РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

16 май 2025, Ҷумъа
21
Ҳар шаб зи худат бипурс агар ту мардӣ,
К-имрӯз чи хидмате ба мардум кардӣ.
Ин мисраъҳоро фарди донишманду заковатманд, хирадманду соҳибмактаб, инсони хоксору фурӯтан, саховатпешаю олиҳиммат, олими шинохта устод Раҳимов Шарофҷон Тоҳирович шиори кору зиндагиаш қарор додааст. Устод айни замон дар синни камолоти илмию эҷодӣ буда, дар тайёр кардани олимони ҷавон саҳми сазовор дорад.
Шарофҷон Раҳимов 3-юми майи соли 1955 дар шаҳри Конибодом дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъд аз хатми мактаби миёна, соли 1973 ба факултети зооинженерии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон дохил мешавад. Пас аз хатми Донишкада дар Институти илмӣ-тадқиқотии чорводорӣ ба кор оғоз намуда, соли 1984 рисолаи номзадиашро ҳимоя мекунад.
Аз рӯзҳои аввали хатми аспирантура ӯ дар Институти чорводорӣ ба корҳои илмӣ машғул буда, ҳамзамон, дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба донишҷӯён машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ мегузаронад. Донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии устодро ба инобат гирифта, ӯро бо мақсади такмили ихтисос ва омӯхтани таҷрибаи пешқадам ба як қатор мамлакатҳои хориҷӣ мефиристонанд. Тайи солҳои гуногун устод дар кишварҳои Туркия, Изроил, ИМА, Федератсияи Россия, Олмон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Эрон аз бозомӯзии илмӣ ва такмили ихтисос гузаштааст.
Шарофҷон Раҳимов дар баробари олими заковатманду омӯзгори пуртаҷриба будан, қобилияти хуби ташкилотчигӣ низ дорад. Маҳз бо ташаббуси ӯ соли 2003-юм бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорво таъсис дода мешавад. Мақсади асосии таъсис додани Марказ ин нигоҳ доштани захираҳои ирсии зоту намудҳои гуногуни чорвои нодир ва аз байн рафтаистодаи дар ҷумҳурӣ парваришёбанда буда, имконият медиҳад, ки бо истифода аз усулҳои муосири биотехнологӣ маҳсулнокии чорвои зотҳои гуногун баланд бардошта шавад ва бо истифода аз захираҳои ирсии мавҷуда дар оянда зоту типҳои ба талаботи рӯз ҷавобгӯ ба вуҷуд оварда шавад. Устод аз рӯзи аввали таъсисёбии Марказ роҳбарии ин муассисаро ба зимма дошта, зиёда аз дувоздаҳ сол дар он фаъолият кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ ҳашт нафар унвонҷӯ рисолаҳои номзадӣ ва чор нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд. Ҳоло бо роҳбарии ӯ як нафар рисолаи докторӣ ва як каси дигар рисолаи номзадии худро омода карда истодаанд.
Устод дастовардҳои илми чорводории ҷумҳуриро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Дар бисёр барномаҳою лоиҳаҳои хориҷӣ ба ҳайси мушовир ва роҳбари лоиҳа фаъолият намуда, дар пешрафти илми чорводории кишварамон саҳми арзанда мегузорад.
Ба устод тансиҳатӣ, барору комёбӣ, умри дароз хоста, таманнои онро дорем, ки дар ҷодаи илм ва тайёр кардани олимони ҷавон хасташавиро ҳис накунанд.
Раҷабов Н.А.,
муовини директори Институти
чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ,
Амиршозода Ф.С.,
ноиби президенти АИКТ
Санаи нашр: 16.05.2025 №: 97