“ИҚТИСОДИ САБЗ”. РУШДИ СОҲА ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ!

27 май 2025, Сешанбе
54
“Иқтисоди сабз” як навъи рушди иқтисодиест, ки бо муҳити зист ҳамоҳанг буда, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, тозагӣ ва коҳиши ифлоскуниро дар мадди аввал қарор медиҳад. Дар иқтисоди анъанавӣ рушд бисёр вақт ба харобиҳои табиат оварда мерасонад: буридани ҷангал, ифлосшавии обу ҳаво, партовҳои саноатӣ, вале «иқтисоди сабз» дар ҷустуҷӯи тавозун аст: ҳам рушд мекунем ва ҳам табиатро ҳифз менамоем.
Дар робита ба ин, Ҷамшед Солиҳов, коршиноси масоили иқтисодӣ, ба хабарнигори рӯзнома чунин гуфт: “Ҳадафи рушди “иқтисоди сабз”, пеш аз ҳама, паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим, ҳалли муаммоҳои бехатарии экологӣ ва ноил шудан ба рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад. Дар ин замина, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне “энергияи сабз”, татбиқи “иқтисоди сабз” дар саноаткунонии мамлакат ва принсипҳои “иқтисоди сабз” дар соҳаи кишоварзӣ, рушди “нақлиёти сабз” ва инфрасохтори ба он мутобиқ, амалисозии принсипҳои “иқтисоди сабз” дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, рушди сайёҳии экологӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
“Иқтисоди сабз” ин модели рушди иқтисодӣ аст, ки истифодаи самараноки захираҳои табииро таъмин карда, муҳити зистро муҳофизат менамояд. Дар замони тағйирёбии иқлим, хушксолиҳо ва камшавии захираҳои об, чунин тарзи рушд на танҳо мувофиқ, балки зарурист. Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳистон ва дорои захираҳои бузурги обу энергетика, ба ин масъала бетафовут нест. Тағйирёбии иқлим имрӯз яке аз хатарҳои ҷиддии глобалӣ шудааст ва ин давлатҳоро водор кардааст, ки тадбирҳои ҷиддӣ андешида, ба “рушди сабз” ва устувор рӯ биёранд.
Тавре Ҷамшед Солиҳов баён намуд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷонибдорони фаъоли қатъномаи Париж ба шумор меравад ва Барномаи миллии “кишвари сабз”-ро барои солҳои 2023-2027 қабул намудааст. Барномаи “кишвари сабз” ба коҳиши газҳои гулхонаӣ ва таъмини амнияти экологӣ мусоидати ҷиддӣ менамояд. Бояд гуфт, ки Барнома дар ду давра амалӣ мешавад. Тибқи нақша, дар давраи аввал, ки солҳои 2023-2025-ро дар бар мегирад, дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар 65 миллион дарахту буттаҳои ҳамешасабз шинонда мешаванд. Маблағи умумии Барнома 129 миллиону 875 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барои иҷрои давраи аввали он 67 миллиону 865 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки аз буҷети давлатӣ, маблағҳои озод ва маблағҳои шарикони рушд нигаронда шудааст. Бояд зикр кард, ки дар масъалаи обу иқлим ва пешгирии ҳолатҳои ногувори тағйирёбии иқлим бо сиёсати созанда ва ташаббускоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир як қатор қонун, барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳо вобаста ба масъалаи мазкур ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи экологӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маълумоти экологӣ”, инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилооти экологӣ”, Стратегияи миллии идоракунии офатҳои таббиӣ, Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ва ғайраҳо. Тибқи қонуну санадҳои зикргардида ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тамоми мақомотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ муваззаф гардидаанд, ки барои ҳифзи муҳити зист, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳал, шинондани ниҳолу дарахтҳо ва дигар амалҳои муҳиму созандаро ба анҷом расонанд”.
Бояд гуфт, ки барои амалӣ намудани “иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон бояд сармоягузорӣ дар “соҳаҳои сабз” афзоиш ёбад, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба роҳ монда шавад ва, ҳамзамон, маърифатнокии ҷомеа дар ин самт боло бурда шавад.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.05.2025 №: 104