ТИРМИЗ. БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА ҲАМКОРИҲОИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ҶАНУБӢ

28 май 2025, Чоршанбе
7
Чанде пеш дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон таҳти унвони “Барпо намудани фазои умумии амният, дӯстӣ ва рушд” ҳамоиш сурат гирифт. Дар он ҳудуди 200 нафар сиёсатмадорон, намояндагони доираҳои тиҷорату соҳибкорӣ ва коршиносони марказҳои таҳлилӣ ва тадқиқотии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, инчунин кишварҳои ИДМ, Аврупо, Амрико ва Шарқи Наздик ширкат намуданд.
Тавре директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элдор Арипов гуфт, баргузории чорабинӣ дар шаҳри Тирмиз маънои рамзӣ дорад, зеро ин шаҳр дар чорроҳаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, яъне дар “нуқтаи гиреҳ”-и иртиботи байниминтақавӣ ҷойгир аст. Инчунин, он аз қадим маркази муколамаи байни фарҳангҳо, тамаддунҳо ва динҳо мебошад. Дар ин ҷо анъанаҳои зардуштӣ, буддоӣ, насронӣ ва ислом ба вуҷуд омадаву инкишоф ёфтаанд.
Маҳз Тирмиз барои таҳкими робитаҳои байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат менамояд. Сохтмони мактаби тиҷоратии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои 250 донишҷӯ, ки таҳсил дар он ройгон ва бо забонҳои дарӣ, пашту ва англисӣ роҳандозӣ шудааст, барои Афғонистон кадрҳои лозима тайёр мекунад.
Гуфта шуд, ки соли 2016 хаби байналмилалии нақлиёту логистикаи “Termez Cargo Center” ба кор даромад ва он пайванди байни Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистонро таъмин мекунад. Он мусоидат намудааст, ки Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ ва UNHCR аз тариқи он ба Афғонистон кумакҳои башардӯстона мунтақил созанд. Ба таври мисол, аз соли 2021 то поёни соли 2024 тавассути терминали он 144 ҳазор тонна кумак, аз ҷумла ғизо, доруворӣ, хаймаҳо, чароғҳои офтобӣ ва дигар молҳои зарурӣ фиристода шуд.
Тавре коршиносони хориҷӣ дар нишасти Тирмиз эътироф намуданд, ба шарофати иродаи сиёсии раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, фазои эътимод, ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудааст. Иттиҳоди давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дидгоҳи умумии онҳо ба равандҳои ҳамбастагӣ барои густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ дурнамои навро боз намудааст. Махсусан он нукта зикр шуд, ки таҷрибаи Осиёи Марказӣ дар ҳалли мушкилоти минтақавӣ, бахусус, масъалаи сарҳади Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистон барои муътадил гардондани муносибатҳои байни Ҳиндустону Покистон, Исломобод ва Кобул ҳамчун таҷриба ва «намунаи қобили таваҷҷуҳ» қарор гирифта метавонад.
Ба гуфтаи ширкаткунандагон айни ҳол нишондиҳандаҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба имкониятҳои азиме, ки мавҷуд аст, мувофиқат намекунад. Аз ҷумла, гардиши мол миёни ду минтақа дар охири соли гузашта беш аз 5 миллиард долларро ташкил додааст, ки аз ҳаҷми умумии гардиши молии Осиёи Марказӣ бо Чин (95 миллиард доллар) ва Иттиҳоди Аврупо (55 миллиард доллар) ба маротиб камтар аст. Гузашта аз ин, соли 2024 ҳаҷми умумии савдои хориҷии кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ 1,4 триллион доллар ва кишварҳои Осиёи Марказӣ 253 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Аз ин лиҳоз, барои ба сатҳи сифатан нав баромадани ҳамкориҳои иқтисодӣ бояд расмиёти тиҷоратӣ боз ҳам содатар гардида, системаи бисёрҷонибаи долонҳои нақлиётӣ ташаккул ёбанд, системаи инфрасохтори энергетикӣ рушд дода шавад. Мушкили дигар он аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба баҳр дастрасӣ надоранд ва арзиши логистика нисбат ба дигар минтақаҳо баланд боқӣ мемонад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ диверсификатсияи хатсайрҳои тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва логистикӣ вазифаи аввалиндараҷа аст, ки ба рушди иқтисоди минтақа такон хоҳад дод. Дар ин замина, бояд ҳарчи зудтар лоиҳаи сохтмони долони Трансафғон амалӣ шавад. Он на танҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки барои Осиёи Ҷанубӣ низ аҳамияти стратегиро касб хоҳад кард. Он гоҳ роҳ ба бандарҳои уқёнуси Ҳинд фароҳам меояд, Осиёи Ҷанубиро бо бозорҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Чин ва Аврупо мепайвандад.
Мирасрор АҲРОРОВ, шаҳри Тошкент
Санаи нашр: 27.05.2025 №: 105