“МАН ДАСТИ ТУРО БА ДАСТИ ДУШМАН НАДИҲАМ”. ҶОННИСОРИҲОИ ПАДАРОН ҲАРГИЗ АЗ ЁД НАХОҲАНД РАФТ
Инак, дар арафаи ҷашни ҳаштодсолагии пирӯзии Армияи советӣ бар фашизми гитлерӣ қарор дорем. Боиси ифтихор аст, ки дар ин пирӯзӣ саҳми халқи тоҷик, падарони шарафманди мо кам нест. Ҷанге, ки бадбахтиҳои зиёде бар сари инсоният оварду миллионҳо нафар шаҳиди он шуданд. Тамоми мардуми шуравӣ барои ҳифзи нангу номус ва хонаву дари худ ба по хеста буд. Аз ҷумла, мардуми шарафманди тоҷик ҳам дар майдони ҷанг ва ҳам дар ақибгоҳ, ки низ корзори қаҳрамониҳо буд, ба дифои Ватан бархоста буданд.
Аз адибони тоҷик нахустин шахсе, ки ҳам бо эҷодиёт ва ҳам бо ҳиммати баланд ба ҳимояи Ватан хест, устод Садриддин Айнӣ буд. Устод бо ашъори шуълавари ватандӯстона ва мақолоту очерк ва рисолаву эссеҳои ватанпарварона ва ангезишдиҳанда намунаи ибрати ҳамаи қаламкашони замон гардид.
Бо даъвати пурнусрати сарлашкари олӣ
Бастанд ҳама мардуми мо сахт миёнро.
Бо ханҷари марговару бо найзаи ҷонкоҳ
Сӯрох намуда дили дарранда дадонро.
Дар “Қасидаи ҷангу зафар” устод Айнӣ бо эҳсоси баланд қаҳрамонӣ ва пирӯзии Артиши шуравиро ба қалам додааст:
Дунбола гирифт Армияи сурхи зафарёб
Аз хасми данӣ маҳвкунон хурду калонро.
Овозаи фатҳу зафари пурраи мо бин,
Бигрифт ба таърихи ҷаҳон рӯи ҷаҳонро!
Устод Абдулқосим Лоҳутӣ низ дар сафи ватандӯстони асил садо бароварду нидо кард:
Ман дасти туро ба дасти душман надиҳам,
Ҳаргиз ба чунин бешарафӣ тан надиҳам.
Аз шоирони замон касе дар канор намонд. Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Муҳиддин Аминзода, Нодир Шанбезода, Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакар, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муҳиддин Фарҳат ва дигарон шеърҳои пурмазмуни ватандӯстона навишта, дар сафи ҳомиёни Ватани маҳбуб қарор гирифтанд.
Шоире, ки мавзуи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ашъораш бештар таҷассуми бадеӣ ёфтаву саҳми бузурге дар инъикоси ин марҳалаи рӯзгори халқи мо гузоштааст, Мирзо Турсунзода мебошад, ки дар достони “Писари Ватан” аз номи қаҳрамонаш нидо мекунад:
Микола, рав, ҳимоят кун Ватанро,
Ки бе он ту нахоҳӣ дид манро.
Адибони дигаре, ки аз Тоҷикистон ба ҳимояи Ватан рафта ҷони худро нисор карданд, Ҳаким Карим, Лутфулло Бузургзода буданд ва номи онҳо дар қатори адибони қаҳрамон ҷовидон сабт аст.
Ангезиши ватандӯстона чунон буд, ки Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ аввалин шеъри худро, бо иқрори худ, дар хандақи майдони ҷанг навишта буд:
Бори аввал ман навиштам шеър дар майдони ҷанг,
Як саҳаргаҳ андаруни хандақи торику танг.
Достони машҳури “Шабе пеш аз марг”-и Абдуҷаббор Қаҳҳориро устод Мирзо Турсунзода яке аз беҳтарин асарҳои навишта дар мавзуи ҷанг баҳогузорӣ карда буд.
Дар эҷодиёти адиби дигари тоҷик Ҳоҷӣ Содиқ, ки бо як пойи захмӣ, бо асобағал ва ҷисми абгор аз оҳанҳои тири дар тан маҳфузмондаи душман аз майдони ҳарб ба Ватан баргашт, ҳақиқати ҷанг ва зиндагӣ тасвирҳои мондагор дорад. Банда борҳо дар сафару вохӯриҳояшон бо ин марди шариф ширкат доштам ва эътироф мекунам, ки бо ҳама он захмҳое, ки он кас дар тан доштанду азияташон медоданд, зиндадилтар инсонро аз он кас надидаам.
Метавон аз эҷодиёти тамоми шоирони насли даврони ҷанг ва баъд аз он мисолҳои фаровоне овард, ки бетафриқа набудани адибони моро бо як сиришти ватандӯстона нишон медиҳанд. Аз Аминҷон Шукӯҳиву Муҳиддин Фарҳат, Абдумалик Баҳориву Аъзам Сидқӣ, Гулчеҳра Сулаймонӣ то ба Ашӯр Сафару Бобо Ҳоҷиву Ғаффор Мирзову Муҳаммадалишоҳи Ҳайдаршоҳ ва Файзулло Ансорӣ ҳама шоирони мо саҳме дар инъикоси бадеии Ҷанги Бузурги Ватанӣ доштаанд.
Аз шоирони насли нав он шоири мумтозе, ки тавонист дар мавзуи ҷанг асари шоиставу мондагоре бинависад, Муъмин Қаноат буд, ки ҳанӯз дар достонҳои “Китобҳои захмин” ва “Мавҷҳои Днепр” бо назари тоза ва гирумони нави бадеӣ асарҳо навишт, ки мавриди таваҷҷуҳ ва баҳои баланди аҳли илму адаби кишвари шуравӣ гашт. Достони “Суруши Сталинград” нуқтаи баланди эҷодиёти устод Муъмин Қаноат буд ва ин асар шоистаи Ҷоизаи давлатии СССР шуд ва ҳамчун беҳтарин асар дар мавзуи ҷанг эътироф гардид.
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 08.05.2025 №: 91
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН