ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

15 май 2025, Панҷшанбе
32
Афсари ришвахӯр ба толори суд рафт
Афсари зершуъбаи ташкили системаи идоракунии шуъбаи нуқтаи идоракунии раёсати амалиётии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Қутбиддинзода бо далели гирифтани 59000 сомонӣ барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани шаҳрванд О. Н. И. ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, номбурда моҳи ноябри соли 2023 бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд О. Т. даромада, барои аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ озод намудани хешовандаш О. Н. И. 61000 сомонӣ талаб кардааст. Сипас, дидаю дониста, ки ваколати озод кардани сарбозро аз хизмати ҳарбӣ надорад, давоми соли 2024 аз О. Т. 59000 сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти шахсии худ сарф намудааст.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбати афсар бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.
Одамкуше, ки мумкин аст аз 15 то 25 сол зиндонӣ шавад
Як сокини ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ ҷавони 23-сола ном мебарад, бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуд.
Бино ба иттилои ВКД, гумонбаршаванда 13-уми апрели соли равон аз марди 39-солаи сокини ҳамин ноҳия 15 ҳазор сомонӣ қарз пурсида, 19-уми апрел баъд аз дарёфти қарз ба маблағи 13 780 тавассути корти пластикӣ қасд ба ҷони қарздиҳанда кардааст. Бо ин мақсад, марди 39-соларо барои нишасти ҳарифона даъват намуда, бо роҳи фиреб ба манзараҳои кӯҳии Ҷамоати деҳоти Ҳелеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бурдааст. Дар идомаи нақшаи ҷинояткорона, ҷабрдидаро лату кӯб намуда, ҳангоми дар ҳолати беҳушӣ қарор доштанаш ба чуқурӣ партофта, бо истифода аз маводи сӯзишвории бензин ӯро оташ задааст.
Ҳоло дар робита ба ин амали бераҳмона бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (куштани одам бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад, ки ин банди қонун ҷазо дар намудани маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ солро пешбинӣ мекунад.
Се ноболиғ бо ҷурми дуздӣ ба даст афтод
Дар ноҳияи Рӯдакӣ се ноболиғи аз 16 то 17-сола ба содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар мешавад, ки моҳи апрели соли 2025 чор адад чархи резинӣ ва дискаҳои оҳанини воситаи нақлиёти тамғаи “Камаз”-ро бо худ бурдаанд.
Воситаи нақлиёт дар саҳни ҳавлии собиқ фермаи чорвопарварии ҶДММ “Улҷабой”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ қарор доштааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, зарари расондашуда ба соҳиби воситаи нақлиёт 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.05.2025 №: 96