ДУРНАМОИ РАҚАМӢ: АЗ АМАЛ ТО РУШДИ УСТУВОР

12 май 2025, Душанбе
256

МУСОҲИБАИ ИХТИСОСИИ САНГМАМАДЗОДА МОҲИРА, МУОВИНИ САРМУҲАРРИРИ РӮЗНОМА, БО МИРЗО ХУРШЕД ФАЙЗУЛЛОЗОДА, ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон дар остонаи пешрафти бузурги технологӣ ва инноватсия қарор дорад. Дар кишвар ҷиҳати эҷоди инфрасохтори муосири рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, ки бояд рақобатпазирии байналмилалии онро ба таври назаррас афзоиш диҳад, фаъолона кор бурда мешавад. Мусоҳиба ташаббусҳои Ҳукуматро доир ба трансформатсияи рақамӣ, рушди инноватсия ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои тиҷорат баррасӣ мекунад. Ҳамчунин, бозтоби нақши Ҳукумат вобаста ба дастгирии қарорҳои инноватсионӣ, шарикӣ бо бахши хусусӣ ва шарикони байналмилалӣ ва ин иқдомот дар солҳои оянда чи гуна метавонад ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир расонад, манзури хонандагон мегардад.
Эълон шудани солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия на танҳо изҳорот, балки як қадами стратегӣ ба оянда аст. Зимнан, барои андешидани тадбирҳои зарурӣ Роҳбари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар ҳафт самти мушаххас мақомотҳои давлатиро вазифадор карданд. Барои Шумо, ки роҳбари мақоми ваколатдори соҳа ҳастед, нақшаҳову вазифаҳои миқёсан зиёде дар пеш меистанд. Дар робита ба ин, мехостем вазъи имрӯзаи рақамикунонии иқтисоди миллиро бифаҳмем. Имрӯз рушди инноватсия, технологияҳои рақамӣ дар кадом сатҳ қарор дорад? Махсусан, раванди татбиқи ҳукумати электрониро, ки аз соли 2011 бо қабули “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ” шуруъ шуда буд, чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Бале, бо ташаббуси Роҳбари давлат, Тоҷикистон дар роҳи васеи трансформатсияи рақамӣ қарор дорад. Ҳукумати электронӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Мо дар ин ҷода, аллакай, дастовардҳои муайян дорем. Аз ҷумла, Феҳристи ягонаи электронии маҷмуи маълумот ва иттилоот оид ба иҷозатнома (литсензия) (http://ijozat.tj/) таъсис ёфт, ки дорои иттилои комил ва зарурӣ дар мавриди ҷараёни дарёфти иҷозатнома барои намудҳои ҷудогонаи фаъолият дар Тоҷикистон мебошад; дар назди Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон низоми бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ “Равзанаи ягона” (https://andoz.tj/) амал мекунад; лоиҳаи “Шаҳри ҳушманд”, лоиҳаи “Махзани миллии маълумот доир ба ҷойҳои кории холӣ” (https://kor.tj/home), махзани мутамаркази ҳуқуқӣ (https://www.adlia.tj/) маркази миллии тестӣ (https://ntc.tj/tj/) ва ғайраву ҳоказо ҷорӣ карда шуд.
Алъон барои татбиқи ҳукумати электронӣ як қатор чорабиниҳо амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, таъсиси портали хизматрасонии давлатӣ, ки тавассути он барои шаҳрвандон беш аз 100 намуди хизматрасониҳои давлатиро пешниҳод менамоем. Муҳимтарин лоиҳаи дигар, ин ҷорӣ намудани системаи идентификатсияи биометрӣ тавассути барномаи “Имзо” мебошад, ки дастрасии шаҳрвандонро ба хизматрасониҳои давлатӣ ба таври қобили мулоҳиза суръат мебахшад ва амнияти онҳоро таъмин менамояд. Ҳоло раванди ҳамгироии барномаи мазкур бо махзани маълумоти шуъбаҳои шиносномадиҳӣ ҷараён дорад. Баъди анҷоми ин корҳои техникӣ мо барномаро барои мардум муаррифӣ карда, мавриди истифода қарор хоҳем дод.
