ШОМИ ШАНБЕ

16 май 2025, Ҷумъа
27
ҚАҲРАМОНИИ НАВБАТИИ ТОҶИКОН ДАР МОСКВА
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Москва (Россия) қаҳрамонона сӯхтори як мошини сабукравро хомӯш кардааст. Ҳодиса 24-уми апрел рух додааст.
Отабек Мадраҳимов, корманди идораи хоҷагии коммуналии “Хорошёво Мневники”, дар яке аз шоҳроҳҳо шоҳиди оташ гирифтани нақлиёти сабукрав мешавад. Бо гумони он ки, эҳтимол дар дохили мошин одамон бошанд, новобаста ба хатари таркиш, далерона вориди амал шуда, оташро фурӯ нишондааст.
Отабек дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст: “Мо – тоҷикон ҳамеша дар ҳолатҳои ногувор ба ҳама дасти ёрӣ дароз мекунем”.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ВАҚТЕ ИРОДА УСТУВОР АСТ…
Майкл Ҷей Фокс, ҳунарманд, продюссер, нависандаи канадагӣ, дар авҷи ҷавонӣ бо иҷрои нақши Марти Макфлай аз асари сегонаи «Бозгашт ба оянда» ба қуллаи шуҳрат расид. Аммо аз қазо дар 29-солагӣ ба бемории паркинсон гирифтор гашт. Бо вуҷуди ин, Фокс нақшофариро идома дод, вале бо зиёд шудани ларзиши бадан, баъд аз ҳафт сол дигар натавонист рӯи саҳна бимонад.
Аз синамо рафт ва фонди махсусе ба номаш таъсис дод, то таҳқиқотро дар бораи ин беморӣ маблағгузорӣ кунад ва давои дардро ёбад. Ниҳоят, соли 2023 олимон муваффақ гаштанд, ки роҳҳои пешгирии бемориро дар марҳалаи саршавии он пайдо намоянд.
Ҷей Фокс соли 2022 бо Ҷоизаи «Оскар» сарфароз гардид, на барои нақшофарӣ дар синамо, балки барои иродаи устувору саҳми арзандааш дар пешрафти илм.
Зиндагии ӯ нишон медиҳад, ки инсон ҳатто дар авҷи ноумедиҳо метавонад чун машъале барои дигарон дурахшад ва роҳҳои ҳанӯз торикро равшан намояд.
Аз русӣ тарҷумаи М. ҚОДИРОВА
ЧАНД ДАЛЕЛИ ЗАРУРАТИ ПАРТОФТАНИ СИГОРКАШӢ
Зарарнок будани сигоркашӣ ба саломатии инсон ҳақиқати бебаҳс аст. Ҳоло оид ба фоидаи даст кашидан аз ин одати бад чанд далел манзур мекунем, то охирин шубҳаи сигоркашҳо рафъ гардад ва онҳо ба фикри барқарорсозии саломатии хеш шаванд.
1. Нахустин дигаргунӣ аз қатъи сигоркашӣ, аллакай, пас аз 20 дақиқа ба амал меояд: гардиши хун беҳтар гашта, ҳассосияти ангуштони дасту по зиёд мешавад.
2. Баъди 8 соат миқдори оксиди карбон коҳиш меёбад, яъне дараҷаи оксиген дар хуни шумо аз нав ба эътидол меояд.
3. Пас аз ду рӯзи сигор накашидан организм пурра аз никотин тоза мешавад. Дар баробари ин, эҳтиёт бояд шуд, ки бо пурра аз организм баромадани никотин хоҳиши сигоркашӣ ниҳоят меафзояд.
4. Баъд аз ду рӯзи тарки сигор ретсепторҳои зоиқа (таъм) боз муътадил кор хоҳанд кард.
5. Бо гузашти ду рӯз шумо бӯйро хубтар ҳис мекунед. Акнун нияти аз баҳри одати бад баромадан ва аз бӯи форами садбарг ҳаловат бурданро авлотар меҳисобед.
