РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ОЗАРБОЙҶОН ДАР ТОҶИКИСТОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАРАЁНИ ҲАМОИШ
20-уми май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва вазири фарҳанги Озарбойҷон Одил Каримли чорабиниро дар таҳкими минбаъдаи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ муҳим хонданд. Сипас, аз ҷониби ҳунармандони озарӣ таронаю оҳанг ва рақсҳои ҷолиб пешниҳод шуданд.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Консерваторияи миллии Озарбойҷон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар мулоқоти роҳбари Консерваторияи миллии Тоҷикистон Баҳодур Давлатзода бо доктори илмҳои санъатшиносӣ Камила Дадашзаде ва директори Филармонияи давлатии ба номи Фикрат Амирови шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон Айгюн Самедзаде роҳандозии ҳамкориҳои судманди дуҷониба, ташкили фестивалҳо, семинару симпозиумҳои байналмилалӣ, консертҳои муштарак, дарсҳои маҳорат, табодули академии омӯзгорон ва донишҷӯён муҳокима шуд.
Дар Осорхонаи миллӣ бошад, мусаввараҳо ва намунаи ҳунарҳои мардумии Озарбойҷон таҳти унвони “Мероси миллӣ, дурдонаҳои имрӯзи санъати Озарбойҷон”, аз ҷумла “Мирзо Қодими Эривонӣ: дар буриши услубҳои шарқӣ ва аврупоии ҳунар”, намоиши аксҳо таҳти унвони “Қарабоғ: хотираи мероси миллӣ” ва намоиши муд ба маъраз гузошта шуд.
Ҳайати Озарбойҷон дар шаҳри Норак аз «Боғи анор» ва Неругоҳи барқи обии «Норак», дар шаҳри Душанбе аз Кохи Наврӯз ва Маҷмааи «Истиқлол» дидан намуданд.
Барномаи консертии ансамбли созҳои миллии Озарбойҷон дар Кохи фарҳанги ноҳияи Данғара ва гӯшаи осори адабиёти Озарбойҷон дар Китобхонаи миллӣ аз чорабиниҳои дигари Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон мебошанд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
ВМКБ. 4128875 СОМОНӢ ҚАРЗИ БАРҚ БАРҚАРОР ШУД
Дар шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ вохӯрии кормандони мақомоти прокуратураи ВМКБ ва шуъбаи дин, танзими ҷашну маросими вилоят бо кормандони низоми бонкии вилоят доир гардид.
Прокурори калони шуъбаи назорати умумии прокуратураи ВМКБ, ҳуқуқшиноси дараҷаи 2 Машраби Даврон вобаста ба тағйиру иловаҳои воридшуда ба қонунгузорӣ дар самти истифодаи самараноки қувваи барқ, танзими ҷашну маросим ва Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030 баромад намуда, мазмуну муҳтавои меъёрҳои қонунгузориро ба ҳозирин шарҳ дод.
Муайян гардид, ки қарздорӣ аз ҳисоби истифодаи қувваи барқ дар ҳудуди вилоят ба ҳолати моҳи майи соли 2025 ба 13640818 сомонӣ баробар шудааст, ки аз ин қарзи аҳолӣ 2643987 сомонӣ, муассисаҳои буҷетӣ 3308839 сомонӣ ва корхонаҳои тиҷоратӣ 7687992 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин давра зимни санҷиш ҳолатҳои аз ҷониби муштариён бе сабабҳои узрнок пардохт накардани ҳаққи истифодаи қувваи барқ ошкор гардида, аз ҷониби мақомоти прокуратура ба 430 нафар истифодабарандагони қувваи барқ ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкунӣ ва пардохти маблағи истифодаи қувваи барқ амр дода, 4128875 сомонӣ дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ ба ташкилоти барқрасони ҶСК “Помир Энерҷӣ” барқарор карда шуд. Чунин санҷишҳо минбаъд ҳам дар тамоми қаламрави вилоят идома ёфта, муштариёне, ки дидаву дониста ба чунин қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд, дар асоси қонун, аз ҷумла моддаи нави Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Дар идомаи вохӯрӣ, инчунин, баҳри иҷрои талаботи Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тавсияҳо дода, аз шаҳрвандон талаб карда шуд, ки дар фаъолият ва пешбурди хоҷагидорӣ талаботи Қонунро қатъиян риоя намоянд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
САВДОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН. НАҚШИ НИЗОМИ ИТТИЛООТИИ АСИКУДА ДАР ТАҲКИМИ ШАФФОФИЯТ ВА ТАЪМИНИ РУШД
Бо мақсади иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамикунонии бахшҳои иқтисоди кишвар, дар ҳошияи Лоиҳаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, аз аввали соли 2022 низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Низоми иттилоотии мазкур, ки аксари бахшҳои он ба таври худкор ва бо истифода аз унсурҳои зеҳни сунъӣ амал менамоянд, ба суръатбахшии равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ, таъмини шаффофият ва пешгӯишавандагии расмиёти гумрукӣ, ҳосил намудани маълумоти боэътимоди саривақтӣ дар бораи тиҷорати хориҷӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ, равона гардидааст. Истифодабарии низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар ҳамаи нуқтаҳои барасмиятдарории гумрукӣ ба таври озмоишӣ ба роҳ монда шудааст.
