ОЯНДАИ «САБЗ»: КАБУДИЗОРКУНӢ БА ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ЧӢ ТАЪСИР МЕГУЗОРАД?

12 май 2025, Душанбе
7
Тадбирҳое, ки Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо тағйирёбии иқлим меандешад, иқтисодиётро ба самти рушди устувор равона карда, ҷойҳои нави кор таъсис медиҳад, ҳамзамон, аҳолиро аз хатарҳои афзояндаи ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво, ки аз тағйирёбии он ба вуҷуд меоянд, муҳофизат менамояд. Яке аз чунин тадбирҳо ин кабудизоркунӣ мебошад.
Кабудизоркунии шаҳру маҳалҳои аҳолинишин дар беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист ва рафъи мушкилоти марбут ба он нақши муҳим мебозад.
Ин аст, ки Ҳукумати мамлакат ба ин масъалаи калидӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои муассирро рӯйи кор мегирад. Аз ҷумла, бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии ҷумҳурӣ, инчунин, муҳайё намудани шароити беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ, тибқи супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мавриди амал қарор дорад. Мушкили кабудизоркуниро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҳанӯз 28-уми декабри соли 2023 ёдрас шуда, таъкид дошта буданд: «Таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Яъне, мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем».
Дар ҳамин ҳол, бо мақсади амалигардонии Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мунтазам маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил мегардад, ки дар ин иқдоми муҳим масъулону сокинон фаъолона иштирок мекунанд. Чунончи, дар доираи иқдоми мазкур танҳо дар шафати шоҳроҳҳои Душанбе – Ваҳдат ва Душанбе – Норак беш аз 1500 ниҳоли ҳамешасабзи санавбар шинонда шуд. Чунин мисолҳо кам нестанд ва мо худ шоҳиди он ҳастем, ки чи тавр кӯчаву хиёбонҳои пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе сабзкорӣ мешаванд, дарахтони зебо қомат меафрозанд, боғу гулгаштҳои нав бунёд мешаванд, ки ба намои шаҳр ҳусни тоза зам мекунанд.
Ҳамзамон, бо мақсади коҳиши сатҳи олудашавии ҳаво ва нигоҳ доштани мувозинати экологӣ дар дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ барномаҳои алоҳида таҳия шуда, мавриди амал қарор гирифтаанд, ки ба афзоиши масоҳатҳои сабз дар шаҳрҳо мусоидат карда, як қатор вазифаҳои экологӣ, аз ҷумла мубориза бо гармшавии иқлим, беҳтар кардани сифати ҳаво ва обро дар минтақаҳо, ҳал менамоянд.
Қобили зикр аст, ки афзоиши ниҳолҳои сабз дар кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 буда, он дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия шудааст. Барнома ба самтҳои асосии пешрафти устувори ҷомеа барои танзими тавозуни табиӣ, коҳиши ҳаҷми газҳои гулхонаӣ, мутобиқшавӣ ба раванди тағйирёбии иқлим, беҳтар кардани вазъи экологии кишвар, муҳайё намудани шароити муҳити зисти солим, таъмини нигоҳдорӣ ва идоракунии устувори ландшафтҳои табиӣ, ташаккулдиҳии захираҳои гуногуни биологӣ, инчунин гузариши кишвар ба «иқтисоди сабз» нигаронда шудааст.
Амалӣ намудани Барномаи болозикр яке аз иқдомҳои муҳими мамлакат дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим арзёбӣ мегардад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар як вақти кӯтоҳ дар кишвар маконҳои сабзи устувор меафзоянд. Аммо нигоҳубини дурусти дарахтон, ниҳолу рустаниҳо ва тобовар шудани онҳо ба шароиту иқлими минтақа таваҷҷуҳи махсусро тақозо менамояд. Ҳамчунин, муҳим аст, ки на танҳо дар шаҳрҳои калон, балки дар минтақаҳои дурдасти кишвар низ ба сабзкорӣ диққати ҷиддӣ дода шавад, зеро гузариш ба «иқтисоди сабз» яке аз самтҳои асосии сиёсати рушди устувори Тоҷикистон дониста мешавад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 12.05.2025 №: 92