МУТРИБИ ХУШНАВО
Ҳар бори дида ба дидор расидан бо Боймуроди Зуҳур – марди наҷиби саропо ҳунар, хушҳол мегардам. Мардест заминӣ, нишоне аз пирони хушдили кӯҳистони зодбум. Одамдӯст, меҳрубон, сахопеша ва некманиш.
Боймуроди Зуҳурро ҳаводорон дар кишвар чун муғаннӣ, мутриб ва оҳангсози хушнаво мешиносанду ба ҳунараш баҳои баландро қоиланд. Мавсуф дар навохтани сози думбра сабку услуби хос дорад. Ҳунари хунёгарӣ дар ниҳоди ӯ ирсист, зеро падари бузургвораш фарде буд саропо ҳунар, аз санъати мусиқӣ бархӯрдор. Асбобҳои зиёди мусиқиро хуб менавохт. Дар синни солорӣ ба шеъргӯӣ пардохтани Боймуроди Зуҳур беасос нест. Дилбастагии вай ба шеър аз ҳунармандияш маншаъ мегирад.
Чун аз муғаннӣ аз боби ҳунарҳояш пурсон шудем, бо ифтихор гуфт: “Аз 8-солагӣ (1950) ба навозандагӣ, 45-солагӣ (1984) ба оҳангсозӣ ва 59-солагӣ (2001) ба эҷоди шеър шуғл варзидаам”.
Ӯ зодаи диёри фарҳангпарвари Кангурт аст. Мактаби миёнаро дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара ба поён расонда, то 23-солагӣ курсҳои занбӯриасалпарварӣ (1959), комбайнёрӣ (1960) ва ронандагиро хатм намудааст (1965). Дар баробари ин, аксари ҳунарҳои падар: устогӣ, хатнагарӣ, мутрибӣ ва ғайраро аз бар намуда. Қобили зикр аст, ки дар хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон 10 оҳанги эҷодкардааш (дар иҷрои муаллиф) бо сози думбра: «Нолаи булбул», «Навои Хоҷаи Нур», «Айёми пирӣ», «Бӯи диёр», «Навои кӯҳсор», «Навои фалак», «Себистон», «Гули зиндон», «Шингихо», «Гули гандум» маҳфуз аст.
Мегӯяд, ки навохтани думбра кори саҳл нест ва аслан, ин ҳунарро дар мактаби махсусе намеомӯзанд. Аммо, дар ҳамин ҳол, таъкид менамояд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ватани маҳбубамон як зумра ҷавонони ҳунарманди думбранавоз арзи ҳастӣ намуданд.
– Мумтозтарини онҳо Баҳроми Устоғулом (Баҳром Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, мутриби дастаи ҳунарии «Дарё» - У. Ш.) аст. Ҳунари ӯ назир надорад. Бисёр хуб мебуд, ки Баҳромҷон мактаби худро созмон диҳад.
Чун аз шеъргӯияш пурсон гаштем, хандиду гуфт: “Дар пиронсолӣ шоир шудем”. Дар деҳаи Пушинг яке аз шоирони маҳбуб, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Тӯлқин Хоҷа умр ба сар мебурд. Мутриб аз шоир дарс мегирифт. Ҳамин буд, ки ҳамкорӣ бо шоири зиндаёд борвар гашт ва соли 2007-ум маҷмуаи нахустини шеъргунаҳои Боймуроди Зуҳур бо номи «Ду тор» ба табъ расид. Аз миён чанде сипарӣ шуду маҷмуаи дигараш таҳти унвони «Панди падар» (2009) тавассути нашриёти «Шарқи озод» рӯи чопро дид. Баъдан, маҷмуаҳои «Зодгоҳи ман» (Душанбе, «Ноширон», 2014), «Ёде аз Модар-Ватан» (Хуҷанд, 2019) ва ғайра пешкаши хонанда гардиданд.
Ҳолиё ҳунарманди чирадаст дар ҳалқаи фарзандон, набераву абераҳо ва дӯстону пайвандон камоли пирӣ меронад. Хидматҳои марди заҳматписанд бо нишонҳои Ғолиби меҳнати сотсиалистӣ (1975), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва ифтихорномаҳо қадр гаштаанд.
Умар ШЕРХОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 23.05.2025 №: 103
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН