ПУШИНГ.ҚУДУМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРАКАТ ДОРАД!
Пушинг яке аз калонтарин ва қадимтарин деҳаҳои ноҳияи Данғара буда, дар доманаи кӯҳ ҷойгир аст. Боду ҳавои форам дорад. Дар саргаҳи деҳа аз таги сангҳо тахминан 14-15 чашмаи ба ҳамдигар наздик оби ошомиданӣ мебарояд. Ҳамаи чашмаҳо якҷоя шуда, як дарёчаи на чандон калонро ташкил медиҳанд. Ҳамин шохаи об деҳаро ба ду қисм тақсим менамояд.
Мардуми ин деҳаи овозадор ба зироаткорӣ, чорводорӣ ва боғпарварӣ машғуланд. Шукронаи онро доранд, ки бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давлати орому осоишта зиндагӣ мекунанд.
Соли 2019 хурсандии сокинони ин деҳа ҳадду канор надошт, зеро 23-юми майи ҳамон сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ба деҳоти Пушинг низ ташриф оварданд. Ҷаноби Олӣ дар ин ҷо як қатор иншоот, аз ҷумла мактаб барои 1520 хонанда дар ду баст, бинои таваллудхонаи муосир, боғи фарҳангиву фароғатӣ, майдони Парчаму Нишони давлатӣ ва ҳавзи калонро, ки ба ифтихори ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ бо иқдоми дастаҷамъонаи мардум ва соҳибкорон сохта шуда буданд, ифтитоҳ намуданд. Ҳамон сол тамоми кӯчаҳои деҳаи Пушинг асфалтпӯш гардиданд.
Инак, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Пушинг марҳалаи нави ободкорӣ оғоз шуд. Айни замон сохтмони бинои қасри фарҳанг бо 380 ҷойи нишаст, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1080 хонанда дар як баст, ду боғчаи бачагона барои 450 кӯдак, инчунин, сохтмони коргоҳҳои хурди макаронбарорӣ, дару тирезаҳои пластикӣ ва дукони дӯзандагӣ аз тарафи соҳибкорон ва ҷавонони саховатманд идома дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафарҳои кории худ сари кӯдакони ятиму бепарасторро сила намуда, ба онҳо дасти ёрӣ дароз менамоянд, то ки онҳо худро бекасу танҳо ҳис накунанд. Дар партави сиёсати башардӯстонаи Ҷаноби Олӣ имрӯз соҳибкорону ҷавонони саховатманди деҳаи Пушинг як бинои истиқоматии дуошёнаро барои 40 кӯдаки ятим сохта истодаанд. Ҳамчунин, бинои замонавии Ҷамоати деҳоти Пушинг аз тарафи соҳибкорони бо нангу номус ва ҷавонони саховатманд сохта, ба истифода дода шуд. Сохтмони ду фермаи мурғпарварӣ низ идома дорад.
Мавриди зикр аст, ки чанд нафар сокини деҳаи Пушинг, ки барои анҷом додани ҳаҷ маблағ ҷамъ карда буданд, маблағҳои худро барои ободии деҳа сарф намуданд.
Мо – сокинони деҳаи Пушинг, ба соҳибкорон, ҷавонони саховатманди бо нангу номуси Ватан, ки барои ободии ин деҳа камари ҳиммат бастаанд, миннатдорӣ баён менамоем. Бовар дорем, ки минбаъд низ сафи чунин соҳибкорон зиёд гардида, на танҳо деҳаи Пушинг, балки дигар деҳаҳои кишварамонро низ боз ҳам ободу зеботар мекунанд.
Саидқул ТАҒОЕВ, сокини деҳаи Пушинг,Аълочии маорифи Тоҷикистон
Санаи нашр: 14.05.2025 №: 95
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН