ЁДИ НЕКОН ҶОВИДОНИСТ

12 май 2025, Душанбе
10
Шахсиятҳои наҷиб бо хотира ва амалҳои некашон дар ёдҳо мемонанд. Аз рӯи анъана ҳамасола дар доираи ҷашни Рӯзи Ғалаба аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёд меорем. Абдураҳмон Абдуллоев, яке аз иштирокчиён ва саҳмгузорони ғалабаи мардуми шуравӣ дар он ҷанг буд, ки баъдан дар барқарорсозии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ҳиссаи худро гузошт. Рӯзи Ғалаба барои ин марди бошараф ва аҳли оилаи ӯ ду ҷашн буд. Яке ҷашни пирӯзӣ ва дигаре зодрӯз. Имсол аҳли ин хонадон баробари ёдоварӣ аз падари ғамхор ва бобои меҳрубон 110 - солагии ӯро гиромӣ медоранд.
Моҳи ноябри соли 1940 Абдураҳмонро, ки корманди мактаби механизаторони шаҳри Хуҷанд буд, ба сафи артиши шуравӣ, ба хизмати Ватан даъват намуданд.
22-юми июни соли 1941 Олмони фашистӣ аҳдшиканона ба хоки паҳновари Иттиҳоди Шуравӣ ҳуҷум намуд. Он замон Абдураҳмон Абдуллоев ба ҳайси аскари қаторӣ дар баталиони №11-уми округи ҳарбии Одесса, воқеъ дар шаҳри Кишинёви Молдова ба барқарор ва таъмирсозии техникаи ҳарбӣ машғул буд. Баъдтар ӯро бригадири таъмирчиёни мошинҳои ҳарбии баталиони барқарор ва азнавсозии мошинҳои ҷангии №152 таъин намуданд.
Абдураҳмон Абдуллоев ҳамеша дар мавриди душман бо қароҳат сухан меронду дар мактубҳои ба Тоҷикистон фиристодааш менавишт:
«Ман ҳеҷ гумон намекардам, ки ҷанг ин қадар даҳшатнок аст. Бовар надоштам, ки одам барои забти давлатҳои дигар, хуни инсонҳои зиёдеро бирезад ва ин қадар ваҳшӣ бошад. Чунин ҳолро фашистони лаин бо разилиашон нишон доданд. Ҳамакнун дар чеҳраи ҳар душман ман дарандаи ваҳшиеро мебинам. Онҳо на ба инсон раҳм доранд, на ба ҳайвон. Бори аввал деҳаҳои холиро мебинам. Наход одамро зинда ба зинда сӯзонӣ. Хунхории фашистон аз разолати Чингиз ҳам гузашт. Агар ӯ барои ғасби давлате шутурро сӯзонда бошад, фашистҳо барои манфиати худ одамро месӯзонанд».
Ҷанговарони тоҷикистонӣ барои ҳифзи хоки шуравӣ то охирин қувваташон бар зидди душман меҷангиданд, зеро хуб медонистанд, ки фашистон ба Маскав расанд, ҳатман Тоҷикистони онҳо низ валангору ғамхона мегардад. Медонистанд, ки Маскав ғасб шавад, занону кӯдакон, модарону пайвандони онҳо низ мисли аҳолии Ленинграду Сталинград, Украинаю Белоруссия куштаву истисмор мешаванд.
Барои Абдураҳмон ҳолатҳое буданд, ки борҳо дар иҳотаи душман наҳаросида, танкҳоро таъмир мекард, қисмҳоро ба ҳам мепайваст, то ин ки техникаи ҳарбӣ дубора барқарор гардаду душман ҳарчи зудтар маҳв шавад.
Зимистони соли 1943, дар даштҳои барфпӯши майдони набарди кишвари Белоруссия ҷанг зидди душмани ғаддор идома дошт. Ногоҳ 300 метр дуртар, дар миёнаи майдони ҷанг тасмачархи танке аз аскарони мо аз кор баромад. Ба Абдураҳмон фармон шуд, ки тасмачархи кандаро пайваст намояд. Тири душман чун борон меборид, ҳар нафаре қадам мемонд, бо марг рӯ ба рӯ мешуд. Абдураҳмон бо як нафар аскар аз тариқи ҷӯйбор хазида, ба танк наздик шуда, тасмачархро пайваст намуданд. Танк ба кор даромад ва дубора душманро ҳадаф қарор дод. Абдураҳмон барои мардонагию шуҷоат бо медали Барои ҷасорат сарфароз гардид.
Ҷанг дар назди Берлин идома дошт. Абдураҳмон бо челонгаронаш чандин танкҳои “захми”-ро таъмир кард. Ӯ ба танке, ки ҳаракат намекард, наздик шуд. Дид, ки ронанда фавтидааст. Абдураҳмон онро ба пеш ронд.
Қадами устувор ва далеронаи Абдураҳмон сабаб гардид, ки аскарони пиёдагарди шуравӣ ба яке аз кӯчаҳои Берлин далерона ворид шаванд.
Барои шуҷоату мардонагӣ дар майдони ҷанг Абдураҳмон бо медалҳои Барои хидматҳои ҷангӣ, Барои мудофиаи Қафқоз, Барои ҷасорат, Барои фатҳи Кёнигсберг, Барои ғалаба бар Германия дар ҶБВ солҳои 1941-1945 сарфароз гардид.
Агар барои ҳама Ҷанги Бузурги Ватанӣ моҳи майи соли 1945, аниқтараш 9-уми май тамом шуда бошад, барои Абдураҳмон ва ҳамяроқонаш, ки дар Берлин барои озод ва баргардондани асирони шуравӣ нигоҳ дошта шуда буданд, моҳи ноябр тамом шуд. Танҳо моҳи ноябри соли 1945, пас аз пурра озод намудани асирон, Абдураҳмон бо сари баланд ба зодгоҳаш шаҳри Хуҷанд баргашт.
Тоҳирхоҷаи ХОҶАЗОД, рӯзноманигор
Санаи нашр: 12.05.2025 №: 92