УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРИИ ЗИЁИЁНИ ИДМ ДАР ДУШАНБЕ БАРРАСӢ ШУДАНД

16 май 2025, Ҷумъа
28
14-15-уми май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои узви ИДМ баргузор шуд, ки 300 нафар зиёию эҷодкор ва роҳбарони илмии кишварҳои узви ИДМ-ро ба ҳам овард.
Таъкид шуд, ки бо шарофати истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипи сиёсати дарҳои боз бо беш аз 180 кишвари ҷаҳон робитаҳои дӯстона барқарор намудааст. Яке аз соҳаҳое, ки ба низом ва густариши ҳамкориҳои давлатҳои ИДМ мусоидат менамояд, соҳаи илм ба шумор меравад.
Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ иброз намуд: “Форуми мазкур ба майдони табодули байналмилалии бидуни марз табдил ёфтааст. Вусъат додани муносибатҳои байналмилалӣ, махсусан дар шароити феълии ҷаҳон хеле муҳим аст. Тавассути ба роҳ мондани ҳамкориҳо зиёиёни эҷодкор ва олимон лоиҳаҳои муштараки ҷиддӣ хоҳанд офарид”.
Форумҳои зиёиёни эҷодкор ва илмии ИДМ бузургтарин чорабинии башардӯстона буда, дар он натоиҷи форуми соли гузашта ҷамъбаст гардида, нақшаи чорабиниҳои муштарак баррасӣ ва оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон муҳокимаҳо сурат мегиранд. Ҳамчунин, дар ҳошияи Форум имсол бори аввал мулоқоти роҳбарони академияҳои илмҳои кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур Ҷоизаи асосии байнидавлатии ИДМ «Ситораҳои Иттиҳод», ки барои дастовардҳои барҷаста дар соҳаи санъат, илм ва маориф дода мешавад, натиҷагирӣ шуд. Имсол барои гирифтани Ҷоизаи мазкур аз рӯи се номинатсия 15 номзад аз 8 кишвар: Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон довталаб буданд. Ҳамин тариқ, Ҷоиза дар номинатсияи “Фарҳанг ва санъат” ба Ҳунарпешаи халқии Арманистон, профессори Консерваторияи давлатии Ереван, директори Квартети Комитас Эдуард Тадевосян, бастакор, раиси Иттифоқи бастакорони Беларус, муаллими Коллеҷи санъати Минск Елена Атрашкевич, коршиноси Кумитаи миллии мероси ғайримоддӣ, раиси Иттифоқи ҳунармандони Қазоқистон Айжан Беккулова, пианинанавоз, Ҳунарпешаи халқии Русия, солисти Филармонияи давлатии Маскав Денис Матсуев, Артисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон, профессори фахрии филиали Университети умумироссиягии кинематографияи ба номи С. Герасимов дар Тошканд Рустам Саъдуллоев тақдим шуд.
Дар номинатсияи «Илму маориф» ҷоизаро академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессори кафедраи адабиёти форсу тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва профессор, ректори филиали Университети якуми тиббии Москва ба номи Сеченов дар Боку Азиз Алиев соҳиб гаштанд. Инчунин, Тугелбой Казаков – Артисти халқии Қирғизистон, раиси комиссия оид ба мукофотҳои давлатӣ, раиси Иттифоқи ходимони мусиқӣ, дар номинатсияи «Фаъолияти башардӯстона» барандаи ҷоиза дониста шуд.
Қобили зикр аст, ки Форуми мазкур аз соли 2006 дар кишварҳои гуногун бонавбат баргузор мешавад. Тоҷикистон бори дуюм мизбони ин ҳамоиш гашт.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
ОИЛА – МАКОНИ МЕҲРУ САДОҚАТ
Зери чунин унвон дар шаҳри Ваҳдат бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини якуми раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, вакили Маҷлиси намояндагон Фарзона Хоҷазода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода, муовини вазири адлия Нигина Ализода, раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, собиқадорони ҲХДТ, оилаҳои беҳтарин ва намунавӣ иштирок намуданд.
Маликшо Неъматзода зимни суханронӣ зикр кард: “Мардуми шарифи Тоҷикистон аз бостон то ба имрӯз бо завқи волои оиладорӣ, ҳамсоягӣ, ватанпарвариву миллатдӯстӣ номвар гаштаанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои амалкунанда барои болоравии фарҳанги оиладорӣ ва муносибати хонаводагӣ, таҳким ва нигоҳдошти анъанаҳои пуршарафи ниёгон табдирҳои таблиғотию ташвиқотиро пайваста амалӣ менамояд”.
Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода иброз дошт: «Оила ва суннатҳои оиладорӣ дар оинҳои мардуми тоҷик ба фарҳанг ва маърифати миллати куҳанбунёдамон асос ёфта, ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст. Мақсад аз таҷлили ин рӯз устувор гардондани оилаҳо, баланд бардоштани арзишҳои оилавӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи хонаводаҳо мебошад, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оилаи солим ташаккул меёбанд».