Таҳияи Кароматулло АТО
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
АНАГРАММА
Қоидаи ҳалли он: шумо бояд бо ҷойивазкунии ҳарфҳои калимаи пешниҳодшуда, як ё якчанд калимаи нав созед. МИСОЛ: МАН – АМН – НАМ...
1. МИСОЛ – …
2. СОҲИЛ – …
3. АНДОМ – …
КАЛИДВОЖА
Аз ҷамъи калимаҳои пешниҳодшуда номҳои шаҳрҳои гуногуни оламро пайдо намоед. МИСОЛ: САД+АМР= МАСДАР
1. РАСАН+ДОВ+АСЛ= …
2. РАМА+ПАР+ИБО= …
3. РУТБА+ҶИН= …
4. РОСТ+БИМ+ПОР= …
5. ОН+ДЕР+РОН+ДИЛ= …
Таҳиягар Ш. АБДУЛЛО
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-54-17
Ҷавобҳои филворди «100 соли «Ҷумҳурият»»:
1. Айнӣ 2. Шакурӣ 3. Ниёзӣ 4. Наҷот 5. Сафарзода 6. Ғафуров 7. Турсунзода 8. Афардӣ
9. Муҳаммадиев 10. Улуғзода 11. Ғоиб 12. Лоҳутӣ 13. Шукӯҳӣ 14. Самад 15. Ҳилолиён
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ВИКИНГҲО: АЗ АФСОНА ТО ҲАҚИҚАТ
Дар тасаввури мо викингҳо ҳамчун қабилаи баҳрнаварду ҷангӣ ҳамеша кулоҳҳои шохдор мепӯшиданд. Чунин як симо, то ҳадде дар бовари мо ҷо шуда, ки дигар ин мардумро бе ҳамин гуна либос шинохтан намехоҳем. Ҳарчанд далели таърихӣ собитгари он аст, ки мардони ин қабила дар муҳорибаҳо умуман кулоҳи шохдор намепӯшиданд.
Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки викингҳоро бо кулоҳи ҷангии шохдор дар асри XIX «кашф» кардаанд. Аниқтараш, бори аввал чунин як образ дар операи оҳангсози маъруфи олмонӣ Рихард Вагнер рӯи саҳна омадаву маъмул гаштааст. Дар асл, кулоҳи шохдор пӯшидани викингҳо афсонае беш нест!
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА
ҶАНГ ХУШБАХТӢ НАМЕОРАД
Эълони фурӯши кӯдакон дар Амрико
Тифлони бегуноҳ бо сабаби осебпазиру нотавон будан, дар замонҳои вазнин ҳамеша мавриди шиканҷа қарор мегиранд.
Соли 1948, дар авҷи Ҷанги дуюми ҷаҳон, пеши хонаи шаҳрванди ИМА дар тахта эълон пайдо шуд: “4 тифлро мефурӯшем. Ба дохили хона муроҷиат кунед”.
Аҷиб он буд, ки аз он воқеаи мудҳиш аксе ҳам дар таърих мондааст, ки модари кӯдакон аз шарм рӯяшро пӯшондааст. Кӯдакони бехабар аз кори дунё шоданду дар оғӯши ҳамдигар саргарми суҳбат.
Ин акс бори дигар ёдрас мекунад, ки ҷанг ҳаргиз ба ягон миллате хушбахтӣ намеорад!
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
ДОСТОНИ ИШҚИ АББОСУ ҶЕЙСИКО
Ин ҷавоне, ки дар расм хонуми 75-соларо дар оғӯш гирифтааст, Аббос ном дораду аҳли Ироқ аст. Аббос чанд сол пеш дар шаҳри Франкфурти Олмон паноҳанда мешавад ва бо хонум Ҷейсико, сармоядори олмонӣ, ки 350 миллион доллар дар ширкати мошинсозии "Ауди" сармоягузорӣ намудааст, ошно шуда, бо ӯ издивоҷ мекунад. Аббос ба посухи як хабарнигор дар рӯзи арусӣ мегӯяд: “Ишқ марз надорад. Ман ошиқи қалби поки завҷаам шудам”.