Махзанҳои маълумоти электронӣ дар мақомотҳои давлатӣ мавриди бозбинӣ ва такмилдиҳӣ қарор доранд. Дар чанд вазорату кумитаҳои давлатӣ, ки, аллакай, махзанҳои маълумоти электронӣ фаъолият доранд, ба портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ҳамгироӣ мешаванд. Таъсиси махзанҳои маълумот дар ҳамаи мақомоти давлатӣ кори серхарҷ мебошад, ки ҳам маблағҳои зиёд ва ҳам мутахассисони ҳирфавиро тақозо дорад. Чунки таъсиси махзани маълумоту ҷамъоварии маълумот ин як тарафи кор, паҳлуи муҳими дигар, ин ҳифзи маълумот мебошад. Барои ин, ба мо мутахассисони касбӣ ва инфрасохтори қавӣ, яъне барномаҳову дастгоҳи қавии техникӣ, лозим аст. Қатъи назар аз он ки, ин раванд каме вақт талаб мекунад, бо дастгирии Ҳукумати кишвар корҳо дар ин самт хуб пеш рафта истодаанд. Аллакай, махзани маълумоти мақомоти адлия, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ба портали ягонаи давлатӣ пайваст шуда истодаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи 100 хизматрасонии давлатии электронӣ муайян шудааст; лоиҳаи қарор ба Ҳукумати кишвар пешниҳод гардидааст. Соли ҷорӣ 20 адади онро тариқи портал пешниҳод менамоем. Ин ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, шаффофияти кор ва ғанигардонии буҷети давлат мусоидат менамояд.
ИНФРАСОХТОРИ ИНТЕРНЕТ: БАРТАРАФ КАРДАНИ МОНЕАҲО
– Интернет заминаи асосии гузариш ба иқтисоди рақамӣ мебошад. Коршиносон бар он назаранд, ки дар самти танзими Интернет бояд ислоҳот гузаронд. Оё зарурати тағйирот дар заминаи институтсионалӣ, ҳуқуқӣ ва меъёрӣ барои беҳтар намудани дастрасӣ ба Интернет вуҷуд дорад? Андешаи Шумо дар ин бора чӣ аст?
– Танзими Интернет, асосан, марбут ба мақомоти дахлдор, яъне Хадамоти алоқа мебошад. Масъалаи сифати Интернет ин ҷанбаи техникӣ дорад. Тоҷикистон кишварест, ки 93 дарсади қаламрави онро кӯҳҳо ишғол мекунанд ва пайвастшавӣ ба Интернет кори осон набуда, харҷи зиёдро талаб мекунад. Дар шароити кӯҳистон бояд хатҳои нахи оптикии фарохмавҷ пайваст карда шаванд, ки хеле гаронарзиш мебошанд. Барои ҳалли масъалаи мазкур аз ҷониби Ҳукумат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Барои беҳтар намудани сифати Интернет серверҳои бузург дар дохили кишвар васл мегарданд ва дар минтақаи кӯҳистон хатҳои нахи оптикӣ гузаронда мешаванд. Дар робита ба ҳалли ин масъала, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, лоиҳаҳо омода шуда истодаанд.
Ба зудӣ дар кишвар шабакаи 5G низ пурра татбиқ мегардад. Ширкати TCELL, аллакай, 5G-ро дар баъзе минтақаҳо роҳандозӣ намуд. Барои беҳтар намудани сатҳу сифати Интернет ва умуман рақамикунонӣ, саҳми бахши хусусӣ низ нақши муҳим дорад ва дар ин самт мо бо бахши тиҷорат ҳамкории зич дорем.
