АБДУЛҲАҚ ДАВЛАТОВ. ПОРАЕ АЗ КОРНОМАИ ҶАНГИИ ТОҶИКПИСАРИ ДИЛОВАР

08 май 2025, Панҷшанбе
7
Ҳамин ки ба дасташ менигарист, ҷароҳатҳо ӯро ёди рӯзҳои гузашта мебурданд. Ӯ, аслан, он захмҳоро гиромӣ медошт. Ҳар боре онҳоро медид, ба худ меболид, гӯё дар вуҷудаш руҳу равони ҳазорҳо ҷавонмарди қаҳрамону ҷоннисори тоҷик медамид, ки чеҳрааш самимӣ ва хеле нуронӣ мегашт. Ҳамвора аз музаффариятҳо ва пирӯзиҳои далеронаи тоҷикписарон қисса мекард...
Абдулҳақ Давлатов аз зумраи шахсиятҳои наҷиб буд, ки бо қаҳрамониву корҳои некаш дар хотироти мардум ҷо гирифтааст ва наздикону ошноён аз ӯ ҳамеша ба некӣ ёд мебаранд. Магар мешавад шахсеро фаромӯш созӣ, ки дар пойдории Ватан мисоли муҳофизони қалъаи Брест аз ҷони худ гузаштааст!?
Давлатов Абдулҳақ маълумоти ибтидоиро дар деҳаи Қаратоғ гирифта, сипас дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Ваҳдат таҳсил намудааст. Ӯ моҳи сентябри соли 1942 ба сафи артиши шуравӣ пайваст. Корнамоиҳояш аз муҳорибаҳои сахту сангини шаҳри Смоленск шуруъ гардиданд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз 10-уми июл то 10-уми сентябри соли 1941 муҳорибаи Смоленск ба амал омад, ки он пешравии қӯшунҳои фашистиро ба сӯи марказ хеле кашол дод. Муҳофизати шаҳр 13 рӯз давом кард, вале, мутаассифона, 16-уми июли соли 1941 шаҳрро қӯшунҳои душман ишғол карда, ҳама ҷоро оғуштаи хун сохтанд.
96 корхонаи саноатӣ, 23 беморхона, 33 мактаб, роҳи оҳан ва 7300 бино хароб гардида, 135 ҳазор аҳолии осоишта ҳалок шуд. Ӯ тавонист, қасди онҳоро бигирад. Бо вуҷуди душвориву сахтиҳои он рӯзгор ҷони худро “ҷон” нагуфту дар муҳорибаи шаҳри Смоленск фаъолона иштирок намуда, бо ҳамяроқонаш садди роҳи душман шуд. Ғайр аз ин, дар муҳорибаи шаҳри Орёл ҳам ҷонбозиҳо кард. Дар яке аз он набардҳо, моҳи сентябри соли 1943, аз дасти рост сахт ярадор шуд ва дар госпитали шаҳри Горкий табобат гирифта, моҳи феврали соли 1944 чун маъюби ҷанг ба ақибгоҳ баргашт.
Абдулҳақ Давлатов, ки шахси донишманду тарбиятгар буд, дар МТМУ №6-уми деҳаи Тӯдаи шаҳри Ҳисор то соли 1987 ба омӯзгорӣ машғул шуд.
Абдулҳақ Давлатов барои корнамоиҳои ҷангӣ ва хизматҳояш дар соҳаи маориф бо 13 ордену медал, ифтихорномаҳои Вазорати маорифи СССР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштааст.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 08.05.2025 №: 91