ШОМИ ШАНБЕ

23 май 2025, Ҷумъа
31
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «ШОҲМОТ»
Дар ин филворд истилоҳҳое нуҳуфтаанд, ки ба бозии шоҳмот рабт доранд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. АБДУЛЛО
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-54-17
ҶОМИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ
Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабони мавсим шуд
Рустам Ятимов, дарвозабони тими мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки дар дастаи "Ростов"-и шаҳри Ростови лаби Дони Русия бозӣ мекунад, дар Ҷоми Федератсияи Русия беҳтарин дарвозабони мавсим эътироф шуд. Дарвозабони шинохтаи тоҷик ин Ҷоизаро аз рӯи натиҷаи овоздиҳӣ, ки аз ҷониби хадамоти матбуоти Ҷом баргузор шуд, ба даст овард.
Рустам Ятимов аввалин намояндаи Тоҷикистон аст, ки бо чунин Ҷоиза дар Ҷоми Русия сарфароз гардид. Қаблан, чанд маротиба дар ҳайати дастаи «Истиқлол»-и Душанбе беҳтарин дарвозабони мусобиқоти қаҳрамонӣ дониста шуда буд.
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ
НИДОИ ОХИРИН
13-уми ноябри соли 1985 вулқони Невадодел-Руис дар Колумбия шаҳраки Армероро фурӯ бурд. Дар ин фоҷиа духтари 13-солае бо номи Омайра Санченс зери харобаҳои хонаашон дармонд. Ӯ се рӯз дар зери об қарор дошт. Кӯшишҳои зиёди наҷотдиҳандагон барои озод кардани духтарча бемуваффақият анҷом ёфтанд. Баъд аз 90 соати дар даруни об будан, Омайра ҷони худро аз даст дод.
Фоҷиаи Армеро ва сарнавишти талхи Омайра дар таърих ҳамчун хатои ҷуброннопазири инсоният сабт гардида, акси духтараки беҷон, ки чашмонаш то лаҳзаҳои охири умр дар интизори кумак буд, яке аз аксҳои пуртаъсиртарин ва ҷонкоҳтарини садаи ХХ маҳсуб меёбад.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
ЗИНДАГӢ ВА МАРГ
Зиндагӣ аз Марг бо ифтихор мепурсад:
– Барои чӣ одамон маро дӯст медоранду туро ҳеҷ намехоҳанд ва чун душмани худ меҳисобанд?
Марг бо оромӣ ва таҳаммул посух медиҳад:
– Барои он ки ту онҳоро як умр бо дурӯғу хаёлҳои ширин мефиребӣ. Ман бошам, ҳақиқатро як бор мегӯям, аммо он барояшон талху ногувор аст.
Таҳияи Кароматулло АТО
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
МОНТАНА
Ба андешаи ман, нест нафаре, ки дар бораи Монтана маълумот надошта бошад. Дастикам либоси варзиширо бо ин ном аксарият дар хотир доранд. Қисмати дигар огоҳанд, ки Монтана 41-ум иёлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрикосту пойтахташ шаҳри Ҳелена. Он, ҳамчунин, бо лақаби «иёлати ҷавоҳирот» маъруф мебошад.
Вале кам касоне хабар доранд, ки дар ин кишвар аз сокинон дида, говҳо бештаранд. Бале бовар нокарданист, вале далел аст, ки ба ҳар сокини Монтана, тахмин, се сар чорвои калон рост меояд. Монтанаро, ҳамзамон, кишвари «осмони бузург» меноманд ва зери ин осмони бекарона бузургтарин чарогоҳҳо бо миллионҳо сар гов мавҷуданд. Дар ин сарзамин то ҳол одатҳои «Ғарби ваҳшӣ» аз байн нарафтаанд. Бинобар ин, чорводорӣ на танҳо тиҷорат, балки тарзи зиндагии беш аз як миллион сокини Монтана маҳсуб меёбад.
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА
МАСЪУЛИЯТ
Рӯзноманигори фаронсавӣ Жан-Доминик Боби, ки дар 43-солагӣ ба сактаи майнаи сар гирифтор шуд, комилан фалаҷ монд ва танҳо бо чашми чапаш мижа мезад ва бо ҳамин роҳ муошират мекард.
Боби пеш аз инсулт шудан барои навиштани китоб шартнома баста буд ва сарфи назар аз ин вазъияти хеле душвор, барои амалӣ кардани мақсади хеш навиштани онро идома дод. Ёрдамчиаш алифборо такрор ба такрор диктант мекард, аз рӯйи басомади истифодаи ҳарфҳо дар забони фаронсавӣ фармон медод ва Боби ҳарфҳои дилхоҳро бо чашмаш ишора мекард.
