ВМКБ. ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ОҒОЗ ЁФТ

20 май 2025, Сешанбе
11


Дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз ёфт. Дар маросими ифтитоҳи Озмун намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, масъулон, роҳбарияти шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва омӯзгорону хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд.
Тавре аз Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят иттилоъ доданд, марҳалаи аввали Озмун бо иштироки шумораи бесобиқаи довталабон ҷамъбаст гардид. Дар ин давр 7414 нафар иштирок доштанд, ки назар ба даври аввали Озмуни соли гузашта 96 дарсад зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ВМКБ Шодӣ Мирзоҷонов, ба даври дуюм 1932 нафар роҳхат гирифт, ки 1534 нафарро духтарону занон ташкил медиҳанд. Дар маҷмуъ, 1882 нафар хонанда ва 40 нафар омӯзгору намояндагони касбу кори гуногун ба марҳалаи навбатӣ роҳ ёфтанд.
– Айни ҳол аз рӯйи омодагиҳо ба Озмун ва шумораи иштирокдорон дар байни шаҳру ноҳияҳои вилоят ноҳияҳои Ванҷ, Роштқалъа, Шуғнон ва Рӯшон пешсаф мебошанд. Довталабон аз рӯйи чор номинатсия - адабиёти кӯдакона, классикӣ, муосир ва ҷаҳон сабқат мекунанд. Мувофиқи натиҷаҳои даври аввал, аксари роҳхатгирифтагон дар бахшҳои адабиёти кӯдакона ва классикӣ фаъолтар буданд. Натиҷаҳои бадастомада гувоҳи онанд, ки дар вилоят маърифати китобдӯстӣ ва фарҳанги мутолаа дар сатҳи баланд қарор дошта, аҳолӣ, махсусан ҷавонон ва кӯдакон, ба донишомӯзӣ майли зиёд доранд. Хеле хушоянд аст, ки ин раванд солҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва аз бисёр ҷиҳат ташкили Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” як омили муҳиме дар ин пешрафт мебошад, – зикр кард Шодӣ Мирзоҷонов.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

ОИЛАИ БЕҲТАРИН. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ МУАЙЯН ВА ҚАДР ШУДАНД
Оилаи Тоиров Саидвалӣ аз шаҳри Душанбе бо доштани эҳтироми воло ба оилаву оиладорӣ, дуруст тарбия намудани фарзандон дар роҳи худогоҳиву худшиносии миллӣ сазовори шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» гардид.

Маросими тантанавии ҷоизасупорӣ 15-уми май дар меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел» бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ баргузор гашт.
Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ иброз намуд: “Баргузории Озмун ба таҳкими пояҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, тарбияи фарзандони солиму солеҳа, худшиносу худогоҳ ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо мусоидат намуда, давлату Ҳукумат оиларо ҳимоя мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳо таъкид менамоянд: "Оила дар ҳамаи давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешуд. Аз ин рӯ, бунёд намудани оилаҳои комилу мустаҳкам вазифаи аҳли ҷомеа ва волидайн мебошад".
Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила гуфт: “Аксияву озмунҳои маърифатӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, фаъолгардонии нақши занону модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, фароҳам овардани имкониятҳои равониву ҳуқуқии ҷавонон, арҷ гузоштан ба расму оинҳои миллӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва дигар омилҳои номатлуби ба муносибатҳои хонаводагӣ таъсиррасон мусоидат менамоянд”.
Дар чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли Озмун бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Аз ҷумла, ҷойи якум насиби Саидзода Амирхон аз ноҳияи Ховалинг гардид. Обидов Иномхон аз шаҳри Конибодом ва Худойдодов Назрӣ аз ноҳияи Тоҷикобод сазовори ҷойи дуюм дониста шуданд. Оилаи Азизбек Аҳмадбеков аз ноҳияи Роштқалъа ва Аброр Азизов аз шаҳри Ҳисор ҷойи 3-юмро гирифтанд.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”


"ИҚТИСОДИ САБЗ": ЗАМИНА БАРОИ РУШДИ УСТУВОР
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар мавзуи ""Иқтисоди сабз" дар шароити тағйирёбии иқлим: гузариш бо мақсади рушди устувор" Конфронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки ҳадафи асосӣ баррасии масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва таҳияи роҳҳои амалии ҳамгироии "иқтисоди сабз" ба рушди устувори Тоҷикистон мебошад.
Дар маросими ифтитоҳ муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ ва ректори Донишгоҳ Убайдулло Асрорзода баромад намуда, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти рушди устувор ва "иқтисоди сабз" таъкид карданд.
Иштирокдорони конфронс, аз ҷумла сафирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Ҳиндустон, намояндагони вазоратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин донишмандони Канада, Чин, Эрон ва Ҳиндустон, дар мавзуъҳои барқи таҷдидшаванда, "логистикаи сабз", истеҳсолоти устувор ва дигар самтҳои муҳими "иқтисоди сабз" маърузаҳо карданд.

У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ РӮЗ БА РӮЗ МЕАФЗОЯД
Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва тибқи дастуру супоришҳои раиси вилоят ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва афзоиши ҳаҷми содирот зиёда аз 250 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон, содир гардид.
Маврид ба зикр аст, ки чанд рӯз пеш низ беш аз 200 тонна маҳсулоти кишоварзии вилоятро ба кишварҳои болозикр содир намуда буданд. Ин марҳалаи дуюми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои хориҷ мебошад.
Маҳсулоти содиротшуда, асосан, пиёзи барвақтӣ, карам, лаблабу ва зардолу буда, дар асоси талаботи бозори берунӣ ва стандартҳои сифатӣ омода ва бастабандӣ шудаанд.
Тибқи иттилои сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, имсол дар масоҳати 9400 гектар пиёзи барвақтӣ кишт гардида, барзгарони вилоят ният доранд, ки аз ҳар гектар то 400 сентнер ҳосил ба даст оранд. Дар ҳамин замина, як моҳ аст, ки ҷамъоварии ҳосил оғоз ёфта, ҳаҷми содирот рӯз ба рӯз меафзояд. Ба иттилои масъулони соҳа, айни ҳол шабонарӯзӣ аз 15 то 20 мошини боркаш маҳсулоти кишоварзиро ба хориҷи кишвар интиқол медиҳанд.
Мақомоти вилоят нақша доранд, ки дар моҳҳои наздик маҳсулоти кишоварзиро ба бозорҳои нав, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ, содирот намоянд.
Вилояти Хатлон бо иқлими мусоиду захираҳои фаровони табиӣ ба яке аз марказҳои муҳими истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ табдил ёфтааст.

Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 20.05.2025 №: 99-100