фардои дурахшон мебахшид.
Вақте ки садои Левитан: «Диққат, диққат, диққат, ин ҷо Москва, Бюрои иттилоотии шуравӣ хабар медиҳад»,-- аз карнайҳои майдонҳо ба самъи мардум мерасид, ҳама гӯшу ҳуш ба гуфтори ӯ мешуданд. Ҳар вожа, ҳар ибора, ҳар ҷумлаи ӯ ҳадаф дошт. Ҳангоме ки аз деҳа, шаҳрак, шаҳру ноҳияҳо, пойтахти ҷумҳуриҳои бародарӣ сухан мекарду мегуфт, ки онҳоро артиши сурх муваққатан ба душман супурда, ақибнишинӣ намуд, шунавандагон хомӯшона, ҳатто ба ҳамдигар нанигариста, ангуштҳоро мушт карда, дар дил савганд ёд менамуданд, ки бар зидди ҳитлерчиён ҳатман мубориза бурда, онҳоро мағлуб месозанд. Агар навиди хуш расад, бо тамоми вуҷуд «ура» гуфта, ҳамдигарро табрик мекарданд. Ҳамин гуна таъсир дошт садои оҳангдори Левитан. Садое, ки ҳамаро барои ғалаба муттаҳид менамуду оҳанги ваҳдатсаро дошт.
Аз тамошои филмҳои мустанад дар хотир дорем, ки ҳангоми мушакпарронӣ ба шарафи озод кардани шаҳре садои Левитан чӣ гуна мутантан ба гӯшҳо мерасид, гӯё шаҳр не, балки сарзамине аз душман пок шуда бошад. Вақте ки 5-уми августи соли 1943 ба шарафи озод кардани шаҳрҳои Орёл ва Белгород нахустин маротиба аз 124 тӯпхона 12 маротиба шиллик карда шуд, ҳамаи аҳолии Москва, инчунин сафирони мамлакатҳои хориҷӣ ба таҳлука афтоданд, ки чи ҳодисае шуда бошад. Баъди шунидани садои Левитан ва донистани мақсади салют мавҷи шодию нишот танинандоз гардид. Пас аз ин салюти аввалин пайваста барои озод шудани шаҳре, пойтахти кишваре, мамлакатҳои Латвия, Литва, Эстония, Полша, Руминия, Булғория, Чехословакия, Австрия, Венгрия, убури дарёҳои Днестр, Днепр, Висла, Одер, шабакаҳои муҳими роҳҳои оҳан ва автомобилӣ салют медоданд. Салюти аз ҳама ботантана ва бузург рӯзи 9-уми майи соли 1945 ба муносибати Ғалаба ташкил гардид. Баъди шом, вақте ки торикӣ осмонро фаро гирифт, якбора аз 1000 тӯпхона 30 маротиба мушак парронда шуд, ки то ба имрӯз ҳамто надорад.
Дар солҳои баъдиҷангӣ Юрий Борисович дар барномаи радиоии «Пишут ветерани», мактубҳои собиқадорони ҷангро мехонд, иштирокдори барномаи «Дақиқаи хомӯшӣ» низ буд. Бо орденҳои Инқилоби Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат ва Нишони фахрӣ қадр шудааст. Ӯ низ иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 буд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 07.05.2025 №: 90