Китоби “Скафандр ва парвона” бо ҳамин тарз дар ду моҳ таълиф шуд. Он дар ҳамон замон ба яке аз пурхонандатарин китоб табдил ёфт, гарчанде худи Боби пас аз ду рӯзи нашраш даргузашт.
Аз русӣ тарҷумаи
Мафтуна БАХТИБЕКОВА
10 ШАҲРИ ЗЕБОТАРИНИ ОЛАМ
Дар замони муосир аксари шаҳрҳои дунё ба авҷи тараққиёт расида бошанд ҳам, боз шаҳрҳое ҳастанд, ки имрӯз дар баробари пешрафти бемайлон, бо таъриху тамаддуни ғаниашон мавриди таваҷҷуҳанд. Рубрикаи «10 шаҳри зеботарини олам» дар ин хусус ба хонандагон маълумот медиҳад.
1. ПАРИЖ
Париж яке аз бузургтарин ва машҳуртарин шаҳрҳои на танҳо Фаронса, балки тамоми Аврупост. Маркази ҷаҳонии фарҳанг, санъат ва мӯд.
Қисмати марказии шаҳр, ки дар соҳили дарёи Сена асри XIX бунёд ёфтааст, бо гулгаштҳои рангобарангаш шуҳрат дорад. Машҳуртарин ёдгориҳои Париж манораи Эйфел (асри XIX) ва калисои готикии Нотр-Дам (асри XII) мебошанд. Париж, инчунин, бо қаҳвахонаю дуконҳои тарроҳони машҳури мӯд миёни ҷаҳонгардон маҳбуб гаштааст. Боғи бостонии Тюйлри, ки дар асри XVI бунёд ёфтааст, бо ҳавзу фаввораҳо, композитсияҳои муҷассамавӣ ва осорхонаи Лувраш вирди забонҳост.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА
ПАРВАРИШИ СУНЪИИ ДАНДОН
Олимони бритониёӣ, аввалин шуда дар ҷаҳон, дандонҳои одамро дар лаборатория парвариш карданд. Ин корро кормандони Коллеҷи Кингси Лондон анҷом доданд.
Барои сохтани маводе, ки ҷиҳати рушди дандон зарур аст, зиёда аз даҳ сол лозим шуд. Он ба ҳуҷайраҳо сигналҳои махсус медиҳад, ки барои барқарор кардани раванди афзоиш кумак мекунанд.
Олимон мутмаинанд, ки дандонҳои дар лаборатория парваришёфта нисбат ба дандонҳои дигаре, ки то ҳол истифода мешуданд, мустаҳкамтар ва устувортар хоҳанд буд. Ҳоло мутахассисон бояд усулеро таҳия кунанд, ки барои афзоиши дандонҳо дар даҳони беморон мусоидат кунад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
БЕҲТАРИН
Беҳтарин лаҳзаҳое, ки то абад дар зеҳни мо нақш мебанданд, лаҳзаҳои бо падару модар будан аст.
Ҳеҷ гоҳ қалби падару модаратро маранҷон, шояд дубора фурсати бахшиш пурсидан наояд.
Таҳяи Дарвеш ҚУРБОНОВ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ШИНОСОӢ
Лондон. 1-уми сентябр, шиносоӣ:
– Аҳмад ас-Собит?
– Ман.
– Мустафо ас-Собит?
– Ман.
– Фотима ал-Бандарӣ?
– Ман.
– Алӣ Акмал Соҳиб?
– Ман.
– Эли Сан ал-Эн ?...хомӯшӣ.
– Эли Сан ал-Эн?
Ногоҳ духтарчае аз мизи охир баланд шуда мегӯяд:
– Аз барои Худо, ман духтари таҳҷоӣ Элисон Аленам, на Эли Сан ал-Эн.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
ҲИКМАТ
Аз қазо шағолаке назди шер омада мегӯяд:
– Мехоҳам бо ту зӯрозмоӣ кунам.
Шоҳи ҳайвонҳо гӯё чизе нашунида бошад, эътиборе намедиҳад. Шағол инро дида, ба таҳдид мегузарад:
– Набошад, дар тамоми ҷангал эълон мекунам, ки шоҳи шумо аз ман метарсад.
Шер, ҳамчунон, ботамкин посух мегӯяд:
– Ба ҳар кӣ мегӯӣ бигӯ. Бигзор аблаҳон маро муҳокима кунанд, ки аз ту тарсидам. Ин беҳтар аз он аст, ки оқилон гӯянд, ки шер бо шағолаке сарбасар шудааст.
