ДУШАНБЕ. БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ИНШООТИ МУҲИМ
Шиносоӣ бо рафти сохтмони бинои Театри миллии Тоҷикистон
15-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмон дар иншооти муҳими фарҳангӣ – Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 17-уми марти соли 2015 ба корҳои сохтмон дар Театри миллии Тоҷикистон оғоз бахшида буданд.
Бинои Театри миллӣ дар як маҳали зебои шаҳри Душанбе – паҳлуи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва боғи Парчами давлатии Тоҷикистон қомат афрохтааст.
Зимни боздид аз иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то имрӯз корҳои оҳану бетонӣ дар арафаи анҷомёбист ва сохтмончиён корро ба хотири дар муҳлати як моҳ ва босифат анҷом додани он метезонанд.
Ҳоло 500 коргар дар рафти сохтмон фаъолият дорад.
Бояд гуфт, ки аз рӯи нақша бинои Театри миллии Тоҷикистон аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд. Барои бунёди бинои Театр наздики 3 гектар замин ҷудо шудааст.
Тибқи лоиҳа, бинои Театр аз 3 толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар иборат мешавад. Толори асосӣ дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигари конфронсию консертӣ ҳар яке дорои 1000 курсӣ хоҳад буд.
Дар Театр ҷой барои оркестр, ҳуҷраҳои машқу тамрин, меҳмонхона ва дигар шароити зарурии кории ҳунармандон бунёд мешавад, ки ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ мешавад.
Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам ҳуҷраҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва ғайра муҷаҳҳаз мегардад. Иншоот дорои 17 лифти мусофирбару боркаш ва 6 эскалатор хоҳад буд.
Аснои боздид Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисон суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба иҷрои босифат ва саривақтии корҳо ҳидоят намуданд.
Боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто автоматив индастри”
15-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто автоматив индастри” ташриф оварда, баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхона 30 электробуси замонавиро бо тамғаи “Акиа неру” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки электробусҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда, 6 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда, тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардида, 32 ҷойи нишаст дорад ва ғунҷоиши умумӣ дар он 100 мусофирро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт-соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш то 300 км роҳро дар бар мегирад. Кафолати батареяҳо ва дигар қисмҳои барқии электробус 600 ҳазор километр ё 8 сол мебошад. Гуфта шуд, ки барои ҳар рӯз бо барқ таъмин намудани воситаҳои нақлиёти мазкур дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-1”-и пойтахт нуқтаи барқтаъминкунии замонавӣ бунёд шудааст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто автоматив индастри”, ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия, фаъолияти худро моҳи январи соли 2018 оғоз намуда, воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбари замонавии тамғаи “Акиа”-ро бандубаст ва истеҳсол карда, барои саноатикунонии босуръати кишвар саҳми худро гузошта истодааст.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал 14-уми феврали соли 2018 бо фаъолияти корхонаи муштараки “Акиа Авесто автоматив индастри”, ки бори аввал дар кишвар бандубаст ва истеҳсоли автобусҳои тамғаи “Акиа”-ро ба роҳ мондааст, шинос шуданд.
19-уми марти соли 2019 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти истеҳсолии ширкати муштарак оғози расмӣ бахшида шуд. То ба имрӯз корхона зиёда аз 500 автобус, электробус ва электротролейбусҳои гуногуншакл ва гуногунҳаҷмро истеҳсол намудааст, ки дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои кишварамон ба мусофирон хизмат мерасонанд. Автобусҳои истеҳсолшудаи муҳаррики дарунсӯз дорои муҳаррик ва матаҳаррики ширкатҳои номии олмонии “Мерседес Бенс” ва “Захнрад Фабрик” мебошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ кардани иқдоми мазкурро дар пешрафт ва баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, ба сохтмони бинои хатти истеҳсолӣ оғоз бахшиданд.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки аз оғози фаъолият то ба имрӯз дар ширкати муштарак автобусҳои дарозиаш 8 ва 12 метр, автобусҳои дуошёна, инчунин, электробус ва электротроллейбусҳои замонавӣ мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ мавриди бандубаст ва истеҳсол қарор дода шудааст.
Истеҳсоли силсилавии автобус бо дарозии 8 метр бо номгузории миллии “Акиа-Ориё” ва электробус бо номгузории “Акиа-неру” бори аввал дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.
Дар баробари истеҳсолот истифодабарии воситаи нақлиёти ҷамъиятии бандубаст ва истеҳсолгардидаи тамғаи “Акиа” дар шаҳру ноҳияҳои кишвар тули беш аз 7 солро дар бар гирифта, аз сифати баланди воситаи нақлиёти истеҳсолгардида, истифодаи дурусти техникӣ дар корхонаҳои нақлиётӣ, нигоҳдорӣ ва мунтазам гузарондани муоинаи техникӣ, таъмини қисмҳои эҳтиётии баландсифат ва сӯзишвориву маҳлулҳои муносиб ба автобусҳои стандарти Евро-5 ва Евро-6 бо мақсади истифодабарии дарозмуҳлат дарак медиҳад.
Дар давраи фаъолияти ширкати муштарак шумораи коргарони маҳаллӣ ба беш аз 200 расидааст. Ҳамаи онҳо мутахассисони варзида буда, аз курсҳои бозомӯзӣ ва баландбардории савияи донишу таҷриба гузаштаанд.
Мавриди зикри хос аст, ки бо мақсади ба "шаҳри сабз" табдил додани шаҳри Душанбе, беҳтар намудани вазъи экологӣ, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаии муҳаррики дарунсӯз, сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва раиси шаҳри Душанбе ширкат бори аввал дар Тоҷикистон истеҳсоли электробусҳоро ба роҳ монда, дар марҳалаи аввал 30 электробус истеҳсол намуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақша дорад, ки то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ гузарад.
Роҳбари давлат дастур доданд, ки истеҳсоли электробусҳо зиёд карда шуда, талаботи дигар шаҳрҳои кишвар ба инобат гирифта шавад.
Коргарону мутахассисони корхона ҳамаи дастовардҳои худро ба дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рабт медиҳанд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо маҳсулоти ватании автобус ва электробусҳои ширкати “Акиа Авесто автоматив индастри” на танҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷ муаррифӣ гардида, шуҳрату мақоми хос дорад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки фаъолияти воситаҳои нақлиёти барқӣ, бахусус электробусҳо, нисбат ба хароҷоти автобуси дизелӣ бартарӣ дошта, барои хизматрасонии онҳо ба ҳисоби миёна аз 9 то 10 маротиба кам маблағ харҷ шудааст.
Баъди шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхона Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шоистаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулони корхона барои дар амал татбиқ сохтани тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръат ва ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон, баҳои баланд доданд.
Санаи нашр: 15.05.2025 №: 97
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