Бунафша Файзиддинзода баён дошт: «Оила сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Ҷомеаи мутараққӣ маҳз бар ин мафҳумҳо бино ёфта, бе онҳо мавҷудияти инсон номумкин аст. Рисолати асосии оила таваллуд ва тарбияи фарзандон аст. Қавӣ будани оила хеле муҳим аст. Маҳз дар оила кӯдак асрори муносибатҳо миёни инсонҳо, муҳаббат ва ғамхорӣ меомӯзад. Дар ин самт дар бисёр кишварҳои дунё барномаҳои хоссаи инкишоф тарҳрезӣ ва амалӣ карда мешаванд».
Ёдовар мешавем, ки бо қарори СММ ҳар сол 15-уми май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад.
Зикруллоҳ РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
АМАЛИЁТИ ҶАРРОҲИИ НОДИР АЗ ҶОНИБИ ТАБИБОНИ ТОҶИК
Боиси қаноатмандист, ки давоми солҳои охир маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумат рушди соҳаи тандурустӣ дар кишвар таъмин гардида, дар ин ҷода муваффақияту дастовардҳои нав ба нав ба даст омада истодаанд.
Табибони Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо" бо истифода аз дастгоҳи муосири тиббӣ ҷарроҳии нодирро бомуваффақият анҷом доданд. Бо истифода аз дастгоҳи “Eye Max” бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ аз ҷониби табибони тоҷик ташхис ва амалиёти ҷарроҳӣ дар талхадон ва роҳҳои талхагузар бо усули эндоскопӣ, бе буриш аз даҳон, гузаронда шуд.
Қобили зикр аст, ки дастгоҳи мазкур истеҳсоли кишвари Чин буда, бо истифода аз он ташхис ва амалиёти ҷарроҳӣ ба гирифторони бемории санги талхадон, палипи талхадон, саратони роҳҳои талхагузар, саратони сараки ғадуди зери меъда анҷом дода мешавад.
Сорбон Мусоев, мудири шуъбаи ташхису табобати Маркази номбурда, ки ҷарроҳии мазкурро гузарондааст, иброз дошт, чунин усули ҷарроҳӣ қаблан ба таври кушода, яъне тариқи буриши зиёди ҷисми бемор анҷом дода мешуд.
Бояд гуфт, ки табибони Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо" барои гузарондани чунин усули ҷарроҳӣ дар кишварҳои хориҷӣ аз курсҳои омӯзишӣ гузаштанд.
Бо истифода аз ин усули нави ҷарроҳӣ бемор метавонад баъд аз 24 соати гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ рухсат дода шавад ва ҳамзамон зудтар шифо ёбад.
Хушбахтона, имрӯзҳо дар Ватани азизамон баҳри анҷом додани мураккабтарин амалиёти ҷарроҳӣ тамоми имкониятҳо муҳайё гардидааст. Акнун бо ворид гардидани технологияи ҳозиразамон шаҳрвандони мамлакат метавонанд ба нодиртарин амалиёти ҷарроҳӣ дастрасӣ дошта бошанд ва ба кишварҳои гуногуни олам сафар накарда, дар ҷумҳурӣ аз шароитҳои фароҳамгардида истифода намоянд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
ХУҶАНД. БО СИМОИ НАВ БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ МИЛЛӢ
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар кишвар, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд, корҳои созандагию бунёдкорӣ бомаром ҷараён доранд. Шаҳри Хуҷанд, ки ҳамеша ҳамчун маркази фарҳангиву илмӣ ва иқтисодии шимоли мамлакат шинохта мешавад, имрӯзҳо симои хешро тағйир дода, ба майдони созандагиву бунёдкорӣ табдил ёфтааст.
Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳанӯз соли 2022 бо амри раиси шаҳр аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту идораҳо ва воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ тасдиқ гардида буд, ки имрӯз таъмини иҷрои он бомаром идома дорад. Дар шаҳри Хуҷанд танҳо дар давоми чанд соли охир даҳҳо мактабу кӯдакистон аз таъмири асосӣ бароварда шуда, биноҳои истиқоматии баландошёна, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ ва гулгаштҳо сохта ё аз нав эҳё гардиданд.
Бино ба иттилои роҳбари Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод, сохтмон, навсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 788 иншоот бунёд ёфтааст, ки 83 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Аз миқдори умумии иншооти бунёдшуда 63-тои он ба соли ҷорӣ рост меояд. Ҳамзамон, 23 бинои истиқоматӣ бунёд, таъмиру таҷдид ва мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин, Боғи фарҳангию фароғатии “Ғалаба” бо тарҳи хос навсозӣ хоҳад шуд. Дар доираи навсозӣ дар боғ як қатор иншооти муосири фароғатӣ сохта шуда, фаввораҳои замонавӣ, чархофалак ва аттраксионҳо барои кӯдакон насб мешаванд.
Дар баробари ин, иқдомҳои ватандӯстонаи сокинон, соҳибкорон ва шахсони саховатманд симои шаҳрро ҳар рӯз ободу зеботар мегардонанд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.05.2025 №: 97