Пас аз 6 соли зиндагии муштарак, Ҷейсико вафот мекунад.
Пас аз як моҳ васиятномаи ҳамсараш аз шаҳрдории Франкфурт ба дасти Аббос мерасад. Дар васиятнома Ҷейсико навишта буд: “Аббоси азиз, хушҳолам, ки рӯзҳои охири умрамро ошиқона дар канори ту гузарондам. Мехоҳам бидонӣ, ки тамоми дороиямро ба ниҳодҳои хайрия ва занони бесарпараст бахшидам. Умедворам, ки шуғли хубе барои худат пайдо мекунӣ”.
Пас аз хондани васиятнома Аббос аз ҳуш меравад.
Таҳияи З. РАҶАБ
ХУШОМАДГӮ
Рӯзе ба Каримхон гуфтанд, ки як шахс мехоҳад шуморо бубинад ва пайваста гиря мекунад.
Каримхон гуфт: «Вақте гиряаш тамом шуд, назди ман биёредаш».
Пас аз чанд муддати гиря кардан, он шахс ором шуд ва гуфт: «Ман нобино будам. Чун ба зиёрати қабри падари бузургвори шумо рафтам, шифои худро аз ӯ гирифтам».
Каримхон амр дод, ки чашмони он шахсро кӯр кунанд, то биравад ва дубора шифояшро бигирад!
Атрофиён ба шоҳ гуфтанд: «Охир, ин шахс аз падари шумо шифо гирифтааст, ӯро ба хотири падаратон бубахшед».
Каримхон гуфт: «Падари ман, то вақте ки зинда буд, роҳзанӣ мекард. Ман намедонам, қабраш куҷост. Пас аз он ки ман шоҳ шудам, гурӯҳе аз хушомадгӯён барои ӯ оромгоҳ сохтанд ва онро Абулвакил номиданд. Падари ман чӣ гуна метавонад шифодиҳанда бошад? Агар ин хушомадгӯён ва чоплусон майдон ёбанд, дину дунёи моро ба фасод мекашанд».
Ҳозиркунандаи чоп
Абдулқодири РАҲИМ
МЕҲРИ ҶОПОНИҲО БА ҶОНВАРОН
Тибқи иттилои сомонаи “www.kipmu.ru”, ҷопониҳо нисбат ба ҳайвони хонагӣ меҳри зиёд доранд.
Тавре таъкид мешавад, кор то ҷое расида, ки дар Ҷопон шумораи ҷонварон нисбат ба кӯдакон бештар аст. Агар шумораи кӯдакон беш аз 15 миллионро ташкил диҳад, теъдоди ҳайвонҳои хонагӣ қариб ба 19 миллион мерасад.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛОЗОДА
ОДАТҲОИ ҶОЛИБ
Зери ин рубрика мо бо одатҳои ҷолиби тоҷикон ва дигар миллатҳои таърихан қадим шинос мешавем. Оғоз мекунем аз ин ки дар баъзе минтақаҳо чиро рамзи бахт мешуморанд ё чӣ гуна меҳмонро пешвоз мегиранд?
Дастшӯии арус бо шир
Дар баъзе деҳоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то имрӯз анъанаи қадимие боқӣ мондааст: арус пеш аз даромадан ба хонаи домод, дастони худро бо шир мешӯяд.
Шир рамзи покӣ, баракат ва фаровонӣ ҳисобида мешавад. Бовар доранд, агар арус дастонашро бо шир шӯяд, ҳаёташ босафо, меҳру муҳаббат ва нӯшу неъмат фаровон хоҳад шуд. Чизи дигари ҷолиб он аст, ки кӯшиш мекунанд ширро аз гове гиранд, ки бори аввал меҷӯшанд.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН
Се чиз ҳаргиз барнамегардад: вақт, сухан ва имконият.
