КӮДАКОН САРВАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТАНД

23 май 2025, Ҷумъа
13
Аз соли 1950 ҳар сол дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, 1-уми июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Соли 1949 дар шаҳри Париж (Фаронса) конгресси занон баргузор гардид, ки дар он савганди муборизаи беамон барои сулҳи пойдор ҳамчун кафолати ягонаи хушбахтии кӯдакон садо дод, зеро пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳалли мушкилиҳои ҳифзи саломатӣ ва некуаҳволии кӯдакон муҳим буд. Созмони Милали Муттаҳид ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқ, ҳаёт ва саломатии кӯдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон кард.
Аввалин ҳуҷҷати расмии байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи кӯдак дар сатҳи байналмилалӣ Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак мебошад, ки онро СММ 20-уми ноябри соли 1989 қабул кардааст. Конвенсия ба чор принсипи бунёдӣ, аз ҷумла таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак, манъи табъиз, ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт, рушд ва ҳуқуқ ба шунида шудан асос ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкурро соли 1993 ба тасвиб расонда, ҷиҳати амалишавии он тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак дар баробари эътирофи санади мазкур тамоми заминаҳои зарурии ҳуқуқиро фароҳам оварда, ҷиҳати таълиму тарбияи дуруст ва дар шароити мусоид ба камол расидани онҳо тадбирҳои судманд меандешад.
Соли 2008 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд, ки мақоми доимоамалкунанда буда, сиёсати давлатиро ба хотири таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак амалӣ менамояд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак таъсис дода шуда, вазифаҳои худро тавассути қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак амалӣ мегардонад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбияи фарзандонро аз рисолати наҷиби падару модар ва вазифаи муқаддаси ҷомеа ҳисобида, пайваста таъкид менамоянд: «Мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар руҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия кунем, то онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро ботинан эҳсос намоянд ва барои ободии сарзамини аҷдодии хеш огоҳона саъю талош варзанд».
Пешвои миллат дар Паёми охирашон ба Маҷлиси Олӣ дастур доданд, ки Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон дар панҷ соли оянда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд. Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бошад, дастур гирифтанд, ки барои дар ҳар як маҳали аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон риоя гардида, барои рушду камолоти онҳо тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.
Гулноза МАРДОНЗОДА, корманди Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 23.05.2025 №: 103