ҚАДАМИ НАВБАТӢ ЭКОСИСТЕМАИ МУКАММАЛИ ИННОВАТСИОНӢ: ДАСТГИРИИ СТАРТАПҲО ВА ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР ИН БАХШ
– Ба ғайр аз беҳсозии Интернет, боз кадом қадамҳои устуворро барои хубтар намудани экосистемаи инноватсионӣ бояд гузошт?
– Дар ин самт, пеш аз ҳама, заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои стратегӣ таҳия ва қабул гардиданд. Қарори Ҳукумат дар бораи номгӯи фаъолияти инноватсионӣ ва имтиёзҳо барои пешбурди фаъолияти инноватсионӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
То ин муддат як фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қонун ва 10 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ гардиданд. Айни замон дигар лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳиянамудаи Агентӣ дар мувофиқасозии вазорату идораҳои соҳавӣ қарор доранд.
Тадбири муҳими дигаре, ки барои фароҳам овардани экосистемаи мусоид барои рушди инноватсия анҷом дода шуд, ин таъсиси IT парк мебошад, ки дар он, аллакай, 19 резидент ба қайд гирифта шудааст. Резидентҳо ба платформаҳои байналмилалӣ ворид шуда, тавассути он метавонанд бо шарикони рушд, ширкатҳои бузурги IT ва сармоягузорон мубодилаи таҷриба ва стартапҳои худро муаррифӣ намоянд. Ҳамчунин, имтиёзҳои давлатӣ – озод аз пардохтҳои гумрукӣ ва андоз фароҳам оварда шудаанд.
– Барои татбиқи стартапҳо сармояи венчуриро бояд ҷалб кард, аммо заминаи ҳуқуқӣ надорем, ки муносибатҳоро дар ин самт танзим намояд. Умуман, барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди рақамӣ дар кишвар кадом меъёрҳои асосии ҳуқуқӣ бояд такмил дода шаванд?
– Барои дастгирии стартапҳо аз ҷониби Ҳукумат мунтазам чорабиниҳои муассир роҳандозӣ мегардад. Аз ҷумла, инфрасохтори зарурӣ, аз қабили IT парке, ки, аллакай, дар борааш маълумот додем, Муассисаи давлатии «Бизнес- инкубатор», Фонди рушди инноватсия ва саноат, Акселерейт Просперити барои дастгирии стартапҳо ва ҷалби сармоя барои татбиқи онҳо таъсис ёфтаанд.
Татбиқи стартапҳо дар иқтисодиёти рақамӣ на танҳо ба рушди технологияҳои дохилӣ, балки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби ҷавонон ва ташкили муҳити инноватсионӣ мусоидат мекунад. Имрӯз дар Тоҷикистон низ як қатор стартапҳои ҷавон дар бахшҳои хидматрасонии рақамӣ, таҳияи замимаҳои мобилӣ ва системаи пардохти электронӣ фаъолият доранд.
Сармояи венчурӣ яке аз муҳаррикҳои муҳими рушди стартапҳо дар ҷаҳон аст. Ин навъи сармоягузорӣ махсус барои ширкатҳои хурд ва лоиҳаҳои хатарпазир, вале умедбахш равона мешавад. Ба туфайли сармояи венчурӣ, имконият фароҳам мегардад, ки идеяҳои нави технологӣ дар муҳлати кӯтоҳ амалӣ ва ба маҳсулоти рақобатпазир табдил дода шаванд.
Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки аксари ширкатҳои бузурги технологӣ, аз ҷумла Google, Facebook, Airbnb ва Uber бо кумаки сармояи венчурӣ рушд ёфтаанд. Барои Тоҷикистон низ таъсиси фонди сармоягузории венчурӣ аҳамияти стратегӣ дорад, ки метавонад ба стартапҳои ватанӣ барои амалишавии лоиҳаҳои рақамӣ имконият фароҳам оварад. Бинобар ин, заминаи ҳуқуқӣ барои сармоягузории венчурӣ дар маркази таваҷҷуҳи мо мебошад ва барои ташаккули он чорабиниҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ҷанбаҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқии танзими зеҳни сунъӣ (ЗС): Тоҷикистон равиши худтанзимкуниро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод мекунад
– Бо дастгирии Роҳбари давлат стартапҳои ҷавонони лаёқатманди мо дар соҳаи зеҳни сунъӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ шуҳрат доранд. Барои таъмини истифодаи бехатар ва одилонаи ЗС танзими ахлоқӣ ва ҳуқуқии он имрӯзҳо дар маркази таваҷҷуҳ аст. Тоҷикистон масъалаҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқиро дар доираи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ аз рӯйи равиши худтанзимкунӣ (self regulation) ба роҳ мондааст. Дар Ӯзбекистон, Қазоқистону Қирғизистон барои танзими ЗС абзори “регбозии ҳуқуқӣ” (regulatory sandbox) татбиқ мегардад. Мавқеи мақоми ваколатдор доир ба ин масъала чӣ гуна аст?
– Бисёр саволи хуб. Масъалаи этикии зеҳни сунъӣ воқеан, мавзуи муҳим мебошад, ки, албатта, дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дорад. Боиси ифтихор аст, ки яке аз ташаббуси глобалии Роҳбари давлатамон, маҳз вобаста ба ин, дар Иҷлосияи 79-уми СММ 24-уми сентябри соли 2024 доир ба қабули Қатъномаи махсуси нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳамсозии имкониятҳои нав барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварҳои ОМ манзур гардида буд. Чанде пеш, 8-уми апрели соли ҷорӣ дар доираи ин ташаббуси Роҳбари давлатамон дар қароргоҳи СММ, шаҳри Ню-Йорк, муаррифии лоиҳаи ин қатънома ва пешниҳодоти дигар роҳандозӣ гардид. Дар робита ба танзими ахлоқии зеҳни сунъӣ, Тоҷикистон консепсияи худтанзимкунии уфуқии ЗС-ро ҷонибдорӣ мекунад ва онро мо ба кишварҳои минтақа низ пешниҳод намудем. Чунки дар марҳалаи аввал танзими аз ҳад зиёд ба рушди ЗС метавонад монеа эҷод кунад. Бинобар ин, зимни таҳияи қонунгузории ояндаи миллӣ ва байналмилалӣ дар ин соҳа, бояд кафолати мувозинати байни навоварӣ ва амниятро ҳамчун унсури асосӣ ба назар гирифт. Яъне, Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ин қатънома зарурати талошҳои муштаракро барои ноил шудан ба пешрафти устувори технологӣ ва кам кардани хатарҳои эҳтимолии марбут ба рушди ЗС ҷонибдорӣ мекунад.
Дар мубоҳисае, ки барои муаррифии лоиҳаи Қатъномаи танзимии ЗС дар СММ доир гардид, ҳамчунин, таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намудем. Ин Марказ ҳамчун платформаи ягона барои муттаҳид кардани зарфияти ҳисоббарории ЗС (AI computing), дастгирии стартапҳои ЗС, инчунин, барои табодули маълумот ва таҳқиқот ва коркарди он (Р&D) фаъолият хоҳад кард. Дар назар аст, ки ин Марказ дар шаҳри Душанбе таъсис меёбад ва он на танҳо мутахассисони минтақавиро доир ба рушди ЗС сарҷамъ менамояд, балки коршиносону ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ низ ба он ҷалб мегарданд.
Дар мубоҳиса, ки намояндагони давлатҳои гуногун иштирок доштанд, аз ташаббуси Тоҷикистон доир ба аҳамияти таҳияи технологияҳои бехатар ва муассири ЗС дар сатҳи ҷаҳонӣ изҳори пуштибонӣ ва барои такмили он пешниҳодҳои хешро манзур намуданд. Барои коркарди лоиҳаи Қатънома аз ҷониби Тоҷикистон гурӯҳи корӣ бо намояндагӣ аз Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис ёфтааст. Гурӯҳи корӣ лоиҳаи Қатъномаро коркарду такмил дода, барои муаррифӣ дар иҷлосияи навбатии Маҷмаи умумии СММ омода месозад. Бо ин ташаббусҳо Тоҷикистон саъй дорад, ки экосистемаи бехатар ва устувори рушди зеҳни сунъиро дар минтақа ва ҷаҳон эҷод кунад.
