АБДУҶАББОР ҚАҲҲОРӢ. АЗ ОМӮЗГОРӢ ТО “ШАҲИДИ ЗИНДА”

28 май 2025, Чоршанбе
9
Шоири халқии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, собиқ корманди “Ҷумҳурият” соли 1924 ба дунё омад. Пас аз хатми Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом муддате омӯзгор буд. Ӯ аз соли 1940 ба майдони адабиёт ворид шуда, пйесаи нахустинаш "Қаҳрамони ҷавон"-ро муаррифӣ намуд ва гӯё худро руҳан ба ҷанги фашистон омода мекард. Соли 1942 ба ҳимояи Меҳан рафта, дар муҳорибаҳои шадиди назди шаҳри Орлови Россия ва дар озодкунии шаҳри Витебски Беларус мардонавор ҷангид.
Соли 1944 бо бардошти ҷароҳати вазнин ба зодгоҳаш баргашта, чун котиби масъули рӯзномаи ноҳиявӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Баргаштани худро ба хона дар қиссаи хурди “Асобағал” чунин тасвир мекунад: “Вақте ки ба дари ҳавлиамон расида, аз остонаи он ду асобағаламро пеш гузоштам, модарамро дидам, ки дар сари тағора нишаста, ҷомашӯӣ мекард. Ҷиянҳои хурдтараки ман Дилбар ва Сӯҳроб дар кунҷи ҳавлӣ саргарми бозӣ буданд. Падари онҳо пеш аз ман ба ҷанг рафта буд. Бехабар будам, ки язнаам дар ҷанг аст ё баргаштааст? Агар бармегашт, дар байни либосҳои шустаю ба тор овехта лоақал ягон куртаи ӯро медидам.
– Кист вай? Ҳавлии Зоҳиров дар он тараф, – гӯён модарам ба ман дари ҳамсояамонро ишора кард, Вай маро нашинохт. Гумон надошт, ки писараш бо асобағал бармегардад. Ногоҳ аз сари тағора хесту дар ҷояш шах шуд, баъд бо нидои «писарам!» ба сӯйи ман тохт ва оғӯш карда, аз чашму рӯям бӯсидан гирифт. Гиря кард, фарёд зад:
– Писарам! Ҷонакам! Азизакам!..
Аз чашмони модарам шашқатор ашк мерехт. Одатан барои мурдагон ин тавр мегирянд. Дар тааҷҷуб мондам. Ман, ки зинда баргаштаам, бояд хандаву сурур ва шодмониро медидам.
Ҳамсоязанҳо овози модарамро шунида, аз ҳавлиҳояшон тохта омаданд. Кӯдакони маҳалла ҳавлиро пур карданд...”.
Рӯзноманигор Мақсуди Ҳусайн ба Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ савол дода буд, ки кадом китобро ба ҷанг бурдааст? Шоир ин посухро медиҳад, ки басе ҷолиб аст: “Моҳи октябри соли 1942 ба фронт рафтам ва китоби “Намунаҳои адабиёти тоҷик”-ро ба ҷанг бурдам. Ҳар рӯз дар ҷангал фурсат, ки расид, китобро ба даст мегирифтам, одатан дар борхалтаи аскарон ғизо, дегча, чумча буд ва ман ба он боз “Намунаҳои адабиёти тоҷик”-ро илова намудам. Баъзан дар хандақ ё даруни блиндаж шашт-ҳафт рӯз интизори хасм менишастем, ё пас аз муҳориба моро ба ақибгоҳ мебурданд ва дар фурсати қулай китоб мехондам, шеър менавиштам. Аз асар бӯйи гуворои Меҳан меомад, дур аз ёру диёр ҳамроз бо Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш ва бузургони дигар будам ва руҳи поки аскарони адабиёт гӯё маро аз балову офатҳо раҳо мекард, он дар сармову гармо, рӯзҳои борон, андаруни бешаи андуҳ, лаби кӯлҳои сард ва ботлоқзорони Беларус ҳамрозу ҳамроҳ ва ҳамсафару таскинбахшам буд. Бо мурури солиён достоне навиштам бо номи “Шаҳиди зинда” ва дар он ин мисраъҳо ҳастанд:
Ба гармии тани худ кардамаш хушк,
Гар аз борону барфе бишуд тар.
Агар афтод он дар кӯлу дарё
Гирифтам дар кафи худ ҳамчу гавҳар.
Маро ӯ болу пар шуд, тоҷи сар шуд,
Маро андар зафарҳо ҳамсафар шуд!
Дар майдони разм борҳо захмӣ шудам ва ҳанӯз дар танам тирпораҳо ҳастанд ва вақте боре китоби “Намунаҳои адабиёти тоҷик” аз тири адӯ сӯрох гардид, гӯё Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Сино, Низомӣ, Восифӣ ва дигарон маҷруҳ шуданд. Моҳи марти соли чилу чорум аз ҷанг баргаштам бо бадани аз тир абгор ва ин “Шаҳиди зинда”-ро то имрӯз меҳрубонона эҳтиёт мекунам.”
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 28.05.2025 №: 106