БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

12 май 2025, Душанбе
16
10-уми май Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Канслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон муҳтарам Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Сарфарозам ба Шумо ба муносибати интихоб шуданатон ба мақоми олии Канслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон табрикоти самимии инҷонибро расонам.
Бароятон саломатии комил, саодатмандӣ ва ба хотири пешрафту шукуфоии Олмони дӯст ва ҳамзамон таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳои рӯзафзун орзумандам.
Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои фарогир бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон бори дигар таъкид намоям. Дар ин замина, мо аз идомаи босамари муколамаи сатҳи олӣ ва баланди ду кишвар дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн истиқбол мекунем.
Бар ин боварам, ки бо саъю талошҳои муштараки созанда мо метавонем ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардондани мазмуну мундариҷаи шарикии гуногунҷанбаи ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон тадбирҳои бештар амалӣ андешем».
* * *
10-уми май Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Попи Рум Роберт Фрэнсис Превост – Лео XIV, барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Волоҳазрат!
Сарфарозам ба Шумо табрикоту таҳнияти самимии хешро ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Попи Рум, роҳбари тамоми калисои католикӣ иброз намоям.
Итминон дорам, ки Тахти муқаддас таҳти ҳидоятҳои бунёдкоронаи Шумо дар роҳи татбиқи фарогири усулҳои сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ, ризояти умум, пешбурди арзишҳои башарӣ ва муколамаи миёни тамаддунҳо минбаъд ҳам саҳми босазо гузошта, мақому манзалати хосаи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким хоҳад бахшид.
Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди густаришу тавсеаи робитаҳои ҳасана бо Ватикан дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб мебошад.
Мо омодаем, ки ба хотири идомаи ҳамкории созанда бо Ватикан, ки дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ, ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми якдигар роҳандозӣ гардидааст, дар оянда низ талошҳои муштараки самарабахшро ба харҷ диҳем.
Бо истифода аз ин фурсат, барои Шумо сиҳатмандии бардавому саодати рӯзгор ва дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳо орзу менамоям».
Санаи нашр: 12.05.2025 №: 92