Пойгоҳи миллии маълумот: Тоҷикистон низоми муассири киберамниятро таъсис медиҳад
– Яке аз масъалаҳое, ки Роҳбари давлат зимни ироаи Паём ба он таваҷҷуҳ карданд, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот мебошад. Ин махзан дар назди ягон мақомот қарор хоҳад дошт ё ҳамчун маркази мустақил таъсис хоҳад ёфт? Таъмини бехатарии киберӣ ва ҳифзи додаҳои ин махзан аз ҷониби кӣ ва чӣ гуна танзим мешавад?
– Ҳифзи маълумот танҳо як масъала нест, ин уҳдадорӣ аст. Ҳукумати электронӣ нигоҳдорӣ ва коркарди миқдори зиёди маълумотро дар бар мегирад. Мо хуб дарк мекунем, ки амнияти ин додаҳо бояд дар сатҳи баланд бошад.
Дар доираи низомномаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ танзим ва пешбурди фаъолияти марказҳои хизматрасониҳои давлатӣ ва махзани миллии давлатӣ ваколати мо мебошад. Ба наздикӣ, чӣ тавре ки болотар мо зикр кардем, портали хизматрасониҳои давлатӣ дар назди Агентӣ ба фаъолият шуруъ менамояд. Бо ин мақсад, мо дар назди Агентӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Маркази тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ” таъсис додем, ки он, аллакай, ҳамкориро бо мақомоти давлатӣ хуб ба роҳ мондааст. Алъон аз ҷониби ҷамъияти мазкур як қатор корҳо анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, барои тайёр кардани мутахассисон ҷиҳати пешбурди фаъолияти ҳукумати электронӣ марказҳои омӯзишӣ оид ба самтҳои гуногуни технологияи иттилоотӣ фаъолият доранд, ки дар он мутахассисони ҳирфавӣ аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб гардида, барои омода намудани кадрҳо машғуланд.
Барои ҳифзи додаҳо ва рушди инфрасохтори киберамният чораҳо меандешем. Қобили зикр аст, ки нармафзорҳоро барои таъмини амният ва бехатарии киберии фаъолияти портали хизматрасониҳои давлатӣ, ки ҳамаи маълумоти шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ дар он ҷамъоварӣ мегарданд, мутахассисони мо дар дохили кишвар таҳия мекунанд. Серверҳои махзанҳои маълумотро низ мо дар дохили кишвар ҷойгир менамоем. Барои ба стандартҳои байналмилалии амният ва ҳифзи додаҳо мувофиқат кардани ҳамаи платформаҳои рақамии давлатӣ ва хусусӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем.
Вобаста ба супориши Роҳбари давлат доир ба таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, дар назди Агентӣ Муассисаи давлатии «Ҳифзи маълумот» таъсис дода мешавад. Муассисаи мазкур бо ҷалби 50 мутахассис рӯзҳои наздик ба фаъолият шуруъ хоҳад кард. Муассисаи мазкур тамоми маълумоти аз ҷониби мақомоти давлатӣ коркардшударо назорат ва муҳофизат менамояд. Кормандон таҳдидҳои эҳтимолиро ҳамарӯза назорат ва ҳамлаҳои кибериро пешгирӣ мекунанд. Ҳифзу бехатарии маълумот дар мадди аввал мебошад, зеро амният эътимод аст ва эътимод асоси рақамикунонист.
