САҲМИ АРЗИШМАНДИ ЯК МАОРИФПАРВАР

22 май 2025, Панҷшанбе
12
Муҳаққиқи зиндаёд Соҳиб Табаров, ки соли гузашта 100-солагиаш дар сатҳи баланд ҷашн гирифта шуд, осори мондагоре ба мисли “Асосҳои назариявии танқиди адабӣ”, “Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим”, “Ҷаҳони андешаҳои Абдуррауфи Фитрат”, “Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ”, “Тақдири фоҷиавии як шоири тоҷик”, “Се маорифпарвари тоҷик дар бораи амирони манғит” барин асарҳо эҷод кард, ки ҳар кадоме дар алоҳидагӣ мактабро мемонанд.
Яке аз ин асарҳои С. Табаров дар бораи ҷадиду маорифпарвари зодаи Самарқанд Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ мебошад, ки имсол 150-сола шуд.
Ин нуктаро низ бояд зикр кард: нахустин касе, ки дар бораи Беҳбудӣ асари фарогири зиндагиву фаъолияташ таълиф намудааст, Соҳиб Табаров мебошад. Яъне, ба василаи асари ӯ “Мунзим. Беҳбудӣ” (Душанбе: Диловар-ДМТ, 2002. – 89 с.) хонандагон ва мутахассисон ба рӯзгор ва фаъолияти рӯзноманигорӣ, омӯзгорӣ ва адабии ин маорифпарвар беҳтару бештар ошно шуданд. Муҳаққиқ дар асари мазкур овардааст: “Дар солҳои пеш аз Инқилоби Октябр дар генерал-губернатории Туркистон дар байни даҳҳо удабову уламо ва донишмандону маорифпарварони ҷараёни ҷадидия муфтии дорулқазои Самарқанд Абумасъуд ал-Ҳоҷӣ Маҳмудхӯҷа валади Қорӣ Беҳбудихӯҷа мақоми сарвариро ишғол менамуд. Муфтӣ Ҳоҷӣ Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ соли 1875 (дар баъзе маъхазҳо соли 1874) дар деҳаи Бахшитеппаи назди Самарқанд, дар оилаи муфтӣ Қорӣ Беҳбудхӯҷа таваллуд ёфта буд”.
Муҳаққиқ исми “Маҳмудхӯҷа”-ро дар таҳқиқоташ истифода мекунад. Бархе дигар, аз ҷумла Ҳамза Ҷӯра дар асараш “Ҷадидони Самарқанд” (Самарқанд: Маҳорат, 2024. – 216 с.), ин номро дар шакли “Маҳмудхоҷа” истифода бурдааст. Адабиётшиносон С.Саъдиев ва С.Хуҷақулов низ номи “Маҳмудхоҷа”-ро пазируфтаанд. Ба андешаи инҷониб, аз рӯйи талаботи забонӣ бояд “Маҳмудхоҷа”-ро ба кор бурд. Зеро:
“Хоҷа бар азми тамошо меравад”. (Мавлоно)
* * *
“Эй хоҷа, макун то битавонӣ, талаби илм”. (Убайди Зоконӣ)
* * *
“Хоҷа аз хуни раги муздур созад лаъли ноб”. (Муҳаммад Иқбол).
Инчунин, “Қорӣ” сифат аст, на исми хос ва бояд бо ҳарфи хурд навишта шавад.
Ҳарчанд ин ҳама ҷузъиянд ва ҳамин тавр ба назар мерасад, аммо илм хостори андак шубҳаву хато низ нест.
Ҳамин тавр, Беҳбудӣ дар оилаи марди босавод, ба навиштаи Ҳамза Ҷӯра, имоми масҷиди деҳа, чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Бо вуҷуди ин, илми ибтидоиро ҳам дар назди падар ва ҳам тағояш Мулло Одил омӯхтааст. Ҳамза Ҷӯра дар ин маврид аз тағояш, баръакси Соҳиб Табаров, ном мебарад. Агарчи ба андешаи инҷониб, сарчашмаи омӯзиши дигар муҳаққиқон асари “Беҳбудӣ”-и С. Табаров мебошад.
Мулло Одил чун дармеёбад, ки шавқу рағбати Беҳбудӣ ба забономӯзӣ зиёд аст, ба ӯ забонҳои арабӣ ва туркиро меомӯзонад. Дар ҳамин давра ӯ нахустин бор бо рӯзномаи “Тарҷумон” шинос мешавад. Ин рӯзнома, дар баробари такмили забономӯзӣ, дар солҳои 90-уми асри XIX, инчунин, “ҳамсафари маънавӣ, ғоявӣ ва мафкуравиаш” мегардад.
Зимни нахустин сафараш ба ҳаҷ (1914), ба як қатор мамолики пешрафтаи он давр, аз қабили Туркия, Ироқ, Сурия, Миср, Арабистони Саудӣ, меравад. Таваҷҷуҳи ӯро, махсусан мактабу мадраса, китобхонаҳо, шифохонаҳо, муассисаҳои маданӣ, уламову удабои равшанфикр, ҷалб месозад. Ин ҳамаро назора карда, орзу дошт, ки кишвараш аз қафомондагӣ бираҳад ва мисли ин давлатҳо ба дастовардҳо ноил гардад. Меандешид, ки чӣ гуна ба ин муваффақ шудан мумкин аст ва чи кореро дар ин ҷода бояд ба анҷом расонд. Аз ин рӯ, тасмим мегирад, ки таҷрибаи он мамоликро, махсусан дар самти таълифи китобҳои дарсӣ, мактабҳои усули таълими нав (ҷадид), таълиму тарбия, барномаҳои дарсӣ ва ҷалби омӯзгорони донишманду бомаҳоратро, биёмӯзад.
Беҳбудӣ солҳои 1903-1904 ба шаҳри Боғчасарой (Қрим) сафар мекунад ва бо Исмоили Ғаспарӣ мулоқот менамояд ва маслиҳатҳои муфиди ӯро дар бораи аз хоби ғафлат бедор намудани мардумаш, сарварони вақти кишвараш, таъсиси мактабҳои усули нави таълим мегирад.
Беҳбудӣ солҳои 1903-1907 барои ин гуна мактабҳо китобҳои дарсӣ, васоит ва дастурамали таълимӣ таълиф менамояд. “Асбоби савод ё ки алифбои мактаби исломия” (1906), “Китоб-ул-атфол” (1906, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ), “Мадхали ҷуғрофиёи имронӣ”, “Мухтасари таърихи ислом”, “Мухтасари ҷуғрофиёи русӣ”, “Амалиёти исломия” ва мусаввадаи “Хулосаи илми ҳайат” аз ин қабиланд.
Тавре аз номи асарҳо бармеояд, Беҳбудӣ бо илмҳои пешрафтаи давр низ ошноӣ доштааст. Инчунин, ин китобҳо дар пешрафту ҷаҳонбинии хонандагони мактабҳои ҷадидӣ таъсири нек мегузоштанд.
Ҳамин тавр, Беҳбудӣ дар пешрафти таълиму тарбия, бедории насли нав, шинохти ҳақиқат, раҳоӣ аз қафомондагӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Таърихи миллат хидматҳои ин фарзанди бедорфикру зиёияшро ҳеҷ гоҳ аз хотир намебарорад. Ёдоварии заҳматҳои арзишманду ҷашни 150-солагиаш бар ин гувоҳ аст.
Зебунисо ҲАМИДЗОДА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Санаи нашр: 22.05.2025 №: 102