* * *
Се чизро набояд аз даст дод: оромӣ, умед, шараф.
* * *
Се чизе, ки дар зиндагӣ қимати гарон дорад: муҳаббат, итминон, эътимод.
* * *
Се чиз далели инсонгарист: меҳнат, ростқавлӣ, комёбӣ.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА
ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ
1. Рим дар дунё ягона шаҳрест, ки дар қаламрави он давлати алоҳида – Ватикан ҷойгир аст. Ватикан хурдтарин кишвари олам ба шумор меравад.
2. 99 дарсади Либияро биёбон ташкил медиҳад ва бо ин “дороӣ” он хушктарин кишвари ҷаҳон ҳисобида мешавад.
3. Сингапур бузургтарин шаҳр-давлатест, ки аз Москва 3,5 баробар хурд мебошад. Бо вуҷуди ин, дар қатори кишварҳои пешрафтаи дунё ҷой дорад.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА
ҲУСНИ ХАТ
Оё медонед, ки вақте одам ҳусни хатти бад дошта бошад, майнаи сари ӯ нисбат ба дастҳо тезтар кор мекунад. Ӯ одами беақл нест, зеро хатти заиф ва нохоно нишон медиҳад, ки сатҳи зеҳнӣ аз миёна болотар аст.
Олимон муайян карданд, ки одамони оқил ҳусни хатти бад доранд, чунки онҳо хеле зуд фикр мекунанд. Пас, агар шумо ҳусни хатти мисли «панҷаи мурғ» дошта бошед, чизи бад нест.
Аз русӣ тарҷумаи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ҲУСНИ ХАТ
Оё медонед, ки вақте одам ҳусни хатти бад дошта бошад, майнаи сари ӯ нисбат ба дастҳо тезтар кор мекунад. Ӯ одами беақл нест, зеро хатти заиф ва нохоно нишон медиҳад, ки сатҳи зеҳнӣ аз миёна болотар аст.
Олимон муайян карданд, ки одамони оқил ҳусни хатти бад доранд, чунки онҳо хеле зуд фикр мекунанд. Пас, агар шумо ҳусни хатти мисли «панҷаи мурғ» дошта бошед, чизи бад нест.
Аз русӣ тарҷумаи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
Аввалин бозии расмии байналмилалии футбол байни дастаҳои миллии Шотландия ва Англия 30-юми ноябри соли 1872 дар Глазго баргузор шуд.
* * *
Футболбозони касбӣ дар як бозӣ ба ҳисоби миёна 11 километр масофаро тай мекунанд ва баъзеи онҳо то 15-16 километр давида метавонанд.
* * *
Дарвозабонҳо вазифадоранд, ки либоси варзишии дорои ранги махсус, одатан сабз, зард ё норинҷӣ пӯшанд, то онҳо аз дигар бозигарон дар майдони футбол фарқ дошта бошанд.
* * *
Аввалин корти сурхро дар бозии футбол бозигари клуби англисии «Блэкберн Роверс» Дейв Уагстафф соли 1976 гирифтааст.
Аз русӣ тарҷумаи Иброҳими САЙФУЛЛО
ALIBABA
“Alibaba Group” ширкати бузурги чинӣ мебошад, ки соли 1999 аз ҷониби Ҷек Ма таъсис ёфтааст. Ширкат дар шаҳри Ҳангжоу ҷойгир буда, дар соҳаҳои тиҷорати электронӣ, технология, молия ва логистика фаъолияти густарда дорад. Он бо платформаҳои маъруфи худ, ба монанди “Alibaba”, “Taobao”, “Tmall” ва “AliExpress” шинохта шудааст. Илова бар ин, хидматрасониҳои пардохти электронии “Alipay” ва шабакаи логистикии “Cainiao” низ ба ин ширкат тааллуқ доранд.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ЁБУ ГИР
Аҷаб ҷомеае! Вақте пешхизмат чойпулӣ мегирад, ҳама инро чун як «ҳиммати ҷавонмардона»-и мизоҷ баҳо додаву қабул доранд. Вале, агар ҳамин миқдор маблағро духтур гирад, порахӯр гуфта, мазаммат мекунанд. Аламовараш ин аст, ки пешхизмат ҳамагӣ як қаҳва меораду духтури бечора инсонро аз марг наҷот медиҳад.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
НАСИҲАТ
Набераҳои бобош, пеш аз ҳама, хонед, мактабро бо баҳои хубу аъло хатм кунед, хизмат рафта биёед, ҳатман факултети иқтисод ё ҳуқуқро тамом карда диплом гиред. Ҳамчун коргари одӣ чойкашиву «лаббай» гуфтанро омӯзед. Танҳо баъди он ки азоб кашида, судя ё раиси кумитаи замин мешавед, баъд одамон ба шумо пора доданро сар мекунанд.