Дурнамои криптоасъор ва блокчейн дар Тоҷикистон: эҷоди заминаи ҳуқуқӣ ва дурнамои иқтисодӣ
– Чаро криптоасъор дар Тоҷикистон дар холигоҳи қонунӣ қарор дорад ва оё барои фароҳам овардани заминаи муассири ҳуқуқии танзими асъори криптовалютӣ ва ҳамгироии он ба иқтисоди Тоҷикистон ягон тадбир андешида мешавад?
– IT парке, ки ба наздикӣ таъсис ёфт, дар назди он фаъолияти криптоасъор ва биржа ба роҳ монда шуд ва фаъолияти он дар доираи ваколатҳое, ки дорем, аз рӯи реҷаи махсуси озмоиши ҳуқуқӣ (regulatory sandbox) танзим мегардад. Биржаи криптоасъор ба биржаи ҷаҳонии криптодороӣ пайваст шудааст. Тавассути ин биржа барои бонкҳои мо, ки дар ин самт ҳавасманд мебошанд, барои ширкат намудан дар мубодилаи криптодороиҳо имконият фароҳам оварда шудааст.
– Шумо дурнамои истифодаи технологияҳои блокчейнро дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Оё онҳо метавонанд дар идоракунии давлатӣ, муомилоти молиявӣ ё дигар соҳаҳо нақши калидӣ бозанд?
– Технологияҳои блокчейн (blockchain) метавонанд соҳаҳои молия ва идоракунии давлатиро ба таври назаррас тағйир диҳанд. Ин технология шаффофият, амният ва суръатбахшии муомилотро таъмин мекунад. Дар Тоҷикистон мо истифодаи блокчейнро барои чунин соҳаҳо, аз қабили хадамоти электронии давлатӣ, идоракунии замин ва пайгирии занҷираи таъминот дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ мекунем. Blockchain, инчунин, метавонад барои мушаххаскунии рақамии шаҳрвандон ва ҳифзи маълумот муфид бошад.
Рустои оянда: «деҳоти ҳушманд» ва маърифати рақамӣ
– Дар шароити урбанизатсия (шаҳрнишинӣ)-и босуръат, Шумо аҳамияти рушди рақамиро барои деҳот чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Барои бартараф кардани нобаробарии рақамӣ байни шаҳрҳо ва деҳот чӣ бояд кард? Оё дар баробари лоиҳаи “Шаҳрҳои ҳушманд”, “Деҳоти ҳушманд” низ дар назар аст?
– Албатта, рушди инноватсия ва татбиқи технологияҳои рақамӣ дар минтақаҳо, аз ҷумла деҳот, дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар аст.
Барои рушди рақамикунонӣ дар деҳот аз ҷониби Ҳукумат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои созмон додани инфрасохтори зарурӣ як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ шудаанд. Аз ҷумла, гузарондани хатҳои нахи оптикии фарохмавҷ марҳала ба марҳала амалӣ мегардад.
Имрӯз сокинони дурдасттарин деҳоти кишвар бо Интернет пайваст мебошанд ва ин ба онҳо имконият фароҳам овардааст, ки ба хизматрасониҳои электроние, ки дар шаҳрҳо ва гузашта аз он дар сатҳи глобалӣ вуҷуд дорад, пайваст бошанд.
– Ба наздикӣ Шумо бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ доир ба татбиқи лоиҳаи “Асосҳои рақамии Тоҷикистон” мулоқот доштед. Дар доираи ин лоиҳа чорабиниҳои махсус оид ба такмили хизматрасониҳои рақамӣ ва баланд бардоштани малакаи рақамӣ дар манотиқи деҳот, аз ҷумла пайвастшавии мактабҳо ба алоқаи фарохмавҷ, дар назар аст. Лутфан, мегуфтед, ки лоиҳаи мазкур кадом манотиқро фаро мегирад ва корҳо дар ин самт чӣ гуна пеш мераванд?