Таҳияи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
РЕКОРДИ МУТЛАҚИ СИМОНА БАЙЛЗ ДАР ГИМНАСТИКА
Чемпиони ҳафткаратаи олимпӣ ва 23 карат чемпиони ҷаҳон (рекорди мутлақ дар таърих) дар гимнастикаи бадеӣ Симона Байлзи амрикоӣ, тибқи назарсанҷии Laureus World Sports Awards – 2025, “Варзишгарбонуи сол” эълон гардид. Ӯ дар ин номинатсия бо Арина Соболенко, теннисбози рақами яки ҷаҳон (Беларус), нимҳимоятгари тими “Барселона” ва яккачини Испания Айтана Бонмати ва дигарон мубориза бурда, ғолиб шуд. Тибқи регламент, феҳристи довталабони номинатсияи Laureus бо роҳи овоздиҳии зиёда аз 1000 ВАО-и варзишии беш аз 70 давлати ҷаҳон тартиб дода мешавад. Баъд аз он, Академияи ҷаҳонии варзишии Laureus ғолибро муайян месозад.
Аз русӣ тарҷимаи
Иброҳими САЙФУЛЛО
ОШИҚИ СИНАМОЕ, КИ 22 990 ФИЛМРО ТАМОШО КАРДААСТ
Дар таърихи синамо Гваймин Ҳюзи амрикоӣ аз ҳама шахси кинодӯстдортарини олам эътироф гардидааст. Тавре синамошиносон иттилоъ додаанд, ӯ аз соли 1953 то 1997-ум 22 990 филмро тамошо мекунад, ки ин то ҳол собиқа надорад.
Дар ҳамин ҳол зикр мегардад, ки, бо сабаби гарон будани нархи чипта дар кинотеатр, ағлаби филмҳоро Гваймин Ҳюз дар видеосалонҳо тамошо кардааст.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛОЗОДА
НОДИРТАРИН ГУЛҲОИ ОЛАМ
КОКИО
Кокио дар ҷазираҳои Гавая мерӯяд. Он ҳамагӣ 10-11 метр қад дошта, бо гулҳои зебои сурхранг оро ёфтааст. Соли 1860 дар ин ҷазира ҳамагӣ се ниҳоли кокио мавҷуд буд. Соли 1950 вақте охирон ниҳоли он пажмурда гардид, олимон кокиоро ба рӯйхати рустаниҳои нобудгардида дохил намуданд. Вале соли 1970 чун туҳфаи табиат дар ҷазираи мазкур як дарахти он пайдо гардида, то соли 1978 ҳифз шуд. Ҳамин тавр, табиатшиносон аз он 23 навниҳол ба даст оварданд. Айни замон, кокио дар гӯшаҳои гуногуни ҷазираи Гавая нашъунамо ёфта, ба рӯйхати нодиртарин гулҳои олам шомил гардидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ДОРОӢ БАРОИ ДӮСТ
Шахсе барои зиёрати орифе раҳсипор шуд. Дар роҳ ғаллазореро дида, пурсид, ки соҳиби он кист? Гуфтанд, ки аз фалон орифи давр аст. Боз масофаеро тай карда, рӯбарӯяш галае намоён шуд. Суол кард, ки аз кист? Боз ҳамон посухро шунид. Аз канори рамае гузашт ва хост бифаҳмад, ки он ба кӣ тааллуқ дорад. Ба пурсишаш посух доданд, ки он рамаи орифест, ки ба зиёраташ рафта истодааст.
Вориди бозори шаҳр гашт ва маълумаш шуд, ки бозор ҳам моли он ориф мебошад. Шубҳа ба дилаш роҳ ёфт, ки ӯ чӣ гуна ориф буда метавонад, чун ин ҳама дороиро молик аст. Бо ин ҳама аз роҳ барнагашт. Ба худ гуфт, вақте рӯ ба рӯйи ориф мешавам, ба ӯ сухане мегӯям, ки ҳам омӯзанда бошаду ҳам корагар. Ориф ба пешвози ин мард, ки аз ҳолу нияташ огоҳ шуда буд, аз хона баромад. Он мард бо дуруштӣ изҳор дошт:
– На мард аст он кӣ дунё дӯст дорад.
Ориф бо нармӣ ва бадоҳатан посух дод:
– Агар дорад, барои дӯст дорад.