Шуруъ аз моҳи майи соли ҷорӣ бо мақсади гузариш ба шакли электронии декларатсияи гумрукии мусофирон ва ба роҳ мондани махзани мутамаркази маълумот дар бораи интиқоли молу сарватҳои асъорӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукӣ модули “Декларатсияи мусофирон”-и низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар фаъолияти амалии дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ роҳандозӣ гардид.
Ҷорӣ шудани низоми гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ қадами нав дар самти маъмурикунонии фаъолияти гумрукӣ, рақамикунонии расмиёти гумрукӣ ва вусъат бахшидан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ маҳсуб мешавад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
ХАДАМОТИ ГУМРУК. ГУЗОРИШ АЗ ВОХӮРИИ МУҚАДДИМОТӢ ОИД БА ИФТИТОҲИ НАМОЯНДАГИИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
Дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муқаддимотӣ оид ба ифтитоҳи Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Марҳалаи 4-уми Барномаи беҳтар намудани роҳҳои минтақавии пайвастшавӣ дар Осиёи Марказӣ (Лоиҳаи БРАМОМ-4) баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, ҳамоҳангсоз ва кормандони лоиҳаи БРАМОМ-4, инчунин ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Абдул Ҳамид Халилӣ - мутахассиси нақлиёт ва роҳбари намояндагӣ, бо ҳамроҳии сармутахасcис оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ ҷаноби Сатя Прасад Саху иштирок намуданд.
Ҳадафи ин намояндагӣ мусоидат ба татбиқи самараноки Лоиҳа, таъмини рушди устувори инфрасохторҳои нақлиётӣ ва беҳтар намудани робитаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҳадафи асосии намояндагии Бонки ҷаҳонӣ гузарондани таҳлили ҳамаҷонибаи ҳолати ҷории татбиқи ҷузъҳои барномавии Лоиҳаи БРАМОМ-4 мебошад, ки иборатанд аз:
• баррасии раванди умумии татбиқи ҷузъҳои Лоиҳа;
• шиносоӣ бо вазъи идоракунии молиявӣ ва пардохтҳо;
• шиносоӣ бо вазъи бастаҳои харид;
• муҳокимаи мониторинг ва баҳодиҳӣ ба нишондиҳандаҳои ҷадвали натиҷаҳо;
• таҳия ва мувофиқаи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати суръатбахшии раванди татбиқи Лоиҳа.
Дар доираи намояндагии мазкур масъалаҳои ҷорӣ дар самтҳои асосии фаъолияти Қисмати 3-юми Муосирсозии платформаи ТИК-и гумрукӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва захираҳои кадрӣ дар Хадамоти гумрук, таҷдиди таҷҳизоти техникӣ барои назорати сарҳадӣ ҷиҳати интиқоли борҳо ва мусофирон, инчунин, натиҷаҳои бадастомада аз фаъолияти қаблии намояндагии Бонки ҷаҳонӣ, ки моҳи ноябри соли 2024 гузаронда шуда буд, баррасӣ гардиданд.
Пас аз анҷоми фаъолияти навбатии намояндагӣ ҷонибҳо барои ҳамкориҳои судманд ва дастгирии ҳамаҷониба аз татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳо ба комёб шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор нигаронда шудаанд, изҳори сипос намуданд.
