НОХУДОГОҲӢ Ё ШУҲРАТХОҲИИ ТАСОДУФИЕ, КИ ЯК УМР ПУШАЙМОНӢ ДОРАД

15 май 2025, Панҷшанбе
4
Дар замони рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ ва густариши васеи шабакаҳои иҷтимоӣ, масъалаи рафтори ноогоҳонаи бархе аз наврасону ҷавонон, ки, нахуст, дар зиндагии воқеӣ ва, баъдан, дар фазои маҷозӣ паҳн мегардад, ба як мушкили ҷиддии иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Нашри пайвастаи наворҳои дорои муҳтавои авбошӣ ва рафторҳои хатарноки гурӯҳҳои наврасону ҷавонон, ки дар саҳифаҳои расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷой дода мешаванд, гувоҳи равшани вазъи ташвишоварест, ки имрӯз ҷомеа бо он рӯ ба рӯ шудааст.
Дар чунин наворҳо дида мешавад, ки як қисми ҷавонон ва наврасон барои ба даст овардани шуҳрат дар шабакаҳои интернетӣ, ки бар пояи таҳқир, лату кӯб, дашном ва таҳдид асос ёфтааст, ба амалҳои бадахлоқона даст мезананд. Ин амал, ки ба назари онҳо нишони ҷасорат ва нуфуз мебошад, дар асл нишони гумроҳӣ ва фурӯпошии маънавию ахлоқии онҳост.
Мутаассифона, бисёре аз чунин ҷавонон, ки дониши кофии ҳуқуқӣ надоранд, дар муҳити носолим ба камол расида, бо таъсири гурӯҳҳои иғвогар гирифтор шуда, бо ин роҳ кӯшиш менамоянд, ки «шуҳрат» ба даст оранд – шуҳрате, ки дар асл муҳри маҳкумият ва заминаи ҷавобгарии ҷиноятии онҳост.
Муноқишаҳои шуруънамудаи наврасону ҷавонон дар бисёр ҳолатҳо боиси задухӯрди шадид, расондани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ва, ҳатто, талафи ҷони яке аз онҳо мегардад. Аксари ҳолатҳои ҷангу задухӯрд, ки дар наворҳо сабт гардида, расонаӣ мегарданд, баъд аз чанд лаҳза ба парвандаҳои ҷиноятӣ табдил ёфта, ҳаёти даҳҳо нафарро ба куллӣ тағйир медиҳанд.
Таассуфовар он аст, ки аз пушти чунин ҷавонон пас аз чанде падару модари онҳо бо ашки чашму сари хам назди дари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир мешаванду талаби бахшиш менамоянд. Аммо...
Аммо вақте, ки ҳаёте барбод рафтааст, ҷавоне маъюб шудааст ё ҷони бегуноҳе аз байн меравад, кадом як “бахшиш” қодир аст инро ҷуброн созад?
Гуфтан ба маврид аст, ки пешгирии чунин амалҳо танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Оила, муассисаҳои таълимӣ, расонаҳои оммавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бо масъулияти баланд ба тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии наврасону ҷавонон машғул шаванд. Муҳити солим, эҳтироми арзишҳои милливу иҷтимоӣ ва тарбияи шахсиятҳои ватандӯсту дурандеш метавонанд роҳи ҳалли ин масъала бошанд. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки шуҳрати ҳақиқӣ дар зӯроварӣ ва таҳқир нест, балки дар дониш, рафтори нек, ахлоқи ҳамида ва хизмат ба Ватану миллат мебошад.
Ҷавонӣ марҳалаи муҳими ҳаёти ҳар як шахс аст. Агар ин марҳала бо амалу рафторҳои нодурусту беандешона сипарӣ гардад, пушаймонӣ суде нахоҳад дошт. Он чи имрӯз ба таври “шӯхӣ” ё “тақлид” оғоз меёбад, метавонад сарнавишти даҳҳо нафарро ба куллӣ тағйир диҳад. Аз ин рӯ, дарк кардани масъулият, эҳтиром ба қонун ва худдорӣ аз рафторҳои хатарнок, имрӯз бояд дар меҳвари тарбияи ҳар як ҷавони кишвар қарор гирад.
Руҳафзо МУРОДОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 15.05.2025 №: 96