ҲУҚУҚИ КӮДАК. ҚОНУНЕ, КИ КӮДАКОНРО АЗ ИТТИЛОИ ЗАРАРОВАР ҲИФЗ МЕКУНАД
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” баррасӣ гардида ба тасвиб расид.
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии мавзуъ иброз дошт, ки мақсад аз ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, ин ҳифз намудани кӯдак аз иттилооти ба саломатӣ ва ё инкишофи ӯ зараровар буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
– Қонуни мазкур бо ҳадафи ҳифзи кӯдак аз иттилооти ба саломатӣ ва инкишофи ӯ зараровар, ки нишондиҳандаи иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои иловагии он мебошад, таҳия гардидааст, – гуфт Мунаввар Абдусаломзода, узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.05.2025 №: 92
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