Намояндагӣ кори худро то 23-юми майи соли ҷорӣ идома медиҳад ва ҳамагуна хулосаҳои муфассали намояндагӣ, инчунин, иқдомҳои минбаъда дар ёддоштҳои тафоҳум пешниҳод мегарданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
АНДАР ОСОНИИ "МУШКИЛОТ"
"Мушкилот" шуъбаи созии мақомҳои силсилаи "Шашмақом" буда, барои навозандагӣ пешбинӣ шудааст. Он оҳангҳоеро дар бар мегирад, ки танҳо навохта мешаванд. Мутобиқи қонуниятҳои мақом дар бахши "Мушкилот" ба асоси услуби муайян асос ёфтааст.
Нашри адвори "Мушкилот", ки идомабахши интишори мақоми классикии тоҷикӣ мебошад, дар асоси сабти нотавии устодони бузурги "Шашмақом" Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва Бобоқул Файзуллоев (нашри солҳои 1950-1967) таҳия шудааст. Ба мундариҷаи нашри мазкур, ҳамчунин, шуъбаҳои пароканда ва то имрӯз сабтшудаи мақоми "Ҳиҷоз" (бахши мушкилот) ҳамчун шуъба илова гардидааст. Асари мазкур барои доираи васеи мутахассисони мусиқии классикӣ ва ҳунари навозандагӣ пешбинӣ шудааст”.
Чунин омадааст дар шиносномаи китоби калонҳаҷми 216 саҳифагии “Мушкилот”, ки фароҳамсоз ва муаллифи он номзади илмҳои санъатшиносӣ Мурод Эшонқулов аст. Он зери назари доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ ва бо муҳарририи узви ИНТ Умари Шерхон, номзади илмҳои филология Маҳмуд Назарзода чоп шудааст.
Мурод Эшонқулов дар сарсухани муфассали китоб, аз ҷумла менависад: «Шашмақом» дар он шакле, ки аз тарафи устодони мумтози санъати тоҷик Ф. Шаҳобов, Б. Файзуллоев ва Ш. Соҳибов ба нота гирифта ва нашр шуда буд, аз шаш бахши асосӣ ва ё мақом иборат мебошад: Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ. Ҳамаи инҳо, дар маҷмуъ, 252 навову оҳангро дар бар мегиранд. Ин оҳангҳо дар навбати худ ба ду бахши асосӣ ҷудо мешаванд: шуъбаи созӣ, ки онро «Мушкилот» меноманд. Он фақат аз навохтани оҳангҳо иборат аст. Шуъбаи овозии «Наср» бо ҷӯршавии овозхон ва асбоби мусиқӣ иҷро мешавад. «Мушкилот» тавре ки ишора шуд, шуъбаи созии мақомҳои «Шашмақом» мебошад. Ҳамаи мушкилоти силсилаи «Шашмақом» таркиби якхела дошта, аз тасниф, тарҷеъ, гардун, мухаммас на сақил иборат мебошанд. Мавҷудияти ҳамаи ин бахшҳо дар «Мушкилот» ҳатмист. Аммо қисми тарҷеъ дар мақоми «Рост», гардун дар «Ироқ», сақил дар «Сегоҳ» вуҷуд надоранд. Одатан адади се қисми аввал (тасниф, тарҷеъ, гардун) тағйир наёфта, ду бахши дигар (мухаммас ва сақил) тағйир меёбад”.
Муаллиф, инчунин, дар бораи шаклу сохт, таърихи танбӯр, танбӯриҳои номвар ва дигар вижагиҳои навозандагӣ иттилоъ додааст. “Мушкилот” маҳз ба танбӯр вобаста буда, оҳангҳои дилнавозро ин сози бостонии мо иҷро менамояд. Худи Мурод Эшонқулов низ аз танбӯриҳои ботаҷрибаи мо буда, дар мавриди нозукии созҳои мусиқӣ ва "Шашмақом" дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (ДДФСТ) ба донишҷӯён дарс мегӯяд. Таҷрибаи солҳо андӯхтаи муаллиф барои пурмағзтар рӯи кор омадани асар хидмат намудааст.
Китоби мазкур, ки ҳамчун дастури таълимӣ барои донишҷӯёни шуъбаҳои мусиқии анъанавии таълимгоҳҳои олӣ ва коллеҷу мактабҳои мусиқии кишвар фароҳам омадааст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.05.2025 №: 102
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