Таҳияи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
НОДИРТАРИН ГУЛҲОИ ОЛАМ
ОРХИДЕЯИ АРВОҲ
Ин гул хеле нодир буда, танҳо дар ҷануби иёлати Флоридаи ИМА ва Куба мерӯяд.
Дар муқоиса бо дигар намудҳои орхидея, ин навъи гул барг надорад ва танҳо дар дарахт мешукуфад. Ин рустании нодир дар давоми якчанд даҳсола нашъунамо ёфта ва танҳо дар сурати ба вуҷуд омадани шароити мусоид гул мекунад. Гул ба таври ногаҳонӣ пайдо гашта, раванди пурра шукуфтанаш як моҳ давом мекунад. Сол ба сол гулкуниаш кам гашта, билохира, ногаҳонӣ мисли арвоҳ ғайб мезанад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
Катажина ва рекорди ӯ
Катажина Якубовска аз Полша соҳиби рекорде шуд, ки на ҳар кас барои ба даст оварданаш ҷуръат мекунад. Ин бону дар дохили зарфи пур аз ях муддати 3 соату 6 дақиқаву 45 сония тоқат карда, бо ин амалаш ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид гардид.
Тавре Катажина гуфтааст, ҳангоми дар дохили ях қарор доштанаш на дардро эҳсос кардаасту на ягон мушкили дигарро. Қабл аз он ки барои ба даст овардани ин рекорд тасмим бигирад, бону аз чанд ташхиси тиббӣ гузашта, мутмаин шудааст, ки бар асари ин амали худ бемор нахоҳад гашт.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ВАРЗИШҲОИ ҶОЛИБ
ВЕЛОБОЛ
Велобол футбол бо велосипед аст. Дар дохили бино сурат мегирад. Иштирокчиён бояд на танҳо маҳорат, балки қобилияти моҳирона идора кардани дучархаро нишон диҳанд. Ҳадаф задани гол бо истифода аз чархҳои велосипед аст. Ҳамла кардан бо бадан ва сар низ иҷозат дода мешавад.
Бозигар метавонад ба ҳарифе, ки тӯбро дар чархи пеш ё ақиб нигоҳ медорад, танҳо аз тарафе, ки тӯб ҷойгир аст, ҳамла кунад. Давидан, тела додан, бо даст нигоҳ доштани рақиб ва ба сутуни дарвоза такя кардан манъ аст. Агар тӯб дар дучархаи бозигар часпад, ӯ бояд онро бо ҳар роҳе, ки дастрас бошад, озод кунад – ҳатто бо даст. Нигоҳ доштани тӯб вайронкунии қоида ҳисоб мешавад. Довар метавонад ба фоидаи ҳариф зарбаи ҷаримавӣ ё зарбаи 4-метра таъин кунад. Агар ғолиб дар давоми вақти муқарраршуда муайян нашавад, ба дастаҳо вақти иловагӣ – то 7 дақиқа дода мешавад. Баъдан, довар силсилазарбаҳои ҷаримавии 4-метра таъин мекунад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
Санаи нашр: 16.05.2025 №: 97