«ТУҲФАИ ТАҚДИР»

13 май 2025, Сешанбе
12
Дар арафаи ҷашни 100-солагии, ба таъбири устод Садриддин Айнӣ «модари матбуоти тоҷик» («Ҷумҳурият», 1925-2025), барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ҳабибулло Ёров ба иқдоми нек даст зада, ба поси хотири устодоне, ки дар тарбияи журналистони ҷавон ҳисса гузоштаанд, маҷмуаи очеркҳо, лавҳаҳо ва фелйетонҳояшро таҳти унвони «Туҳфаи тақдир» пешкаши хонандагони соҳибзавқ ва рӯзноманигорон, хоссатан аҳли кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият», намуд.
Бояд тазаккур дод, ки журналисти варзида бист соли ҳаёти бобаракаташро ба нашрияи овозадору бонуфузи мамлакат бахшидааст. Хонандаи хушзавқ ҳангоми мутолааи ин чакидаҳои пурмазмуну ҷолиб гумон мекунад, ки таърихи садсолаи «Ҷумҳурият»-ро саҳифагардон намудааст. Аз ин хотир, «Туҳфаи тақдир»-ро метавон асари таърихӣ- бадеӣ унвон кард.
Дар ин асари пурмуҳтаво нависанда аз ҳаёти шаш муҳаррир ва бист журналисти варзидае, ки дар рушду нумӯи рӯзнома ва тарбияи рӯзноманигорони ҷавон саҳми бориз гузоштаанд, қиссаҳои шавқангезу ибратомӯз ва ҳикоятҳои таъсирбахш оварда, услуби корӣ ва роҳбарии онҳоро бо маҳорати воло ба қалам додааст.
Муаллиф ба чӣ гунагии мавзую жанрҳои истифодакардаашон сухан ронда, инчунин, дар хусуси шахсияти онҳо, дӯстию рафоқат, одаму инсонгарӣ, накукорию меҳнатдӯстиашон ҳарф зада, заҳматҳои ҳамарӯза кашидаи ин дилбохтагони касби худро бо очерку лавҳа ба хонандагон шиносондааст.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки нависанда аз ҳазлу ҳаҷву танзу шӯхиву маҷоз хеле моҳирона истифода бурда, лаҳзаҳои ширину хандаоварро аз ҳаёти бархе аз ҳамкоронаш ба қалам додааст, ки чунин амали муаллиф ҳусни асарро бамаротиб баланд бардоштааст. Масалан: «Дар кушода шуду марди қоқинаи тахминан сивупанҷ-чилсолае, ки мӯйи сараш нисбат ба синну солаш хеле сафед менамуд, кала кашида… пас аз чанд ноҳияро бо рақамҳои мушаххас хондан, гуфт: «Райони Ҳашт ашт фоиз» (саҳ.171).
Ҷоиз ба ёдоварист, ки адиб баробари баёни ҳолатҳои ибратбахшу пандомӯзи қаҳрамонҳояш, табиати нотакрори диёри хешро бо самимияти хос тасвир менамояд: «Нам-намаки борони сим-сими шабона боз чанги сафедхоки рӯи роҳи пиёдагузари деҳаро тавре мешинонд, ки пойафзоли пардоздидаи роҳгузаре ғубор намегирифт. Насими субҳгоҳӣ бӯйи муаттари шаддагулҳои санҷидро ба атроф пареш дода, шуоъҳои зарҳалини Офтоби нав рухнамуда, ки шабнами рӯйи сабзаву барги гулу гиёҳҳоро ҷилои зумуррадгун медиҳанд, субҳи деҳаро аҷаб дилкашу форам мегардонд» (саҳ. 360).
Дар хотима андешаи воқеъбинонаи муаллифро зикр кардан бамаврид мешуморем. Дар он муаллиф менигорад, ки аз вазиши «боди изғиринг»-и бозсозии роҳбари вақти КПСС Горбачёв як муддат рӯзнома рисолати аслии худро аз даст дод, вале бо соҳибистиқлол шудани Тоҷикистону дастгириҳои рӯзафзуни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҷумҳурият» боз нуфузи пештараашро барқарор кард:
«Бо шукрона аз сиёсати оқилонаи Пешвои миллат «Ҷумҳурият» аз нав зинда гардид. Чеҳра рӯшан карду симои воқеии худро дар давраи сеюми фаъолияташ барқарор намуд. Соҳиби асливу ҳақиқии худро ёфт. Ба рӯзномаи рақами аввали Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт. Боз мактаби тарбияи журналистӣ гардид - мактаби қаламкашони насли даврони соҳибистиқлолӣ!».
Хулоса, итминони комил дорем, ки китоби Ҳабибулло Ёров барои рӯзноманигороне, ки дар ин касби бошарафу боифтихор қадамҳои нахустини худро гузошта, бори аввал ҷумлае болои варақи сафед менависанд, дастурамали гаронбаҳое хоҳад шуд.
Зариф ҒУЛОМ, адиб
Санаи нашр: 13.05.2025 №: 93-94