– Дар бораи ҳамкории мо бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рақамикунонӣ пештар ҳам гуфта гузаштем. Дар доираи ин лоиҳа, ки чор солро дар бар мегирад, нахҳои оптикии фарохмавҷ дар минтақаҳои кӯҳистон насб мешаванд. Яке аз компонентҳои ин лоиҳа пайваст намудани мактабҳои деҳоти дурдаст бо нахи оптикии фарохмавҷ мебошад. Барои самаранокии лоиҳа, дар мадди аввал, мо деҳоти дурдасте, ки аҳолӣ ва хонандаҳои зиёд дошта бошад, ба назар мегирем.
Тоҷикистон: Ҳукумат ва бахши хусусӣ барои трансформатсияи рақамӣ муттаҳид мешаванд
– Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди табдилдиҳии рақамӣ чӣ нақш мебозад? Ба фикри Шумо, он бояд дар эҷоди инфрасохтори рақамӣ пешсаф бошад ё ин масъалаи бахши хусусист?
– Ҳукумат дар эҷоди инфрасохтори рақамӣ нақши калидӣ мебозад, аммо ин набояд иштироки бахши хусусиро истисно кунад. Ҳукумат барои инноватсия ва сармоягузорӣ шароит фароҳам меоварад, заминаи қонунгузорӣ ва меъёриро ташаккул медиҳад ва бахши хусусӣ дар таҳия ва татбиқи технология саҳм мегузорад. Танҳо тавассути шарикӣ метавон ба табдилдиҳии самараноки рақамӣ ноил шуд.
– Самараи иқтисодии ҷорӣ намудани хидматрасониҳои электронӣ барои шаҳрвандон ва соҳибкоронро дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Барои иқтисоди миллӣ ва буҷети давлатӣ чӣ манфиатро дар дарозмуддат интизоред?
– Рақамикунонӣ на танҳо навсозии технологӣ, балки омили рушди иқтисодӣ аст. Мо, аллакай, мебинем, ки чӣ гуна автоматикунонӣ ва ҷорӣ намудани хидматрасониҳои электронӣ хароҷоти маъмуриро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дода, самаранокии фаъолияти мақомоти давлатиро афзоиш медиҳад. Шаффофият дар равандҳои пардохти андоз ва дигар равандҳои молиявӣ ба беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ мусоидат кардаанд. Мо интизорем, ки то соли 2026 аз ҳисоби беҳтар шудани хизматрасониҳои давлатӣ ва рақамикунонии равандҳо харҷи маблағҳо ва вақт ҳам барои мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шаҳрвандон камтар шуда, аз ин ҳисоб буҷети давлатӣ ва хусусӣ сарфа карда мешавад. Дар дарозмуддат рақамисозӣ рақобатпазирии иқтисодиёти моро афзоиш дода, барои тиҷорат уфуқҳои нав боз мекунад ва Тоҷикистонро барои сармоягузорони хориҷӣ боз ҳам ҷолибтар месозад.
Оянда, аллакай, оғоз ёфтааст
– Кадом вазифаҳои муҳим дар назди Агентӣ барои панҷ соли оянда меистанд? Кадом самтҳо барои Агентӣ дар ояндаи наздик афзалият доранд?
– Мутобиқи афзалиятҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикргардида, дар панҷ соли оянда дар назди Агентӣ вазифаҳои миқёсан васеи рушди иқтисодиёти рақамӣ ва экосистемаи устувори инноватсионӣ меистанд. Фаъолияти мо ба ҳафт самти стратегии рушди рақамӣ асос ёфтааст, ки дар Паёми Президент гуфта шудааст: такмили заминаи ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои меъёрии зарурӣ барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ; рушди инфрасохтори рақамӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияҳои 5G, таъсиси марказҳои додаҳо ва платформаи миллии додаҳо; рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҷорӣ намудани платформаи ягонаи электронӣ; тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи ТИК ва баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ; татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хидматҳо ва равандҳои давлатӣ; таъмини киберамнияти платформаҳои иттилоотӣ ва системаҳои рақамӣ; рушди соҳибкории рақамӣ ва тиҷорати электронӣ.
Вобаста ба ин ҳадафҳо, аз ҷониби Агентӣ як қатор ташаббусҳо ва лоиҳаҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, таъсиси Платформаи миллии хидматрасонии электронӣ, ҷорӣ намудани системаи идентификатсияи рақамӣ ва имзои электронӣ, рақамикунонии бахшҳои калидии иқтисодиёт, ба кор андохтани марказҳои инноватсионӣ ва барномаҳои акселератсия, рушди таҳсилоти фосилавӣ ва платформаҳои таълимии рақамӣ, мебошанд. Мо, инчунин, дар самти ҷалби сармояи байналмилалӣ, рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои стартапҳо ва ширкатҳои инноватсионӣ фаъолона кор карда истодаем.
Дар маҷмуъ, ҳадафи стратегии мо ташаккули иқтисоди муосири рақамӣ мебошад, ки қодир аст, афзоиши рақобатпазирии кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳамгироии Тоҷикистонро ба фазои рақамии ҷаҳонӣ таъмин созад. Эълон намудани солҳои 2025-2030 - Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия барои фаъолияти мо ва тамоми сиёсати давлатии рақамӣ ҳамчун роҳнамои амиқ хизмат мекунад.
Тоҷикистон баъди даҳ сол: тасхири мақоми баланд дар радабандии ҷаҳонӣ
– Дар радабандии ҷаҳонӣ дар бахши инноватсия ва технологияи рақамӣ дар даҳ соли оянда Тоҷикистонро дар ҷои чандум мебинед?
– Мо ба мавқеи кунунии Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ назари воқеъбинона дорем. Дар ин самт дар даҳсолаи оянда ба пешрафти назаррас итминони комил дорем.
Татбиқи бевоситаи ҳафт самти калидии трансформатсияи рақамӣ, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, ба баланд бардоштани рақобатпазирии байналмилалии кишвар нигаронда шудааст. Дар доираи ин вазифаҳо мо барои таҳкими зерсохтори рақамӣ, ташаккули муҳити мусоиди ҳуқуқӣ, рушди неруи инсонӣ ва ҷорӣ намудани ҳалли инноватсионӣ дар соҳаҳои иқтисод ва идоракунии давлатӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодаем. Дар баробари ин, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ ҷиҳати беҳсозии фазои рақамӣ ва татбиқи технологияҳои пешрафта, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, блокчейн ва хизматрасониҳои рақамии фарогир, қадамҳои устувор мегузорад.
Ба андешаи мо, дар шароити иҷрои пайгиронаи стратегияҳои давлатӣ, татбиқи самараноки ислоҳот ва ҷалби васеи захираҳои зеҳнӣ, молиявӣ ва техникӣ, Тоҷикистон метавонад дар даҳ соли оянда мавқеи шоистаро дар радабандии ҷаҳонӣ дар бахши инноватсия ва технологияи рақамӣ ишғол намояд. Мо бовар дорем, ки дар сурати нигоҳ доштани динамикаи мавҷуда, Тоҷикистон тайи даҳ соли оянда метавонад аз рӯи як қатор трансформатсияи рақамӣ ва нишондиҳандаҳои рушди инноватсионӣ, аз ҷумла рейтингҳои байналмилалӣ, аз қабили Индекси глобалии инноватсия (Global Innovation Index) ва шохиси рушди ТИК (ICT Development Index), ба қатори кишвари беҳтарини ҷаҳон ворид шавад. Албатта, ин ҳадафи бузургест, ки ҳамкории зичи байнисоҳавӣ, сафарбар намудани захираҳои дохилӣ ва ҷалби таҷриба ва сармоягузории дохилию хориҷиро тақозо мекунад.
Аммо мо боварии комил дорем, ки ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарияти кишвар ва фаъолияти ҳамоҳангшудаи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ин имконпазир аст.
Санаи нашр: 12.05.2025 №: 92