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
СМАРТФОНҲОИ ҚАЛБАКӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО ГИРИФТОРӢ БА ТЕЛЕФОН
Ширкати “Metaphone”-и ИМА ивазкунандаи смартфонро баровард, ки барои муолиҷаи гирифторӣ ба телефон ё раҳоӣ аз номофобия – тарси бе телефон мондан пешбинӣ шудааст.
Смартфони қалбакӣ аз шишаи акрилӣ сохта шуда, намешиканад. Онро дар ҷайб ҷойгир кардан мумкин аст, ки эҳсоси доштани телефонро ба вуҷуд меорад ва шуморо ором мекунад ва агар лозим бошад, метавон онро бароварда, мисли смартфони ҳақиқӣ ламс кард. Нархи он 20 доллари ИМА аст.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
ТУТ
Дарахти тут мавсимӣ буда, аз беҳтарин ғизо барои одамон маҳсуб мешавад. Тут на танҳо лазиз, балки фоидаи калон ба бунияи одамизод дорад. Меваи тутро ба таври тару хушк истеъмол мекунанд, аз он шириниҳо, инчунин, ҳалвоҳои гуногун, аз баргаш пилла, атласи бебаҳои шинаму зебо тайёр мекунанд.
Шакли хушккардашудаи тут нисбатан муфид буда, дорои витаминҳо, глюкоза ва сахарозаи зиёд мебошад. Мо метавонем, тавассути орд намудани шакли хушкшудаи тут ба низоми озуқавории мамлакат дигаргуниҳои зиёдеро, аз қабили пухтани кулчақандҳо ва дигар ғизоҳои қаннодӣ, ба вуҷуд орем.
Кароматулло ШОКИРЗОДА,
омӯзгори Академияи ВКД
МУҲАББАТИ ПАДАР ШИКАСТНОПАЗИР АСТ
Виктор Коэлла сокини 90-солаи амрикоиро барои бо суръати баланд рондани нақлиёт дар назди мактаб ба ҷавобгарӣ кашиданд.
Ҳангоми мурофиаи судӣ судя далели ин қоидаситезиро аз ӯ пурсид, ки чунин посух дод: «Ман дар давоми 90 соли умрам боре ҳам мошинро бо суръати баланд нарондаам. Ба истиснои ҳамон рӯз, ки сабаб дошт. Ҳафтае ду маротиба писари 63-солаамро, ки бемории саратон дорад ба беморхона мебарам. Дар навбати охир вазъи саломтиаш вазнин буд, маҷбур шудам суръатро биафзоям, то сари вақт ба беморхона расам».
Аз вазъи ҳоли падари 90-сола ашк дар чашмони судя ҳалқа зада, ӯро беҳтарин падар ва олитарин одами Амрико ном бурду мурофиаи судиро ба манифати Виктор қатъ кард.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
Футболбози уэлсии дастаи «Манчестер Юнайтед» Райан Гиггз ҳангоми бозӣ 134 маротиба иваз шудааст, ки нисбат ба ҳар футболбози Пример Лигаи Англия (ПЛА) бештар мебошад. Ӯ дар ПЛА 632 бозӣ анҷом дода, 109 гол задааст.
* * *
Златан Ибрагимович, футболбозӣ шведӣ, дар нуҳ клуби футболи ҳафт кишвари ҷаҳон ва ду қитъа бозӣ кардааст. Маъруфтарин дастаҳое, ки Златан дар онҳо ҳунарнамоӣ намудааст, клубҳои «Аякс» (Нидерланд), «Ювентус», «Интер», «Милан» (Италия), «Барселона» (Испания) ва «Манчестер Юнайтед» (Англия) мебошанд.
* * *
Гарет Бейл, футболбози дастаи «Тоттенҳем», соли 2013 дар бозӣ бо тими «Ливерпул» ба ҳама рӯйхатҳои протоколи ниҳоӣ шомил шуд. Ӯ дар ин бозӣ гол зад, партофти головар анҷом дод, як автоголро дар номаш сабт намуд ва корти зард низ гирифт.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ
4. Давлати африқоии Лесоторо "Шоҳигарӣ дар осмон" меноманд, зеро тамоми ҳудуди он аз сатҳи баҳр баландтар ҷойгир аст.
5. Дар 59 кишвар англисӣ яке аз забонҳои расмист. Забонҳои фаронсавӣ дар 29 ва арабӣ дар 26 давлат чунин мақом доранд.
6. Дар Чин намояндагони 50 миллат зиндагӣ мекунанд, ки урфу одат ва забонашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА
Санаи нашр: 23.05.2025 №: 103